logo

сиёсат

ОМОДАГӢ БА ҶАШН. ҚАСРИ АРБОБ ҶАРАЁНИ ИҶЛОСИЯРО БО НИГОРАҲО БОЗГӮ ХОҲАД КАРД

Барои истиқболи сазовори 25 - солагии баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  корҳои ташкилию омодагӣ вусъати тоза гирифтаанд. Абдузафар Инъомов, директори ин муассисаи давлатӣ, иброз дошт, ки барои дар сатҳи баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ таҳти роҳбарии Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд,  ситоди корӣ амал мекунад.
- Таъмири хушсифати бинои Қасри Арбобро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Евростройсервис», навсозии шабакаи равшанидиҳӣ ва иншооти ёрирасони атрофи қасрро корхонаи муштараки «Само» ва насби оинаи нилгуни калонҳаҷми андозааш 6 х 121,8 - метраро дар девори саҳна ҶДММ «Мансум» ба зимма гирифтаанд, - мегӯяд Абдузафар Инъомов. - Ҳамзамон, осорхонаи «Тоҷикистон дар масири таърих»-и қаср низ таҷдид шуда, дар он нигораҳои нав, ки бозгӯи воқеии ҷараёни Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, гузошта шудаанд.
Устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои таърих Муҳиддинҷон Файзуллоев, ки яке аз масъулони навсозии осорхона аст, тазаккур дод, ки ин навбат дар толори осорхона нигораҳое гузошта мешаванд, ки тамошобин бо дидани онҳо аз ҷараёни кори иҷлосия пурра воқиф мегардад.
- Мо тасмим гирифтем, ки баъзе таҷҳизоти техникии он замонро низ дар осорхона ҷой диҳем. Масалан, микрофонҳои толори иҷлосияро, ки пояашон аз алюминий аст, ба намоиш гузорем. Ба ҳамин монанд, гӯшаҳои алоҳида, аз ҷумла фаъолияти мухбирони порлумониро такмил дода, чанд расми наверо, ки вакилони мардумӣ аз бойгонии худ пешниҳод кардаанд,  ба намоиш хоҳем гузошт.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.11.2017    №: 231    Мутолиа карданд: 790

14.12.2018


Масъалаи густариши ҳамкориҳо матраҳ гашт

Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Машварати сиёсии Тоҷикистону Олмон

Лукашенко: «Бозори Россия барои Беларус якумрӣ кифоят мекунад»

Вазири олмонӣ таҳримоти нави зиддирусиро нахост

Дар Сурия беш аз 30 ҳазор манзилро барқарор намуданд

Таҷлили 90-солагии нависандаи зиндаёд Чингиз Айтматов дар Қирғизистон

Ҷаҳон дар як сатр

Як вохӯрии муҳим

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард

Қазоқистон 50 номгӯи маҳсулотро ба содирот баровард

Дабири кулли СММ: «Лағви шартномаи Париж «худкушист»

Голикова: «Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамагӣ 1,4 миллион нафар мондаанд»

Дар Қирғизистон домоди қотил 20 сол зиндонӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

12.12.2018


Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Лю Бин

Таҳкими ҳамкориҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Таъсиси шӯрои рушди маориф

Қазоқистон калонтарин дар ИДМ неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Дар Қирғизистон ба волидони кӯдакони маъюб маош таъйин мекунанд

Чин ваъдаи кам кардани боҷ ба автомобилҳои амрикоиро баҷо меорад

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТӢ. Тоҷикистон 6 медали тилло ба даст овард

РОҲ БА СӮИ ТОКИО. Ҷаласаи машваратӣ бо федератсияҳои варзишӣ

ХУҶАНД. Бунёди 5 иншооти нав

МУЪМИНОБОД. "Якарча" ба кор даромад

СММ: “Аз коррупсия иқтисоди ҷаҳонӣ соле 2,6 триллион доллар талаф медиҳад”

Дар Стокголм ҷоизаҳои Нобел барои соли 2018 супурда шуданд

Катрунгалос: «Муносиботи мо бо Россия самимитар гашт»

Дар Қазоқистон нархи яклухти барқ ва газро паст мекунанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед