logo

сиёсат

ИҶЛОСИЯИ ХVI ВА ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

- Маҳз ба шарофати рӯйдоди  муҳими таърихӣ -  Иҷлосияи  ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тавонистем аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи  ҳокимиятро  дар кишварамон барқарор  гардонда, пояи Истиқлолияти  давлатиро қавӣ намоем. Муҳимтар аз ҳама, дар Ватани  азизамон Ваҳдати  миллӣ, суботи  сиёсиву иҷтимоӣ ва  фазои  озоди бунёдкориву  созандагӣ фароҳам оварда шуд, - зикр гардид зимни баргузории конференсияи  ҷумҳуриявии  «Нақши таърихии  Иҷлосияи ХVI  Шӯрои Олии Ҷумҳури Тоҷикистон дар рушди минбаъдаи кишвар».
Конференсия дар Академияи илмҳои кишвар баргузор шуд. Дар кори он як қатор  олимон, муҳаққиқону  коршиносон ширкат ва суханронӣ намуда, нақши  Иҷлосияи ХVI – ро дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон, истиқлолият ва ташаккули ҳувияти миллӣ созгор арзёбӣ намуданд.
Фарҳод Раҳимӣ, президенти акдемия, гуфт, ки: «Муҳимтарин дастоварди Иҷлосияи ХVI  Шӯрои Олӣ он буд, ки шахсияти миллию мардумиро  дар симои Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи роҳбари таърихӣ овард ва  ин марди майдони сиёсат ба рӯҳи қавии  миллӣ на  танҳо вазъро  ба эътидол оварда, созиши миллиро дар сатҳи миллӣ таъмин намуд, балки дар эъмори давлат, таҳкими  Истиқлолияти  давлатӣ ва  сиёсати  миллӣ дар арсаи байналмилалӣ саҳми сазовор гузошт».
Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  масъалаҳои  рушди  иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, таъкид намуд: «Аз нахустин рӯзҳои ба сари ҳокимият омадани  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  ҳуҷҷату қарорҳои  Иҷлосияи ХVI  масъалаи сулҳ, барҳам задани ҷанги бемаънии бародаркуш ба таври ҷиддӣ ба миён гузошта шуд. Ҳамин тавр, Пешвои миллат дар фаъолияти худ барои ба сулҳу салоҳ овардани  мардуми кишвар  корҳои муассир анҷом доданд, ки натиҷаи он расидан ба сулҳу оштӣ ва ваҳдати миллӣ гардид».
Коршиносон, ҳамчунин, таъкид намуданд, ки дар кори  Иҷлосияи ХVI бобати ҳалли маҷмӯи  проблемаҳои  ҷомеаи оташгирифта ва роҳу усулҳои ба эътидол овардани  вазъияти мамлакат 74 санади ҳуқуқӣ қабул гардид. Ин санадҳо барои солҳои минбаъда барномаи мукаммал маҳсуб  меёфтанд. Зеро дар  партави иҷлосияи мазкур ва такя ба  Истиқлолияти  давлатӣ рушди имрӯзу фардои  кишвар ба чунин  дастур эҳтиёҷ дошт.
Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми кишвар мактаби  бузурги ҳаёт  ва сабақи  нотакрори  давлату  давлатдорӣ, марҳилаи ибратомӯзи  расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, як  қадами ҷиддии рӯ  овардан ба  нақшаҳои азими  офарандагӣ  гардид.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.11.2017    №: 231    Мутолиа карданд: 777

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед