logo

мулоқотҳо

Гуфтугӯйи Эмомалӣ Раҳмон бо Ричард Ҳолбрук дар Нию Йорк

23 сентябр  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Созмони Милали Муттаҳид намояндаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Афғонистон ва Покистон Ричард Ҳолбрукро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Амрико оид ба Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ шуданд.
Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки барои барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон «таҳкими пояҳои иҷтимоии ҳукумати кишвар ва эҳтироми манфиатҳои ҳамаи қавму миллатҳо ва ҷунбишҳои сиёсии он бисёр муҳим аст».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин аз шиддат гирифтани вазъи ҳарбӣ-сиёсии Афғонистон ва афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз ин кишвар  изҳори нигаронӣ карда, таъкид дошт, ки «дар Афғонистон бояд артиш ва хусусан полиси воқеан қобили амал ташкил ёбад, то тадриҷан тавонанд масъулияти амнияти кишварро ба ӯҳдаи худ бигиранд».
«Ҳамчунин ба эҳёи иқтисодии кишвар бояд таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намуд, то мардуми Афғонистон ба рӯзгори ободи беҷанг ва бидуни маводи мухаддир боварӣ пайдо намоянд», афзуд Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ва изҳор дошт, ки «Тоҷикистон омода аст чун кишвари ҳаммарз ва ҳамзабони мардуми Афғонистон дар бар-қарорсозии иқтисодиёти он саҳми намоёни худро гузорад».
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 602

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед