logo

сиёсат

ХОРИҚАИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Воқеаҳои таърихии солҳои 1991-1992, ки бо омилҳои дохилӣ ва берунии дар натиҷаи чораҳои мушаххаси баъзе давлатҳои исломӣ ҷиҳати густариши таъсири хеш дар харобаҳои собиқ империяи Шӯравӣ амиқгардида  асос ёфтаанд, ибтидои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон маҳсуб меёбанд.

Оғози бесарусомониҳо дар аввалин солҳои соҳибистиқлолӣ ва роҳандозии намоишҳои эътирозӣ дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе ба фалаҷ шудани ҳокимияти давлатӣ оварда расонданд. Ҷустуҷӯи василаҳои баҳамоӣ бо роҳи таъсиси шаклҳои гуногуни ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва гуфтушунидҳои намояндагони неруҳои даргир натиҷаи дилхоҳ надоданд. Баъд аз гуфтушунидҳои тӯлонӣ миёни гурӯҳҳои гуногуни муқобилияткунанда, ташкилотҳои ҷамъиятӣ - сиёсӣ ва ҷамоаҳои динӣ - фарҳангӣ ҳалли тақдири таърихии кишвар ба уҳдаи Шӯрои Олии ҷумҳурӣ гузошта шуд.
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори худро дар шароити набудани роҳбари давлат оғоз кард.
Имкониятҳо ва махсусиятҳои характери роҳбарони сиёсии давраи оғози ҷанги шаҳрвандӣ, солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ ва давраи Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳлил ва баҳогузорӣ намуда, ба хулосае омадан мумкин аст, ки интихоби вакилони халқӣ дар моҳи ноябри соли 1992 ба вазифаи роҳбари парламент ва давлат – бошуурона ва қонунӣ буда, аз мантиқи таърих бармеомад.
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбари нави давлатро интихоб кард. Ба ин вазифа Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид. Сарвари нави мамлакат, ки дар оилаи деҳқон ба воя расида буд, мактаби меҳнати ҷисмонӣ ва хизмати ҳарбии сесоларо дар сафи қувваҳои ҳарбӣ – баҳрии уқёнуси Ором гузашта, таҷрибаи бои зиндагӣ дошт.
Эмомалӣ Раҳмон тамоми хусусиятҳои беҳтарини роҳбари давлатро дар ҳалли масоили сиёсати дохилӣ зоҳир карда, ҳамчун дипломати соҳибтаҷриба дар саҳнаи сиёсати хориҷӣ баромад намуд. Ӯ сиёсатмадори дурбин ва донои масъалаҳо ва роҳҳои ҳалли вазифаҳои аграрӣ, саноатӣ, энергетикӣ, иҷтимоӣ на танҳо  дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, балки дар сатҳи ҳавзаи Осиёи Миёна аст.
Барои Пешвои мамлакат махсусан давраи аз моҳи декабри соли 1992 то моҳи ноябри соли 1994 марҳилаи вазнинтарин ба ҳисоб мерафт. Эмомалӣ Раҳмон дар ин марҳилаи фаъолияти хеш амалан дар ҳолати ҳарбӣ - саҳроӣ қарор дошт, мураккабии вазъият ва зарурати роҳандозии сиёсати нозуки дохилиро баҳри мутамарказонидани мамлакат ва унсурҳои давлат хуб дарк карда буд.
Ӯ дар давраи гуфтушунидҳо бо иттиҳоди мухолифини тоҷик матонат, фазилати сиёсӣ, истеъдоди баланди дипломатӣ зоҳир сохт. Дар давраи фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ дар сохтори давлатӣ ва мақомоти қонунбарори мамлакат ислоҳот гузаронда, Парламенти дупалатагии касбӣ, бисёрҳизбӣ - Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис дод.
Дастоварди бузурги Пешвои миллат гузарондани ислоҳот дар низоми молия ва ба истифода баровардани асъори нави миллӣ буд.
Вазифаҳои стратегии мамлакат амалан идеяи миллии халқи тоҷикро ташкил доданд. Таъмини истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ - вазифаҳои стратегии таъмини амнияти дохилӣ ва хориҷӣ буда, асоси рушди минбаъдаи некуаҳволии халқи тоҷикро ташкил медиҳанд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ташаббускори фаъоли барқарор кардан ва таҳким бахшидани амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ борҳо аз минбарҳои баланди иҷлосияҳои кулли СММ, маҷлисҳои ташкилотҳои байналмилалӣ диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба хатари таҳдидкунандаи терроризми байналмилалӣ ва экстремизми динӣ ҷалб кард. Тоҷикистон ба иштирокчии асосӣ ва ташаббускори фаъол дар масоили рушди минбаъдаи иқтисодӣ ва таҳкими нуфузи сиёсӣ дар саҳнаи байналхалқӣ, дар чорчӯбаи СММ, ИДМ, СҲШ, СААД ва дигар ташкилотҳои байналхалқӣ табдил ёфт.
Маҳз қарорҳои таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарони нави мамлакат имкон доданд, ки масоили муҳими ҳаётро ҷиҳати манъи ҷанги бародаркуш, бозгашти гурезагон ба Ватан, дарёфти роҳҳои гуфтушунидҳо бо Иттиҳоди мухолифини тоҷик, бунёди давлатдории нав ва низоми ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳал намоянд.
Дар тӯли 25 соли баъд аз баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон халқи тоҷик роҳи бузургро ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи хеш тай намуд.
Дар иртибот ба ин Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи тоҷикро ҳадафҳои азим дар пешанд. Таҷрибаи таърихии солҳои сипаришуда моро мутмаин месозад, ки ин вазифаҳо низ  бомуваффақият ҳалли худро меёбанд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи сазовори хешро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ишғол менамояд.
Зикриё АКРАМӢ,
директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,  доктори илмҳои таърих, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.11.2017    №: 231    Мутолиа карданд: 667

23.04.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Дмитрий Медведев

Машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Руминия

Иштироки ҳайати Бонки миллӣ дар ҳамоиши сатҳи баланд

Ҷаласаи роҳбарони хадамоти ҳуқуқии ВКХ-и ИДМ

ДАНҒАРА. Кишти чигит ба анҷом расид

21.04.2018


Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ ва Ахмет Йилдиз

Ҳамкориҳои Бонки миллӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор вусъат меёбанд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии СҲШ

Бунёди меҳмонхонаи “Шикорчиён”

Рӯзи заргарон дар Боғи Ирам

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Авлавият ба истеҳсоли пахта

19.04.2018


НОБОЛИҒОН. Аз боздошти оворагардон то ҷаримаи волидон

ТОҶИКОБОД. Вусъати корҳои баҳорӣ

Гиромидошти Ашӯр Сафар дар Кӯлоб

Гусели наваскарон дар Фархор

Варзиш

18.04.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Рашид Мередов

Сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ матраҳ гардиданд

Тақвияти мубориза алайҳи терроризм

Тавсеаи ҳамкориҳои гумрукӣ

Футболи соҳилӣ дар Тоҷикистон

МАЛАЙЗИЯ. Дастоварди навбатии хонандагони тоҷик дар олимпиада

Меркел зарурати вохӯрӣ бо Путинро таъкид намуд

Могерини: «24-25 апрел дар Брюссел қазияи Сурия баррасӣ мегардад»

Аз чор се ҳиссаи аҳолии Яман ниёзманди ёрии башарист

Туркманистон бандари $2 миллиардиро мекушояд

17.04.2018


Омодагӣ ба интихоботи миёнадаврӣ

«Роҳбалади беҳтарин» озмуни КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

Рӯзи илм таҷлил гардид

Дурахши дзюдогарони кишвар дар ҷомҳои Аврупову Осиё

Вашингтон вақтҳои наздик низомиёнашро аз Сурия мебарорад

Нигаронии президенти Олмон аз дуршавии бештари Русия ва Ғарб

Департаменти ИМА барои идомаи муколама бо Димишқ шарт гузошт

Коршиносон то 100 доллар расидани нархи нафтро пешгӯӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед