logo

мулоқотҳо

Сӯҳбатҳои судманди Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳилларӣ Клинтон, Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Акбар Турсон дар Нию Йорк

25 сентябр дар шаҳри Нию Йорк Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот намуда, ҳамчунин олими шинохтаи тоҷик Акбар Турсон ва як гурӯҳ ҳамватанони муқими Амрикоро ба ҳузур пазируфт.

Зимни сӯҳбат бо хонум Ҳилларӣ Клинтон маҷмӯи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Амрико мавриди баррасӣ қарор гирифт.
«Барои Тоҷикистон рушди равобити гуногунҷанба бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико авлавияти сиёсати хориҷиро ташкил медиҳад ва мо ба густариши бемайлони ин равобит ва васеъ гардонидани доираи ҳамкориҳо ҳавасманд ҳастем», изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳилларӣ Клинтон ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми намоёни кишвари мо дар мусоидат ба эътидолу субот дар Афғонистон арзи сипос намуд.
Аз сатҳ ва мазмуни ҳамкории сиёсӣ ва низомию амниятии Тоҷикистону Амрико, дар маҷмӯъ, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба манзури дар сафи пеши мубориза бо хатари паҳншавии терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир қарор доштанаш бояд аз кӯмакҳои бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ ва аз ҷумла давлати Амрико бархӯрдор бошад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон оид ба имкону захираҳои фаровони рушди ҳамкории иқтисодӣ, аз ҷумла баҳри мавриди истифода қарор додани иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон, бунёди бозори минтақавии нерӯи барқ, рушди нақлиёту коммуникатсия дар минтақа ва мусоидати фаъол ба барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.
Ҳар ду ҷониб ҳавасмандии устувори худро баҳри таҳким ва густариши минбаъдаи муносибатҳои мутақобилан судманд  таъкид намуданд.
Дар вохӯрии Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов масоили рушди минбаъдаи ҳамкорӣ, аз ҷумла баҳри дар амал татбиқ намудани санадҳои қаблан имзошуда гуфтугӯ сурат гирифт.
Сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва  Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов омодагӣ ва ҳавасмандии худро баҳри рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвар таъкид намуданд.
Масоили ҳамкорӣ баҳри бартараф намудани мушкилоти сунъӣ дар роҳи рушди робитаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ ва гардиши озоди шаҳрвандон ва молу хизматрасонӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ низ аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд.
Эмомалӣ Раҳмон ва  Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳамчунин оид ба масоили байналмилалӣ ва ҳамоҳангсозии мавқеи ду давлат дар ҳалли мушкилоти глобалӣ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.
Дар сӯҳбат бо олими намоёни тоҷик Акбар Турсон, ки чанд сол боз дар Амрико кору зиндагӣ дорад, оид ба рушди имрӯза ва дурнамои илму фарҳанг дар Тоҷикистон ва тарғибу ташвиқи арзишҳои олии тамаддуни тоҷикон дар ҷаҳон гуфтугӯйи пурмӯҳтаво сурат гирифт.
Акбар Турсон аз шунидани суханронии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва лафзи ширини тоҷикӣ аз минбари олии Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид изҳори сарфарозӣ намуда, Сардори давлатро бо комёбиҳои намоён дар татбиқи сиёсати дохилию хориҷӣ ва шиносондани шоистаи Тоҷикистон ба ҷаҳониён табрику таҳният гуфт.
Акбар Турсон ҳамчунин изҳор дошт, ки таассуроти неки имрӯз бардоштааш ба ӯ нерӯю тавони тоза ва илҳоми бештари эҷодӣ хоҳад бахшид.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ӯро ба ҳамкории бештар бо олимони дигари тоҷик ва иштироки фаъол дар ҳамоишҳои илмию фарҳангии Тоҷикистон, аз ҷумла чорабиниҳое, ки бо ташаббус ва дастгирии Ҳукумати мамлакат ба роҳ монда мешаванд, даъват намуд.
Ҳамин гуна сӯҳбати озоду ошкоро ва самимию дилнишин ҳамчунин миёни Сардори давлат   Эмомалӣ Раҳмон ва як гурӯҳ ҳамватанони мо, ки дар Амрико кору зиндагӣ мекунанд, сурат гирифт.
Хотиррасон бояд намуд, ки  ҳамаи онҳо, олими маъруфи тоҷик Акбар Турсон  ва беш аз 50 нафар ҳамватанони мо зимни суханронии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба толори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид даъват шуда буданд.
Онҳо низ аз   суханронии    Эмомалӣ Раҳмон, ки бо забони ноби тоҷикӣ сурат гирифт ва аз андешаю пешниҳодҳои дастгириёфтаи ӯ изҳори хушнудию сарфарозӣ намуданд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамватанони муқими  Амрико оид ба таҳкими робитаҳо миёни онҳо ва Тоҷикистон ва намояндагии шоиста аз Ватани азизи худ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 659

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед