logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОҒОЗИ ЯК ҚАТОР ЛОИҲАҲОРО АСОС ГУЗОШТАНД

9 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияҳои Исмоили Сомонии пойтахт ва Варзоб бо лоиҳаҳои бунёди терминали муосири нақлиётӣ, азнавсозии кӯли Варзоб, сохтмони корхонаи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Дуои модар” ва корҳои созандагӣ дар мавзеи “Сафеддара” шинос шуда, барои оғози лоиҳаҳо асос гузоштанд.
Нахуст дар маҳали сохтмони терминали нақлиётӣ, ки идомаи бунёди терминалҳои муосири нақлиёти мусофиркашу боркашонӣ мебошад, Сарвари давлат бо мавзеи бунёд ва тарҳи лоиҳаи он шинос шуданд.
Терминали нақлиётӣ дар қисми шимолии шаҳри Душанбе дар масоҳати умумии 5, 80 гектар ба нақша гирифта шуда, дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар самти ғарбии шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд - Чаноқ, назди соҳили дарёи Варзоб ва чорроҳаи Чорбоғ бунёд хоҳад гашт.
Маблағи умумии корҳои сохтмонии терминали мазкур 7,5 миллион сомониро ташкил дода, он аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Тоҷиквнештранс” бунёд карда мешавад. Лоиҳаи терминали муосир аз ҷониби мутахассисони Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Меъморӣ ва шаҳрсозӣ” таҳия шудааст. Пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор додани он 60 нафар сокини шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи кори доимӣ мегардад.
Дар ин терминал анборҳои нигоҳдории молу маҳсулот, таваққуфгоҳҳо барои воситаҳои нақлиёти боркаш ва мусофиркаш, меҳмонхона, маркази логистикӣ, нуқтаҳои савдо ва дигар марказҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла, маркази таъмири воситаҳои нақлиёт ва дигар инфрасохтори зарурӣ бо тамоми шароити зарурӣ барои ронандагону мусофирон ва меҳмонон аз дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат фароҳам оварда мешаванд.
Соли 2014 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷалби сармояи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Тоҷиквнештранс” дар ҳудуди шаҳри Душанбе терминали байналмилалӣ ифтитоҳ гардида буд. Зимни ифтитоҳи он Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватандӯст дастур дода буданд, ки шумораи чунин терминалҳои муосири ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ дар қаламрави ҷумҳурӣ зиёд карда шаванд. Бо мақсади дар амал татбиқ кардани ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат, соли ҷорӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Тоҷиквнештранс” дар атрофи дарвозаи даромадгоҳи ҷанубии шоҳроҳи Душанбе - Қӯрғонтеппа терминали байниминтақавӣ сохта ва ба истифода дода шуд.
Ҳадаф аз бунёди терминал дар қисми шимолии шаҳри Душанбе ба як низоми муайян даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаш ва мусофиркаш, ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт, халалдор нагаштани будубоши сокинони маҳалҳои гирду атроф ва меҳмонон, инчунин, таъмини амнияти Маркази барқу гармидиҳии Душанбе мебошад. Аз дигар ҷиҳат, бунёди терминали замонавӣ ба даромадгоҳи пойтахт ҳусну таровати тоза зам менамояд.
Минбаъд низ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо иштироки соҳибкорон, ба хотири ба низоми муайян даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаш ва мусофиркаш бунёди чунин иншооти замонавиро идома медиҳад.
Сарвари давлат зимни шиносоӣ бо лоиҳа ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Варзоб дастур доданд, ки қад - қади шоҳроҳ аз ду тараф ниҳолҳои ҳамешасабз шинонда, ба тозагии муҳити зист аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд.
Мавриди зикри хос аст, ки терминал дар заминҳои бекорхобидаю партовгоҳ бунёд мешавад. Соҳибкорон мақсад доранд бо сохтмони иншоот ин ҷойи вайронаю харобазорро ба як мавзеи зебову дилнишин табдил диҳанд. Баъди шиносоӣ бо тарҳи лоиҳаи бунёди терминали нақлиётӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон баҳои баланд доданд.
Сипас, дар маҳали дигари ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо лоиҳаҳои азнавсозии кӯли Варзоб ва бунёди корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ шинос шуданд.
Бо мақсади ободу зебо намудани кӯчаву хиёбонҳо, гулгаштҳо, иншооти истироҳатию фароғатӣ ва дигар марказҳои фарҳангӣ, инчунин, фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинону меҳмонон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо соҳибкорони ватанӣ тасмим гирифтанд, ки кӯли Варзоб, воқеъ дар шафати шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд - Чаноқро дар назди соҳили дарёи Варзоб азнавсозӣ намоянд.
Маблағи корҳои бозсозӣ дар кӯл 9 миллион сомониро ташкил дода, пас аз пурра ба анҷом расидани корҳои азнавсозӣ 80 нафар сокин бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешавад. Майдони умумии ҳавзи шиноварӣ 158 ҳазору 787 метри мураббаъ мебошад.
Дар атрофи кӯл барои кӯдакону наврасон ва калонсолон ҷойҳои махсуси дилхушӣ, аквапарк, майдончаҳои футбол, волейбол ва дигар марказҳо бунёд мегарданд. Барои истироҳати хуши калонсолон дар кӯл нақлиёти обӣ - гидросиклҳо ва катамаранҳо истифода бурда мешаванд. Таваққуфгоҳ барои 500 воситаи нақлиёт сохта шуда, роҳравҳои атрофи кӯл асфалтпӯш карда мешаванд.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, бо лоиҳаи бунёди коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ шинос шуданд.
Ҳаҷми умумии маблағи сохтмону муҷаҳҳазгардонии корхона бо техникаҳои муосири истеҳсолӣ дар маҷмӯъ 12 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар коргоҳи нав зиёда аз 40 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мешавад.
Мақсад аз бунёди коргоҳи саноатӣ - рушди соҳаи  саноат, раванди  саноатикунонии мамлакат, афзун  намудани ҳаҷми  истеҳсоли  маҳсулоти сохтмонию саноатии ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корию беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.
Дар  коргоҳ   намудҳои   гуногуни  маҳсулоти  сохтмонию саноатӣ, аз қабили газоблок, асфалт, бетон ва хишт истеҳсол карда мешаванд. Иқтидори солонаи коргоҳи истеҳсоли газоблок 30 миллион хишт мебошад. Иқтидори хати бетонӣ 30 метри мукааб, таҷҳизоти худгарди майдакунӣ 50 -100 тонна дар як соат ва корхонаи асфалтбарорӣ 48 тонна дар як соатро ташкил медиҳад.
 Худи ҳамин рӯз дар ноҳияи Варзоб Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Дуои модар» шинос шуданд.
Мавриди зикр аст, ки истироҳатгоҳ бо сарфи 10 миллион сомонӣ маблағҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафеддара» бунёд мешавад. Тибқи лоиҳаи нақшаи сохтмонию меъморӣ дар ҳудуди истироҳатгоҳ меҳмонхонаи бисёрошёна бо 120 ҷойи хоб бунёд мешавад. Меҳмонхона аз ошхона, тарабхона, толори варзишӣ, толори маҷлис, ҳаммом ва ғайра иборат буда, дар саҳни ҳавлӣ ва лаби дарё ҳавзи оббозӣ ва айвонҳои кушод сохта хоҳанд шуд.
Инчунин, дар ҳудуди истироҳатгоҳ таваққуфгоҳ барои воситаҳои нақлиёт сохта шуда, дар гирду атроф ва ҳудуди он шинондани дарахтону буттаҳо ва гулҳои зебои ороишӣ ба нақша гирифта шудааст.
Бунёди чунин истироҳатгоҳ ва ташкили инфрасохтори замонавӣ дар он ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат дар роҳи рушди соҳаи туризм ва ҷалби шумораи бештари сайёҳон ба мамлакат такони ҷиддӣ бахшида, ба рушди иқтисодиёти миллӣ ва таъсиси 50 ҷойи нави корӣ мусоидат хоҳад кард.
Ҳудуди замини ин истироҳатгоҳ, ки дар яке аз мавзеъҳои зебоманзари ҷумҳуриамон - ноҳияи Варзоб ҷойгир аст, қабл аз ба тавозуни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сафеддара” гузаштан, дар ҳолати харобу валангор қарор дошт. Соҳили дарёи Варзоб, ки дар шафати ин истироҳатгоҳ мебошад, дар вазъияти хатарнок ва садамавӣ қарор дошт ва аз лиҳози бехатарӣ ба талабот ҷавобгӯ набуд.
Дар Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафеддара» бошад, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни идомаи корҳои созандагӣ шинос шуданд. Дар ин мавзеи зебову дилнишини ноҳияи Варзоб 28 декабри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафеддара» - ро расман ифтитоҳ карда буданд. Ҳамон вақт Сарвари давлат ба корҳои сохтмонии баанҷомрасида баҳои баланд дода, ҷиҳати идома додани тадбирҳои созандагӣ ба масъулин дастуру ҳидоятҳои нав доданд.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли ҷорӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафеддара» як қатор иншооти иловагӣ дар ҳудуди маҷмаа сохта шуда, бунёди дигар биноҳо идома дорад.
Соли ҷорӣ дар ин ҷо майдони бозии пейнтбол, майдончаи варзиш, зиплайн, баги ва майдони аспсаворӣ сохта шуда, барои қабули дӯстдорони ин намудҳои варзиш омода мебошанд.
Роҳи автомобилгарди Пуғус – Такоб - Сафеддара, ки бинобар боришоти зиёди борон ва барф дар ҳолати ногувор қарор мегирад, пайваста дар маркази таваҷҷуҳи ҷамъият қарор дорад ва дар он корҳои васеъкунию ҳамворсозӣ ба таври доимӣ ба амал бароварда мешаванд.
Соли ҷорӣ ҷиҳати татбиқи корҳои сохтмонӣ, ташкили инфрасохтори иловагӣ ва намудҳои нави варзиш аз ҷониби ҷамъият дар ин маҷмаа 6, 5 миллион сомонӣ маблағ сарф гардидааст. Дар ҳудуди маҷмааи лижаронии “Сафеддара” барои моҳидорон ҳавз бо 2 ҳазор гулмоҳӣ сохта шудааст. Меҳмонон метавонанд бевосита худашон аз ҳавз моҳӣ дошта, дар ҳамин ҷо онро пазанд.
Оянда тибқи нақша илова ба иншооти мавҷуда роҳбарияти маҷмааи лижаронии “Сафеддара” ба нақша гирифтааст, ки дар ин мавзеъ аттраксион барои бозиҳои арғамчинӣ, коттеҷҳои дуошёнаи истиқоматӣ, аспхона ва боғи ҳайвонот бо парандаву ҳайвонҳои нодири хонагию ваҳшӣ, аз қабили уштур, хирс, бузи кӯҳӣ, қутос, навъҳои гуногуни сагҳо, рӯбоҳ, шағол, паланг, шер, кенгуру, маймунҳои мухталиф, шутурмурғ ва ғайра сохта ба истифода диҳад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорони ватандӯст дар ободу зебо гардондани ин минтақаи дорои табиати нотакрори диёр баҳои баланд дода, ба масъулини соҳа дастур доданд, ки барои дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани ин мавзеи навбунёд, ҷалби бештари доираи сайёҳону меҳмонон, тарғибу ташвиқи намудҳои варзиши зимистона дар байни аҳолии мамлакат, ба сатҳи байналмилалӣ баровардани хизматрасонӣ дар меҳмонхонаҳо, тарабхона, марказҳои савдо ва иҷораи лавозимоти варзишию барфбозӣ, майдонҳои лижаронию барфгардӣ ва роҳҳои танобӣ тадбирҳо андешанд.
Супориш дода шуд, ки бо сохтмони 5 километр роҳ хати лижаронӣ то ба баландии 3100 метр аз сатҳи баҳр бароварда шуда, имсол ба масофаи 12 километр ва солҳои оянда то ба 20 километр дарозу васеъ карда шавад, то ин ки дар ин ҷо имкони баргузории чорабиниҳои варзишии зимистонаи сатҳи байналмилалӣ муҳайё гардад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сафеддара” дастур доданд, ки ба хотири ба як мавзеи зебову дилкаш табдил додани маҷмаа дар ҳудуди он гулу буттаҳо ва дарахтони гуногуни ороишию сояафкан шинонанд.
Мавриди зикр аст, ки аз рӯзҳои нахустини ба тавозуни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сафеддара” гузаштани ин мавзеъ ҳар як ваҷаб замини он самаранок истифода карда мешавад. Пеш аз ҳама, роҳҳои ин маҳал пурра таъмир карда шуда, ҳаракати нақлиёт ва рафтуомади мардум дар ҳама фасли сол таъмин гардид. Дар заминҳое, ки барои майдонҳои варзишӣ ва лижаронӣ истифода намешаванд, масъулин дарахтони гуногун шинонда, зироатҳо кишт мекунанд. Аз ҳама асос, аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сафеддара” бо бунёди иншооти гуногуни истироҳатию фароғатӣ ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфтаанд, ки барои амалӣ кардани сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар саҳми арзанда мегузорад. 
Бояд гуфт, ки ҳамаи иншооти муҳиме, ки имрӯз аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёдашон асос гузошта шуд, барои рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва варзиши кишвар дар минтақаи туристии Варзоб аҳамияти муҳим доранд. Баробари сохтмони иншооти номбаршуда, боз садҳо ҷойи нави корӣ таъсис меёбанд, ки дар самти таъмини аҳолӣ бо кори доимӣ мусоидат менамоянд. Ҳамчунин, иншооти бунёдшаванда бо тарҳи муосир сохта шуда, сатҳи хизматрасонӣ ба сокинони мамлакат ва меҳмонони хориҷӣ беҳтар мегардад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.11.2017    №: 230    Мутолиа карданд: 898

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед