logo

сиёсат

НАҚШИ ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ ДАР ТАЪРИХИ НАВИНИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН

Дар таърихи навини давлатдории тоҷикон Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи худро ҳамчун рӯйдоди тақдирсоз ва ҳалкунанда касб намудааст. Баргузории Иҷлосияи мазкур - ин оғози давраи наве дар таърихи навини тоҷикон, оғози марҳилаи воқеии расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ, таъмини сулҳу суботи миллӣ ва эҳёи рукнҳои давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад. Бо мурури замон, бо назардошти далелҳои нави созандагӣ ва аз лиҳози таҳлилӣ - илмӣ, агар ба таърихи даврони истиқлолият назар афканем, ба мо паҳлуҳои гуногуни ин Иҷлосияи таърихӣ равшану возеҳтар ҳувайдо мешаванд. Вале, пеш аз он ки ба ин масъала назар афканем, сабабҳо ва зарурати баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моҳияти онро бояд донем.

Дар нимаи дуюми солҳои 80 - уми асри ХХ дар натиҷаи сиёсати бозсозӣ ва ошкорбаёнӣ масъалаҳои мубрами сиёсати миллӣ, ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аён гардиданд. Масъалаҳои муносибатҳои байни миллатҳо ва дар дохили ҷумҳурӣ байни табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ яке аз сабабҳои сар задани муноқишаҳои Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Аз тарафи дигар, гуногунии тараққиёти ноҳамвори иқтисодиву фарҳангии минтақаҳои Тоҷикистон, инфрасохтори заифу муносибатҳои номукаммали  коммуникатсионӣ ва аз ҳам ҷудо будани минтақаҳо ва вилоятҳои Тоҷикистон ба сар задани муноқиша сабаб гардидаанд.
Пас аз ба даст овардани истиқлолият як қисми неруҳои сиёсӣ аз бетаҷрибагӣ ва кӯтоҳандешии худ эъмори як давлати дорои идеологияи ба мо бегонаро дастгирӣ менамуданд. Онҳо воқеъиятро ба назар нагирифтанд ва идеологияи пешниҳодкардаашон ба шароити пас аз шӯравии Тоҷикистон, ба анъана ва тафаккури аксарияти мардуми кишвар, равандҳои сиёсиву иҷтимоии он ҳеҷ мувофиқат намекард. Аз хотир бароварданд, ки низоми дунявии давлатдорӣ баробарии мафкураҳои гуногунро дар назди қонун кафолат дода, аз тарафи дигар имкон намедиҳад, ки хеҷ як мафкура худро идеологияи давлатӣ эълон намояд ва пайравони мафкураҳои дигарро зери фишор қарор диҳад.
Тоҷикистон он солҳо дар ҳолате қарор дошт, ки бар асари ҷанги шадиди таҳмилии шаҳрвандӣ ва муқовимати тӯлонии мусаллаҳона минтақаҳои алоҳидаи мамлакат дар оташи ҷанг сӯхтаву валангор, иқтисодиёти кишвар хароб ва фаъолияти сохтору мақомоти ҳокимияти давлатӣ пурра фалаҷ гардида буданд. Ҷомеаро буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва маданӣ фаро гирифта, касе намедонист, ки оянда кишвар ва мардумро чӣ интизор аст.
Дар чунин вазъияти буҳронӣ, аз ҷумла беҳокимиятиву бенизомӣ, мавҷудияти минбаъдаи Тоҷикистонро ҳамчун давлати ягона ва тозаистиқлол хатари ҷиддӣ таҳдид мекард ва касе дар он рӯзҳо масъулияти таъмини суботи ҷомеаро дар кишвар бар дӯш гирифтан намехост. Ҳол он ки соли 1991  дар интихоботи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 номзад  довталаб буд.
Мамлакат дар вазъияте қарор дошт, ки аз як сӯ сохтору мақомоти давлатӣ аз уҳдаи пешгирӣ кардани ҷанги бародаркуш ва аз вартаи буҳрони чуқури сиёсиву иҷтимоӣ раҳо намудани ҷомеа баромада наметавонистанд ва аз сӯи дигар, ба таъхир гузоштани ташкили мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла интихоби конститутсионии роҳбарияти нави сиёсӣ, оқибатҳои нобахшанда дошт. Аз ин рӯ, бояд иҷлосияи навбатии Шӯрои Олӣ баргузор мегардид ва фақат қарорҳои созандаи он метавонист ватанамонро наҷот диҳад. Ва инак, бо гузашти солҳо метавон гуфт, ки вакилони мардумӣ - иштирокчиёни Иҷлосияи XVI аз иҷрои ин вазифаи худ сарбаландона баромаданд.
Иҷлосия аз 16 ноябр то 2 декабр давом ёфта, дар кори он аз 222 вакил рӯзи якум 193 нафар, пас 197 нафар иштирок намуд ва дар он дар маҷмӯъ 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул гардид.
19 ноябри соли 1992 бо овоздиҳии пинҳонӣ вакили мардумӣ Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович бо тарафдории 186 овоз раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуданд.
Иқдомҳои муҳими давлатие, ки дар ин иҷлосия қабул карда шудаанд, аҳамияти онро ҳамчун рӯйдоди муҳими таърихӣ ва тақдирсоз дар таърихи навини давлатдории тоҷикон бештар менамоянд.
Имрӯз бо тамоми ифтихору итминон метавон гуфт, ки фарзанди шарифу меҳанпарвари тоҷик, Сарвари давлат, Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон рисолати таърихии худро дар назди миллат, Ватан ва таърих бо сарбаландӣ ба ҷо оварда, сулҳу суботи устувор ва заминаҳои мусоидро барои рушди миллат таъмин намуданд. Замона бо гузашти вақт, бо талошу муборизаҳои бешумор,  бо амалҳои зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ собит сохт, ки интихоби Сарвари давлатамон дар ин иҷлосия саривақтӣ ва таърихан дуруст мебошад.
Ҳамаи ин комёбиҳо нақши иҷлосияро дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон ҳамчун наҷотбахши давлат ҷовидона мегардонанд.

Ҷамшед Аҳмадзода,
раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.11.2017    №: 228-229    Мутолиа карданд: 815

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед