logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИРЕНА СЕНДЛЕР. ЗАНЕ, КИ 2 500 КӮДАКРО НАҶОТ ДОД
Ҷанги дувуми ҷаҳон ба сари инсоният балоҳои азимеро овард. Дар садҳо конслагерҳои фашистон миллионҳо нафар ваҳшиёна ба қатл расонда мешуданд. Дар шаҳри Варшава чандин муассисаҳои «қатли ом» амал мекарданд. Корманди мунитсипалитети Варшава Ирена Сендлер, ки ҳуқуқи ба геттои фашистон даромаданро дошт,  аҳволи тоқатфарсои маҳбусонро бо чашми худ медид. Аз геттои Варшава ҳамарӯза садҳо маҳбусро ё ба конслагерҳои дигар мефиристоданд ё қатл мекарданд.
Аксари маҳбусонро оилаҳои алоҳида ташкил медоданд. Қатори волидонашон кӯдаконро низ ба марг маҳкум менамуданд. Дар ин ҳол, Ирена ҳамроҳи 9 ҳамшира ва кормандони дигари мунитсипалитет гурӯҳи махсусе таъсис дода, маҳбусонро бо маводи хӯрока ва доруворӣ таъмин менамуданд. Вале бо ин амалашон низ ҷони онҳоро аз марг раҳонда наметавонистанд. Бинобар ин, қарор доданд, ки ақаллан ҳаёти кӯдаконро аз чанголи марг наҷот диҳанд. Онҳо бо ҳар роҳ кӯдаконро аз гетто бароварда бо ном ва ҳуҷҷатҳои нав ба оилаҳои дигар месупурданд. Маълумоти аслии бачаҳо дар банкаҳои шишагине нигоҳ дошта мешуд, ки дар боғ гӯронда буданд.
Бачаҳои хурдтарро дар қуттиҳо бор карда бо мошини тиббӣ аз гетто мебароварданд. Дигаронашонро бо партов, тариқи қубурҳои обу корез ва нақбҳои махсуси барои ин кор кандашуда мебароварданд. Чандин тифли навзодро дар сумкаҳояшон ҷо карда аз «фабрикаи марг» баровардаанд.
Дар маҷмӯъ ба Ирена ва рафиқонаш муяссар мешавад, ки ҳаёти 2 500 кӯдакро наҷот диҳад. Ин хабар ба натсистон мерасад. Ирена Сендлерро дошта, лату кӯб ва ба марг маҳкум менамоянд. Вале ба рафиқонаш муяссар мешавад, ки ӯро пеш аз иҷрои ҳукми қатл гурезонанд. Рӯзи дигар исми ӯ дар қатори одамони қатлшуда интишор мешавад ва  Ирена то охири умраш (соли 2008) аз он афсӯс мехӯрд, ки натавонист умри чандин кӯдаки дигарро наҷот диҳад. Новобаста аз ин, мардуми дунё то имрӯз ба башардӯстии ӯ аҳсант мегӯянд.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА


ЁСУМАН. ИСТЕЪДОДИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
Ёсуман Исмонзода имрӯзҳо яке аз чеҳраҳои намоёни сомонаҳои иҷтимоӣ гаштааст. Гап дар сари он аст, ки 29 октябри соли ҷорӣ ӯ дар шоу - барномаи «Одамони аҷиб» (“Удивительные люди”), ки аз ҷониби Шабакаи телевизонии «Россия 1» омода мешавад, иштирок намуда, бо маҳорати ғайриодиаш ҳамаро ба ҳайрат гузошт.
Ёсуман дар навбати аввал муддати аз ду дақиқа камтар аз 100 шумораи даҳӣ ва садиро ҷамъу тарҳ кард. Дар санҷиши дувум шумораҳои зиёдеро, ки дар коғаз ва он ҳам баръакс навишта шуда буданд, дар зеҳнаш ҷамъу тарҳ карда, дар ниҳоят ҳосили умумашонро баровард. Аҳли толор бо шавқу шӯри беандоза аз истеъдоди духтари тоҷик истиқбол намуда, ҳама аз ҷо бархоста ба шарафи ӯ кафкӯбӣ карданд. Аъзои ҳакамон ангушти ҳайрат мегазиданд.
Ёдовар мешавем, ки Ёсуман Исмонзода хонандаи синфи 9 - и литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Бо ду бародараш - Абубакру Саид, инчунин, дар маркази таълимии Академияи ҳисоби зеҳнии  «Империя знаний” - и шаҳри Душанбе муддати як сол мешавад, ки ба омӯзиши масъалаҳои гуногуни арифметикӣ машғул мебошанд.
Т. ИҲРОМОВ


НИЯТИ ХАЙРИ ДУЗД
Моҳи августи соли 1911 аз Лувр, яке аз машҳуртарин осорхонаҳои дунё, ки дар Париж ҷойгир аст, шоҳасари Леонардо да Винчи – «Мона Лиза» рабуда шуд. Барои ҷустуҷӯи шоҳасар полиси кишвар ба по хест.  Дуздида шудани шоҳасар аз осорхона на танҳо миёни мардуми ин кишвар, балки дар бисёр мамлакатҳои ҳамсоя сарусадои зиёдеро ба миён овард ва ин ҳодиса баъдтар машҳуртарин дуздии асри ХХ номида шуд.
Расмро бомаҳораттарин муфаттишон ҷустуҷӯ карданд. Гумонбарон зиёд буданд. Муфаттишон ҳатто  аз рассом Пабло Пикассо ва шоир Гийом Аполлинер  гумонбар буданд.
«Мона Лиза» баъди  ним соли ҷустуҷӯ аз Флоренсия ёфт шуд. Исбот карда шуд, ки дузд корманди қаблии осорхона наққош  Винченсео Перуджиаи италянӣ будааст. Тавре айён гардид, барои дуздидани асар заҳмати зиёд накашидааст.  Ӯ дар яке аз ҷевонҳои осорхона пинҳон шуда, баъди анҷоми кор, шабона асарро аз осорхона ба берун  баровардааст. Баъди ҷустуҷӯи нимсола,  бисёриҳо гумон доштанд, ки дуздро ҷазои сахт интизор аст. Аммо ин тавр нашуд. Суд ба дузд ҳукми сабук эълон кард. Зеро Винченсео мехост бо ҳар роҳе, ки бошад, «Мона Лиза» - ро ба ватани таърихиаш баргардонад. 
 Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ


ЯК КИТОБХОНАИ АҶИБ
Китобхонаи шаҳри Канзас – ситии ИМА дарҳои худро ба рӯи хонандагон ҳанӯз соли 1873 боз намуда буд. Бо гузашти вақт шумораи китобҳо ва китобдӯстон зиёд гардид. Аз ин сабаб соли 2004 китобхонаи миллӣ Канзасро ба бинои бекорхобидаи бонки миллӣ кӯчонданд. Бинои мазкур соли 1904 бунёд ёфта буд. Барои таъмиру таҷдиди он давоми ду сол 50 миллион доллар сарф гардид. Шаҳрдорӣ қарор дод, ки атрофи онро бо девори баланд, ки шакли рафи китобҳоро дошта бошад, иҳота намояд. Баландии ҳар як ҷилди китоб 8 метр ва паҳнояш 2 метрро ташкил дода, дар ин девор зиёда аз 20 номгӯи китоб паҳлуи ҳам саф кашидаанд. Ин рафи бузурги китобҳоро ҷилди шоҳасарҳои адибони бузурги олам, ба монанди Марк Твен, Габриел Гарсиа Лорка, Френк Бауи ва дигарон оро дода, диққати сайёҳони ҷаҳонро ба худ ҷалб менамояд.
 Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ЯК ЭРОД БА СТАЛИН
Аз хотираҳои яке аз муҳофизони Сталин А.Рибин аст, ки мегӯяд. Сталинро дар сафарҳояш бештар Туков ҳамчун муҳофиз ҳамроҳӣ мекард. Ӯ одати аҷибе дошт: ҳамин ки дар назди ронанда менишаст, пинак мерафт. Яке аз узвҳои Бюрои сиёсӣ, ки Сталинро ҳамроҳӣ мекард, ин ҳолатро дида, эрод мегирад:
– Рафиқ Сталин, ман намефаҳмам, Туков шуморо муҳофизат мекунад ё шумо ӯро?
– Хоб рафтани муҳофизи ман дарди бахайр аст, боз таппончаашро, ҳар чӣ шуданаш мумкин гуфта, дар кисаам мемонад,- мегӯяд Сталин.
Таҳияи М. ОДИНАЕВА


ҶАВОБИ ҲАКИМОНА
Марде назди ҳамсараш омада, роз кушод:
- Намедонам, чӣ кори хубе анҷом додам, ки фариштае наздам омад ва гуфт, ки чӣ орзуе дорӣ, то фардо баровардааш созам.
Зан гуфт:
- Мо тӯли 16 сол мешавад, ки бо ҳам ба сар мебарем, вале то ҳол фарзанде надорем. Орзуи фарзанд бикун.
Мард ба назди модараш рафта, қиссаро нақл кард.
Модар гуфт:
- Ту медонӣ, ки солҳост чашмони ман камнур гаштаанду сахт азоб дорам, орзу кун то чашмонам шифо ёбанд.
Мард барои маслиҳат назди падар рафт.
Қиблагоҳаш гуфт:
- Солҳост, ки корҳоям бебароранду қарздорам, аз фаришта пул биталаб.
Мард ба фикр фурӯ рафт ва намедонист хостаи кадоме аз азизонашро талаб кунад. Ҳамсар, модар ва ё падар. Баъди андешаи тӯлонӣ субҳ назди фаришта рафту гуфт:
- Орзу дорам, ки модарам фарзандамро дар гаҳвораи тиллоӣ бубинад.
Таҳияи Қурбон АҲМАДЗОД


МУАЛЛИФОНИ ҒАЙРИОДӢ
Муаллифи аз ҳама хурдсол Доротии амрикоист, ки ҳангоми шашсолагиаш китоби «Одам чӣ сон офарида шуд» - ро аз нашр баровард. Куҳансолтарин муаллифи ҷаҳон, ки китобаш ҳамчун рекорди Гиннес эътироф шудааст, Эллис Поллони англис аст. Китоби охирини ӯ "Чеҳраҳои ҷавони беназири ман" соли 1971, ҳангоми 102-солаю 8 моҳа буданаш, интишор ёфт.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


"НАБАРД" -И ЛАКЛАК БО ҲАВОПАЙМО
Ҳавопаймои бомбаандози F - 35I, ки насли панҷуми қиркунандаҳои Қувваҳои ҳарбию ҳавоии Исроил ба ҳисоб меравад, дар вақти машғулияти навбатӣ бо ду лак-лак бархӯрда, аз кор баромад.
Дар баёноти намояндаи Вазорати мудофиаи Исроил гуфта мешавад, ки ба ҳавопаймо зарари ҷиддӣ нарасидааст. Ба сарнишинони бомбаандоз  даст дод, ки онро муваффақона фуруд оранд. 
 Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ


БОЙТАРИН РЭПСАРО
Шон Комбс, рэпсарои амрикоӣ, ки бо тахаллуси Diddy ҳунарнамоӣ мекунад, дар садри рейтинги бойтарин репсароёни дунё қарор дорад.
Дороии Комбс 820 миллион долларро ташкил медиҳад. Ӯ панҷ соли охир пайи ҳам мақоми аввали рейтинги рэпсароёни гаронарзишро ба худ ихтисос кардааст. Шон Комбс 47 сол дошта, ғайр аз ҳунармандӣ соҳиби бренди маъруфи либосҳои Sean John  (аз бренди Ciroc) ва шабакаи Revolt TV мебошад.
Дар мақоми дувуми рейтинг Шон Кори Картер маъруф бо Jay Z қарор дорад. Ӯ аз Комбс ҳамагӣ 10 миллион доллар камтар пул доштааст. Картер соҳиби ширкати Rjc Nation мебошад, ки ба таҳияи мусиқӣ, кино ва барномаҳои телевизионӣ машғул аст. Ин ширкат масъули баргузории консетрҳо буда, дар Лондон, Ню –Йорк ва Лос Анҷелес намояндагӣ дорад.
Ҷои сеюми ин раддабандӣ бо 740 миллион доллар насиби Андре Ромелл Янг ё Dr Dre гардидааст. Дар мақоми чорум Брайан Уилямс  маъруф бо Birdman бо 110 миллион ва дар зинаи панҷум Обри Грем - Drake бо 90 миллион доллар қарор доранд.
Маҷаллаи Forbes ҳангоми таҳияи ин раддабандӣ даромади рэпсароён, фурӯши албом, мавод ва созишномаҳои таблиғотии онҳоро ба назар гирифтааст.
Таҳияи Лашкар ШАРИФ


TEODORA КАЛОНТАРИН ЗУМУРРАД
Зумурради калонтарин, ки 11,5 килограмм вазн дорад (57 700 карат), дар яке аз музоядаҳои дар Колумбия баргузоргардида фурӯхта шуд. Нархи он 1,15 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Соҳиби ин ганҷина Рейган Рейни ҷавоҳиршинос гардид.
Санги калонтарин, ки ҳаҷман тарбузро мемонад - Теодор (Teodora) ном дорад. Онро аз кони воқеъ дар Бразилия ёфта буданд. Барои коркард ва тоза намудан, пасон онро ба Ҳиндустон бурдаанд. Аммо мутахассисони ҷавоҳиршинос зумурради Теодорро, зумурради тоза намеҳисобанд, зеро баъзе норасоиҳо доштааст. Санг якранг нест, балки аз чор се ҳиссаи онро ранги сафед пӯшонидааст.
Барои нархгузорӣ низ мутахассисон мушкилӣ кашиданд. Зеро Теодор то ҳадде калон аст, ки дохилашро санҷида намешавад. Бо эҳтимолияти қавӣ ранги сабз на ҳамаи зумуррадро пӯшонидааст, балки қабати болоии он мебошад. То ҳол барои муайян намудани нархи он ба хулосаи аниқ наомадаанд.
Дар соҳаи фурӯши сангҳои қиматбаҳо низ ҳолатҳои аҷиб рух медиҳад. Санги қиматбаҳои бузургҷуссаро баъди харидорӣ соҳиби наваш Рейган Рейни дар музоядаи Канада бо нархи ибтидоии 1,15 миллион доллари амрикоӣ ба фурӯш мегузорад. Аммо то ба савдо гузоштан, Рейганро барои қаллобӣ ҳабс мекунанд. Дар натиҷа зумуррадро аз музояда мебардоранд.
Зумуррадҳои калони зиёде то ҳол ба «Китоби рекордҳои Гиннес» шомил карда шудаанд.  Бузургтарини онҳо то коркард 28 килограмм вазн дошт. Он ҳам аз конҳои Бразилия ёфта шудааст. То ин дам зумурради бузургҷуссаи коркардшуда 7,5 килограммро ташкил медод. Онро низ аз Бразилия дарёфт намуда, соли 1973 дар ярмаркаи савдои сангҳои қиматбаҳо ба фурӯш бароварданд. Соҳиби он миллиардер аз Ливан Салим ал - Авар шуд.
Таҳияи Шаҳбоз АБРОР


МУЪҶИЗАИ МИСР
Дар Миср, дар наздикии шаҳри Қоҳира, бути бузурге қомат афрохтааст. Вай аз ду ним миллион дона сангпора сохта шуда, қариб ҳафт миллион тонна вазн дорад. Ин муъҷизапирамида оромгоҳи фиръавн Хеопс мебошад, зеро ҳамин тавр таъкид намудаанд бостоншиносон…
Меъморе, ки тарҳи онро кашидааст, олими риёзӣ, геолог ва кайҳоншинос будааст. Пирамида аз тарафи ӯ бо ба ҳисоб гирифтани ҳамаи тарафҳои кураи Замин аниқ сохта шудааст. Оё дониши мукаммали ин математик аз таҷриба ҳосил шуда буд ё мисриёни қадим ҳанӯз пеш аз Архимеду Пифагор илми риёзиро аъло медонистанд? Ин ба мо маълум нест.
Асрори пирамидаи Хеопс дар тӯли асрҳои зиёд диққати аҳли илму адаб ва ашхоси дӯстдори моҷароҳоро ба худ мекашад. Барои чӣ пирамидаро сохтаанд? Оё мазор аст он? Аммо дар роҳраву деворҳояш, толору таҳхонаҳо ва дахмаҳояш ягон мумиёи ҷасади фиръавне ё матни номае ёфт нашудаанд. Мегӯянд, ки ин пирамида ҳеҷ гоҳ оромгоҳ набудааст. Бисёр олимон барои ҳақиқат кардани ҳамин ақида санад меҷӯянд. 
Роҳибони мисрӣ дар асри V то милод ба таърихдони Юнони Қадим Ҳеродот иттилоъ додаанд, ки пирамидаро фиръавн Хуфу (Хеопс) сохтааст: «Хеопс, чӣ тавре ки онҳо гуфтаанд, 50 сол ҳукм рондааст ва баъди марги вай тахтро бародари ӯ Хефрен соҳиб мешавад. Ӯ 56 сол шоҳ буд, вай ҳам пирамидае бунёд намудааст, аммо хурдтар. Баъд ба тахт писари Хеопс Микерин нишаст. Вай ҳам аз худ пирамидае ба мерос гузошт».
Дар дохили пирамидаҳо чӣ бошад? Кӯшиши ворид гардидан ба дохили пирамида  аз солҳои пайдоишаш будааст. Дар асри IX ҳокими Миср Алмаъмун фармон дод, ки аз кунҷи шимолии пирамида нақб кананд. Коргарон зуд ба яке аз роҳравҳои дохилӣ роҳ ёфтанд. Ба онҳо муяссар шуд, ки ба дахмаи фиръавн, ки аз саркофаги (гӯри) бесарпӯш иборат буд, қадам гузоранд. Ҳамчунин ҳолат ба бостоншиноси итолиёвӣ Ҷованни Белсонӣ низ рӯй дод. Вай соли 1818 дар пирамидаи Хефрен (Хафри) дахмаеро кашф намуд, ки саркофаги мармарии сайқалёфтааш холӣ ва сарпӯшаш шикаставу дар бараш мехобид.
Солҳои 30 – юми асри XIX диққати полковники бритонӣ Говард Вайзро асрори пирамидаҳо ба худ кашиданд. Вай ба гурӯҳи бостоншинос Ҷованни Кавиҷо, ки пирамидаи Хеопсро таҳқиқ мекард, ҳамроҳ шуд. Баъди чанд вақт полковник аз ҳукуматдорони Миср иҷозат барои кофтуков гирифту итолиёвиро пеш кард. Говард бо роҳи таркондан дахмаеро ёфт, ки барои дигар ҷӯяндагони Хеопс номаълум буд. Дар деворҳои ин хонаи дохили пирамида бо ранги сурх исми фиръавн Хеопс сабт шуда буд…
Хабари ҳангомаомез зуд тамоми дунёро фаро гирифт. Полковник Вайз соҳиби шуҳрату эътироф гашт. Аммо бо гузашти вақт сирри дурӯғгӯӣ баромад. Мутахассиси забонҳои қадим Захария Сичин исбот намуд, ки полковник иероглифҳои қадимаи мисрии соли 1828 нашршударо истифода бурда, номи Хеопсро дар девор худаш навистааст. Вале Вайз кашфиётҳои илмии дигар ҳам дошт. Ӯ соли 1837 оромгоҳи фиръавн Менкаурро дар пирамидаи сеюм кушод, аммо саркофаг чун ҳарвақта холӣ буд. 
Мисршиносон бар он ақидаанд, ки оромгоҳҳои пирамидаҳо ҳанӯз соли 2000 - ум пеш аз милод ғорат шудаанд, аммо боз нуқтаи назари дигар ҳам ҳаст. Мегӯянд, ки оромгоҳҳои асосии фиръавнҳо дар мағзи сангҳои бузург ё дар дахмаҳои дастнорас маҳфузанд ва то ҳанӯз кушода нашудаанд, он оромгоҳҳое, ки саркофагашон шикаста шудаанд, барои ба чашми ғоратгарон хок пошидан аст. Роҳибони Мисри Қадим ба Ҳеродот гуфта будаанд: «Обе, ки бо шохоби сунъӣ ҷорӣ мешавад, ҷазирае сохтааст ва дар он Хеопс гӯронда шудааст». Мисршиносон то ҳол дар ҳайратанд, ки дар биёбон об аз куҷо омада бошад? Ақидае ҳаст, ки аз дарёи Нил канале канда ба зери пирамидаҳо оварда бошанд.
Соли 1954 дар доманаи пирамидаи Хеопс иншооти зеризаминие кашф шуд. Бостоншиносон сафинае ёфтанд, ки синнаш ба 5000 сол мерасид ва гуфтанд, ки ин киштии фиръавн Хеопс мебошад. Вале имрӯз дар атрофи пирамидаҳо андешаҳо боз ҳам афзудаанд. Масалан, «каромотпеша» Кейси гуфтааст, ки ҳайкали сфинкс – абулҳавл (ҳайкали сангини шери хобида, ки сараш сари одам барин сохта шудааст), 10500 сол пеш аз кайҳон оварда шудааст. Ҳамин тавр, асрори пирамидаҳо то ҳол пурра кашф нашудаанд.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


БОЗИИ ҒАЙРИАМАЛИИ ВАРЗИШӢ ДАР ХОККЕЙ БО ТӮБ
Дар таърихи хоккей бо тӯб дар Русия ва ҷаҳон ҳодисаи фавқулодаи ғайриинтизор ба вуқӯъ пайваст. Дастаҳои «Водник» (Архангелск) ва «Байкал-Энергия» (Иркутск) дар чемпионати мамлакат бо ҳам зӯр озмуданд. То дақиқаи 68-уми дидор ҳарифон ба дарвозаи ҳамдигар гол зада натавонистан. Пас аз он дар тактикаи бозӣ  комилан дигаргунӣ ба вуҷуд омад, ки ҳамаро ба ҳайрат гузошт.
Хоккейбозони ҳар ду даста ба дарвозаи хеш 20 гол заданд. Аҷибаш ин аст, ки Олег Пивоваров аз дастаи «Водник» 11 маротиб тӯбро вориди дарвозаи худ намуд.
Чунин амалро хоккейбозон барои пирӯз нагардидан ва ба марҳилаи плей-офф бо дастаи  пурзӯр, чемпиони Русия – «Енисей» (Красноярск) рақобат накардан, анҷом доданд.
Ин гуна муносибати шармсоронаро Кумитаи назорату интизомии Федератсияи хоккей бо тӯби Русия мавриди баррасӣ қарор дод ва сармураббии «Водник» Игор Гапановичро ба муддати 2,5 сол аз фаъолияти сармураббигӣ барканор ва дастаро ба маблағи 300 ҳазор рубл ҷарима намуд. Сармураббии «Байкал-Энергия» ва дастаи номбурда низ бо ҳамин гуна ҷарима муҷозот шуданд. Ин бозӣ бо натиҷа 9:11 бар фоидаи «Байкал-Энергия» ба анҷом расид, вале онро федератсия ба ҳисоб нагирифт.
Дидори дастаҳо аз нав ба кор гирифта шуд ва бо ҳисоби 4:3 бар нафъи «Байкал-Энергия» анҷом пазируфт.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.11.2017    №: 230    Мутолиа карданд: 847

18.12.2017


СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТӢ. САФИ ҶАВОНОНИ ЛОИҚ МЕАФЗОЯД

Созмони тоҷикони Қирғизистон беҳтарин ҷамъияти милливу фарҳангӣ эътироф гардид

ВАНҶ. Таҷдиду азнавсозии муассисаҳои тандурустӣ

Ҷаҳон дар як сатр

16.12.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Вохӯрии Қоҳир Расулзода ва Ҳонӣ Фавзӣ ал - Мулкӣ

Баргузории ҷаласаи 28 - уми Шӯрои банақшагирии минтақавии СҲИ

Ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб

Ҷаҳон дар як сатр

14.12.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Биналӣ Йилдирим

Рушду равнақи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон

Ибодулло Машраб – барандаи Ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»

Дар Ёвон коргоҳи меваю сабзавот ба истифода дода шуд

Бунёди боғи интенсивӣ дар Тоҷикобод

Ҷаҳон дар як сатр

Зангҳои бардурӯғ

ИМА маблағгузории СММ – ро 250 миллион доллар кам карданист

Фаронса истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳо манъ менамояд

Бори нахуст дар эстафетаи олимпӣ робот иштирок намуд

Варзиш

11.12.2017


Баррасии масоили ҳифзи амнияти иттилоотӣ

Вохӯрии Музаффар Ҳусейнзода ва Дан Некулаеску

Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор

Баргузории форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

«Сафирони забони русӣ» ба Тоҷикистон омаданд

Дар Осло Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд

Сарвазири Ироқ: «Ҷанг алайҳи «ДИ» анҷом ёфт»

СММ: «Ҳаҷми ҷаҳонии порагирӣ 1 триллион долларро ташкил медиҳад»

Фарбеҳтарин зани дунё 400 кило вазн партофт

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед