logo

ҳуқуқ

МИЛИТСИЯ НЕРУИ МУҚТАДИР ВА БОЭЪТИМОД

Дар даврони соҳибистиқлолӣ сохторҳои қудратии кишвар, бахусус мақомоти корҳои дохилӣ,  фаъолияташонро дар ростои дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳифзи манфиатҳои ҷомеаву давлат, мубориза алайҳи ҷинояткориву қонуншиканиҳо, ошкорсозиву баррасии онҳо, муборизаи қатъӣ бар зидди ҷиноятҳои хатарноки муосир, мисли терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, ҷудоихоҳӣ, харидуфурӯши одамон, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромиллӣ, равона намудаанд. Пайомади ҳамин саъю талошҳои шабонарӯзист, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдату якпорчагии миллӣ ва рӯҳияи созандагию бунёдкорӣ ҳукмфармост.
Бо назардошти хизматҳои шоиста, махсусан, барои шуҷоату мардонагӣ ва содиқона иҷро намудани уҳдадорию вазифаҳои хизматӣ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон садҳо нафар кормандони милитсия бо ордену медал ва рутбаҳои олии ҳарбӣ сарфароз гардонда шуданд.
Ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар арафаи Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва Рӯзи дониш бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, яке аз намунаҳои дастгирии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ барои пешрафти ин соҳа мебошад. Сарвари давлат онро туҳфаи беҳтарини Президенти кишвар ба курсантҳои ин боргоҳи илм арзёбӣ намуда, зикр сохтанд, ки Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ба сифати муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар тарбияи кадрҳои баландихтисос барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ саҳми назаррас дошта, кормандону хатмкардагони он дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини волоияти қонун ва таҳкими сулҳу суботи кишварамон фидокорона заҳмат кашида, ба Ватан ва халқи Тоҷикистон содиқона хизмат карда истодаанд.
Дар доираи таҷлил аз 23 - юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябр, бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Сарвари давлат ифтитоҳи ин иншооти замонавиро барои кормандони раёсати кофтукови ҷиноятӣ туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат арзёбӣ карда, онҳоро ба хизмати содиқона бар нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳамкориҳои Вазорати корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти марбутаи кишварҳои хориҷии дуру наздик тақвият ёфт. Ин ниҳод ҳамчун узви як қатор созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили Шӯрои вазирони корҳои дохилии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, бюрои Интерпол ва  Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар ҳалли масъалаҳои муҳими сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ мавқеи хосса дорад.
Афзудани эътимоду боварии мардум ба мақомоти корҳои дохилӣ ва робитаи бештари онҳо бо милитсия аз он шаҳодат медиҳад, ки шаҳрвандон дар симои кормандони милитсия ҳимоятгари ҳуқуқу озодӣ, моликият ва суботу оромиро дар ҷомеа дида, ҳамкории худро бо ин ниҳод бештару беҳтар менамоянд.                 
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.11.2017    №: 230    Мутолиа карданд: 1032

14.12.2018


Масъалаи густариши ҳамкориҳо матраҳ гашт

Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Машварати сиёсии Тоҷикистону Олмон

Лукашенко: «Бозори Россия барои Беларус якумрӣ кифоят мекунад»

Вазири олмонӣ таҳримоти нави зиддирусиро нахост

Дар Сурия беш аз 30 ҳазор манзилро барқарор намуданд

Таҷлили 90-солагии нависандаи зиндаёд Чингиз Айтматов дар Қирғизистон

Ҷаҳон дар як сатр

Як вохӯрии муҳим

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард

Қазоқистон 50 номгӯи маҳсулотро ба содирот баровард

Дабири кулли СММ: «Лағви шартномаи Париж «худкушист»

Голикова: «Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамагӣ 1,4 миллион нафар мондаанд»

Дар Қирғизистон домоди қотил 20 сол зиндонӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

12.12.2018


Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Лю Бин

Таҳкими ҳамкориҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Таъсиси шӯрои рушди маориф

Қазоқистон калонтарин дар ИДМ неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Дар Қирғизистон ба волидони кӯдакони маъюб маош таъйин мекунанд

Чин ваъдаи кам кардани боҷ ба автомобилҳои амрикоиро баҷо меорад

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТӢ. Тоҷикистон 6 медали тилло ба даст овард

РОҲ БА СӮИ ТОКИО. Ҷаласаи машваратӣ бо федератсияҳои варзишӣ

ХУҶАНД. Бунёди 5 иншооти нав

МУЪМИНОБОД. "Якарча" ба кор даромад

СММ: “Аз коррупсия иқтисоди ҷаҳонӣ соле 2,6 триллион доллар талаф медиҳад”

Дар Стокголм ҷоизаҳои Нобел барои соли 2018 супурда шуданд

Катрунгалос: «Муносиботи мо бо Россия самимитар гашт»

Дар Қазоқистон нархи яклухти барқ ва газро паст мекунанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед