logo

сиёсат

ТАЪЙИНОТИ КАДРӢ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар воҳидҳои сохторҳои низомӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо тағйироти кадрӣ намуданд.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пиракзода Ҳикматулло - муовини якуми фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ - сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдуллозода Нурулло Ҳамид -  муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд.
Дар мувофиқа бо Президенти мамлакат сардорони раёсатҳои Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, инчунин, сардорони як қатор отрядҳои сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби кадрҳои ҷавону корозмуда ва мутахассисони варзидаи соҳа пурра гардиданд.
Ба вазифаҳои масъули баъзе раёсатҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дастгоҳи марказӣ низ мутахассисони соҳибтаҷриба таъйин карда шуданд.
Чунин тағйироти кадрӣ дар баъзе аз ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сурат гирифта, роҳбарии ин воҳидҳои низомиро афсарони донандаи забонҳои хориҷӣ, хатмкардагони зиёда аз ду муассисаи олии таълимоти ҳарбӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат ба уҳда гирифтанд.
Ҳусайнзода Солеҳ Ҳусайн бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи муовини вазири мудофиа озод гардид.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Умед бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини вазири рушди иқтисод ва савдо озод гардида, Ҷӯразода Тоҷиддин, ки то имрӯз муовини раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамуд, ба вазифаи муовини вазири рушди иқтисод ва савдо таъйин гардид.
Бо қарорҳои дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бекмуроди Айдибек Ширинбекзода аз вазифаи роҳбари маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим” озод ва Тоҳирҷонзода Сураҷ  Ғуломамад ба ин вазифа таъйин шуд.
Ҳамчунин, бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаров Саидҷаъфар Саидович аз вазифаи муовини якуми директори Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллии Тоҷикистон" озод гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат зимни суҳбати самимӣ ва ошкоро ба ҳар як хизматчии давлатӣ муваффақият орзу намуда, таъкид карданд, ки зимни иҷрои масъулияти давлатӣ ва вазифаҳои хидматӣ поквиҷдон, содиқ ба давлату миллат ва ҳушёру зирак бошанд.
“Хоксору самимӣ бошед ва дар ҳамкорӣ бо мардум фаъолият карда, мушкилоти мавҷударо бартараф намоед” - таъкид намуданд Президенти мамлакат дар охири мулоқот.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.11.2017    №: 231    Мутолиа карданд: 750

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед