logo

иқтисод

НУРОБОД. ДАСТОВАРДҲО НАЗАРРАСАНД

Даврони соҳибистиқлолии кишвар дар ноҳияи Нуробод соҳаҳои хоҷагии халқ рӯ ба рушд оварда, маркази он -  Дарбанд дар муддати кӯтоҳ ба шаҳраки замонавӣ табдил ёфт. Соли равон барои сокинони ноҳия соли бозёфту дастовардҳо буд. Хабарнигори «Ҷумҳурият» бо раиси ноҳия Дӯстзода Ҳасан перомуни дастовардҳои ноҳия дар нуҳ моҳи соли равон суҳбати муфассал дошт, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагони рӯзнома мегардонем:
- Мехостам суҳбатамон  аз рушд ва дастовардҳои соҳаи асосии ноҳия, яъне кишоварзӣ, оғоз гардад.
- Бо мақсади  татбиқи барномаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 - 2020 дар ноҳия  соли равон 15 гектар боғи нав бунёд гардида, 7 гектар боғи куҳна барқарор шуд.  Барои ҶДММ “Пайванд”, ки нақша дорад дар ноҳия боғҳои интенсивӣ бунёд намояд, 40 гектар замин ҷудо карда шуд. Имсол 6 гектарашро истифода бурданд, яъне дар шаш гектар боғи интенсивӣ бунёд гардид.
Кишоварзон дар 4568 гектар замини корам 1849 гектар ғалла, 866 гектар картошка, 200 гектар сабзавот, 174 гектар зироатҳои техникӣ, 1479 гектар зироатҳои хӯроки чорво кошта, 1250 тонна ғалла, 6934,6 тонна картошка, 94,3 тонна зироатҳои техникӣ, 200,7 тонна сабзавот, 502,4 тонна мева истеҳсол намуданд.

- Дастовардҳо дар соҳаи маориф чӣ гунаанд?
- Баланд бардоштани кори таълиму тарбия ва сатҳи дониши насли наврас дар муассисаҳои таълимӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҳисоб рафта, дар ин самт корҳои зиёде ба сомон расонда шудаанд.
Соли 2017 аз 614 нафар хатмкунандаи синфи 11-ум 283 нафарашон аз қайди Маркази миллии тестӣ гузашта, 158 нафари онҳо унвони донишҷӯро соҳиб ва 22 нафар тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои олии кишвар дохил шудаанд.
Ҳоло дар ноҳия 84  муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 23  муассисаи  таҳсилоти умумии ибтидоӣ,  20  муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 41 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (аз ҷумла 1  мактаб – интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим) фаъолият менамояд, ки дар онҳо 16302 нафар хонандагон (аз ҷумла 7714 нафар духтарон) ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Рӯз ба рӯз базаи моддиву техникии соҳаи маориф мукаммал гашта, иштироки хонандагони ноҳия дар озмуну олимпиадаҳои минтақавию ҷумҳуриявӣ беҳтар мегардад.      
Айни ҳол, дар риштаҳои гуногуни  муассисаҳои таҳсилоти олӣ 822 нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия таҳсил намуда истодаанд.
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 - 2015» то имрӯз пурра иҷро гардидааст.

- Тавре маълум аст, тандурустӣ аз соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ маҳсуб меёбад. Дар ин самт  чӣ тадбирҳо мавриди амал қарор гирифтанд? 
- Дар ҳудуди ноҳия 45 муассиса дар самти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла беморхонаи марказӣ, маркази саломатии ноҳиявӣ, 5 маркази саломатӣ дар деҳот, 5 беморхонаи минтақавӣ, хадамоти санитарӣ - эпидемологӣ, 31 бунгоҳи саломатӣ, 2 дорухонаи давлатӣ ва  10  дорухонаи шахсӣ фаъолият доранд.
Дар муассисаҳои тиббии ноҳия 220 нафар коркунони миёнаи тиб ва 45 табиби дорои маълумоти олӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ шуъбаи ёрии таъҷилӣ ба 2 718 нафар бемор хизмат расондааст. Аз ин шумора 1303 бемор дар шуъбаҳо табобат гирифта, ба 1415 бемор ёрии амбулаторӣ расонда шуд.
5 нақлиёти санитарӣ дар ҳолати корӣ қарор дошта, 5 адади дигар таъмирталаб мебошанд. Аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ ба беморхона мошини тамғаи “Хундай старекс” туҳфа карда шуд.

- Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 аз ҷониби Пешвои муаззамамон боиси рӯҳбаландии ҷавонон гардид...    
- 33 дарсади аҳолии ноҳияро ҷавонон ташкил медиҳанд. Бо мақсади амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” ва рушди соҳаи варзиш дар ноҳия тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардидаанд. Дар ноҳия 1 варзишгоҳ барои  5000 ҷойи нишаст, 73 майдончаи варзиш, 7 толор ва 3 иншооти махсуси варзишӣ фаъолият доранд.
Ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва махсусан бо тантана гусел намудани ихтиёриён ба сафи артиши миллӣ соли равон кормандони бахши ҷавонон, комиссариати ҳарбӣ, дар якҷоягӣ бо раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва собиқадорони ҷангу меҳнат вохӯрию ҷамъомадҳои тантанавии оммавӣ гузаронданд. Дар сатҳи баланд таҷлил гардидани як қатор ҷашну чорабиниҳо аз омодагӣ ва масъулияти баланди кормандони ин соҳаи фарҳанг ва бахши ҷавонони ноҳия дарак медиҳад.

- Бунёди шаҳраки Дарбанд таҳти назорати ҳамешагии Роҳбари давлат қарор дорад. Имсол корҳои сохтмону меъморӣ дар ноҳия то чӣ андоза вусъат ёфтанд?
- Ҳарчанд мушкилот дар соҳаи сохтмону ободонӣ вуҷуд дошта бошад ҳам,  сохтмони бинову иншооти ҳаётан муҳим вобаста ба имконияту шароити дастдода ҷараён дорад. Дар нуҳ моҳи соли 2017 тибқи нақша барои корҳои сохтмону ободонӣ аз тамоми сарчашмаҳои маблағгузорӣ 30 миллиону 653 ҳазору 122 сомонӣ пешбинӣ шудааст. То имрӯз  ба маблағи 16 миллиону 44 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО-и Роғун», 3 миллиону 604 ҳазору 800 сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва вазорату кумитаҳо, 1 миллиону 390 ҳазору 894 сомонӣ аз ҳисоби сармояи хориҷӣ ва 2 миллиону 797 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ, дар маҷмӯъ 23 миллиону 916 ҳазору 694 сомонӣ (баробари 78 дарсади нақша) корҳои сохтмонӣ иҷро гардидаанд.
Инчунин, аз тарафи шуъбаи сохтмони асосии назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия сохтмони 4 иншоот ба маблағи 1330 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз танҳо барои сохтмони толори маҷлисгоҳ барои 350 ҷойи нишаст дар шаҳраки Дарбанд ба маблағи 527, 8 ҳазор сомонӣ ва сохтмони муассисаи таҳсилоти ибтидои деҳаи Кумбак ба маблағи 78, 4 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмону васлгарӣ ба сомон расидаанд.
Боварии комил дорем, ки мардуми заҳматпешаи ноҳия бо меҳнати софдилона бо мақсади расидан ба ҳадафу ниятҳои нек дар оянда саъйу талош намуда, барои пешрафт ва ободу зебо гардидани ватани азизамон саҳми арзанда  мегузоранд ва ҷашни 25 -  солагии Иҷлосияи таърихии 16 – уми Шӯрои Олии Тоҷикистонро бо дастовардҳои тозаи меҳнатӣ истиқбол мегиранд.
 Мусоҳиб Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.11.2017    №: 230    Мутолиа карданд: 816

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед