logo

ҳуқуқ

ЯК НИШАСТИ МУҲИМ

Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ буда, дар он таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ кафолат дода шудааст. Дар шароити афзоиши таҳдидҳо ба амнияти одамон, ки аз буҳрони молиявӣ - иқтисодӣ, офатҳои экологӣ, ҷараёни муҳоҷират, терроризми байналмилалӣ, экстремизми динӣ ва амсоли он бармеоянд, маҳз ба волоияти қонун бояд таваҷҷуҳи хос зоҳир гардад. Бе таъмини волоияти қонун баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аз имкон берун аст.
Ин матлабро Шоҳмурод Рустам, вазири адлияи кишвар, дар форуми сеюми  миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бахшида ба 23-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Китобхонаи миллӣ баргузор гардид, баён намуд. Зикр шуд, ки ҳадафи асосии ҳамоиш муайян намудани мушкилот ва душвориҳое мебошад, ки барои таҳкими волоияти қонун дар Тоҷикистон монеа эҷод мекунанд. Ҷустуҷӯи муштараки роҳҳо тавассути табодули таҷриба ва муҳокимаи озод, таҳияи тавсия - пешниҳодҳои мушаххас ҷиҳати беҳтарсозии волоияти қонун ва ба ҳамин васила таъмини баробарии шаҳрвандон дар назди қонун аз ҷумлаи масоили дигари мавриди баҳс буданд.
Дар форуми сеюми миллӣ, ки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Вазорати адлия, Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, вазорату идораҳои дахлдор, ҳуқуқшиносон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори омма ҳузур доштанд,  мавзӯъҳои вобаста ба сиёсати ҳуқуқии давлат ва рушди қонунгузории миллӣ, дастрасӣ ба адолати судӣ ҳамчун кафолати конститутсионии ҳифзи ҳуқуқи инсон, ҳуқуқ ва иқтисодиёт - таъмини волоияти ҳуқуқ ва шароити мусоиди корӣ, сиёсати ҷиноятӣ ва мурофиавӣ - ҷиноятии ҷумҳурӣ, ҳуқуқи инсон дар самти Ҳадафҳои рушди устувор мавриди таҳлили амиқ ва баррасӣ қарор гирифтанд.
Маҳмадалӣ Ватанзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, тазаккур дод, ки роҳбарияти олии кишвар ба масъалаҳои таъмини қонуният, волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамояд. Дастовардҳое, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар самти таҳкими волоияти қонун ба даст овардем, маҳз аз қабули Конститутсия сарчашма мегиранд. Зеро ин санади олии ҳуқуқӣ бори нахуст ҳуқуқбунёдии давлатро эълон дошт, ки яке аз унсурҳои асосии он волоияти қонун ба шумор меравад. Мавсуф оид ба зарурати таҳия ва пешниҳоди Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 ибрози назар намуда, таъкид кард, ки ҳадафи асосии он дастрасии мақсадҳои конститутсионӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон буда, ба таҳкими минбаъдаи ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳифзи соҳибихтиёрии кишвар, таъмини асосҳои ҳуқуқии ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, рушди фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, тавсеаи низоми ҳуқуқии миллӣ, инчунин, танзими самараноки муносибатҳои ҷамъиятӣ такони ҷиддӣ мебахшад.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.11.2017    №: 231    Мутолиа карданд: 976

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Футболбозони навраси тоҷик дар финал

04.10.2018


Анҷоми озмуни. “Маҳалла ва ташкилоти беҳтарин” дар Бохтар

КОНИБОДОМ. Деҳқонон ғолиби мусобиқа

Баргузории фестивали “Оши палов”

ТАНДУРУСТӢ. Назорат пурзӯр мешавад

Як мулоқоти муҳим

НБО - и "РОҒУН". Корҳои сохтмонӣ вусъат мегиранд

Сафари варзишгарони тоҷик ба Буэнос - Айрес

ТОҶИКОБОД. 31 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед