logo

иқтисод

РАШТ. САТҲИ ЗИНДАГӢ БОЛО МЕРАВАД

Тавре Шарифзода Ҳамдулло,  муовини раиси ноҳияи Рашт, дар суҳбат ба хабарнигори рӯзнома иттилоъ дод, дар ноҳия корҳои созандагию бунёдкорӣ бомаром ҷараён дошта, таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти худӣ нисбат ба солҳои қаблӣ ба маротиб афзудааст. Вазъи бозори истеъмолӣ низ мунтазам муътадил нигоҳ дошта мешавад.

Дар ноҳия дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот 390 миллиону 901 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 миллиону 566 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба зиёда аз 200 миллион сомонӣ ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 36 миллиону 491 ҳазор сомонӣ расид. Ин ҷо саҳми корхонаҳои истеҳсолӣ хеле назаррас аст. Корхонаи ордбарории шаҳраки Ғарм, КВД «Чевар – 2014», «Бону – 2014» ва КВД «Зуҳал» нисбат ба соли гузашта зиёд маҳсулот истеҳсол карданд. Аз ин ҳисоб қисми даромади буҷети маҳаллӣ 101,3 фоиз иҷро гардида, ба ҷойи 12 миллиону 764 ҳазор сомонии ба нақша гирифташуда, ба буҷет 12 миллиону 930  ҳазору 467 сомонӣ, яъне 165 ҳазору 533 сомонӣ зиёд маблағ ворид шуд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба рушди соҳаи иҷтимоӣ, хусусан соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фарҳанг таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар ин самт беш аз 35 миллион сомонӣ маблағ равона гардид, ки 86,5 дарсади хароҷоти буҷети маҳаллӣ мебошад.
Ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия 1263 нафар шаҳрванд муроҷиат кардааст. Аз ин 532 нафар ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуда,  235 нафар дар заминаи филиали Маркази таълими калонсолон ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ҷалб гардиданд. Ғайр аз ин, 32 нафар ҷавондухтарони бекор ва занони хонашин дар ду гурӯҳ барои омӯхтани касби адрасбофии дастӣ аз тарафи КВД «Чевар - 2014» дар маркази ноҳия ва дар Ҷамоати деҳоти Қалъанак ба омӯзиш фаро гирифта шуданд.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар ноҳия, дар маҷмӯъ 357 нафар ба ҷойи кори доимӣ ва 575 нафар ба корҳои мавсимӣ таъмин гардидаанд.
 Сатҳи зиндагии сокинони ноҳия аз ҳисоби аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобида кӯчондани аҳолӣ низ беҳтар гардида истодааст. Тибқи нақша соли ҷорӣ 15 оила барои истиқомати доимӣ ба деҳоти Ясмани ноҳия ва 10 оила ба  ноҳияи Лахш бояд сафарбар карда шавад. Бо қарори раиси ноҳия аз 12 июни соли 2017, № 354 барои 15 оила дар Ҷамоати деҳоти Ясман замин ҷудо карда шуда, сохтмони хонаҳои истиқоматӣ идома дорад. Рӯйхат ва ҳуҷҷатҳои 10 оилаи дигар ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш пешниҳод карда шуданд. Аллакай 5 оила соҳиби қитъаи замин гашта, 5 оилаи дигар дар рӯзҳои наздик бо замини наздиҳавлигӣ таъмин мегардад. Дар доираи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кӯчондани муҳоҷирони экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 - 2020» низ бо қарори раиси ноҳия ба 5 оилаи муҳоҷири экологии ноҳия қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шудааст.
- Итминони комил дорем, ки бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саъю талошҳои мардуми  меҳнатқарини  ноҳияи Рашт соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ боз ҳам рушд меёбанд ва барои зиндагии шоистаи аҳолӣ шароити созгор меояд, - гуфт дар хотимаи суҳбат Шарифзода Ҳамдулло.
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.11.2017    №: 231    Мутолиа карданд: 713

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Футболбозони навраси тоҷик дар финал

04.10.2018


Анҷоми озмуни. “Маҳалла ва ташкилоти беҳтарин” дар Бохтар

КОНИБОДОМ. Деҳқонон ғолиби мусобиқа

Баргузории фестивали “Оши палов”

ТАНДУРУСТӢ. Назорат пурзӯр мешавад

Як мулоқоти муҳим

НБО - и "РОҒУН". Корҳои сохтмонӣ вусъат мегиранд

Сафари варзишгарони тоҷик ба Буэнос - Айрес

ТОҶИКОБОД. 31 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед