logo

Хабарҳо

Ҷаласаи якҷояи тадорукоти чорабиниҳои байналмилалӣ

Соли 2018 дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе панҷ ҳамоиши сатҳи баланди давлатию байналмилалӣ –  Саммити сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Конференсияи  байналмилалӣ оид ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои  солҳои 2018-2028, ҷаласаҳои Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳо, Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ ва ҷаласаи Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор мегарданд.
Ин матлабро дирӯз зимни ҷаласаи якҷояи тадорукоти ин чорабиниҳо Сарвазири мамлакат, раиси Кумитаи тадорукоти чорабиниҳои мазкур  Қоҳир Расулзода баён дошт.
- Аз ин рӯ, аъзои кумитаҳои тадорукот, роҳбарони мақомоту сохторҳои марбута  бо мақсади иҷрои  дастуру нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани ин ҳамоишҳо бояд тадбирҳои таъхирнопазир андешанд, - афзуд Қоҳир Расулзода.
Ҳангоми ҷаласа вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов,  муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои об – фиристодаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Панели сатҳи олӣ оид ба масъалаҳои об Султон Раҳимзода ва дигар шахсони масъул оид ба рафти омодагии ниҳодҳои дахлдор  ба чорабиниҳои дарпешистода маълумот доданд.
Дар охир Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор барои   сари вақт ва бо сифати баланд  иҷро намудани корҳои омодагӣ супоришҳои мушаххас дод.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 221

26.04.2018


САНЪАТ. Намоиши асарҳои Маҳмадӣ Шарифов

Ҷаҳон дар як сатр

Нахустконфронси зиддитеррористии кишварҳои узви СММ дар Ню-Йорк

85 кишвари донор барои Сурия $4,4 миллиард ҷамъ овард

Чин ба Русия истифодаи асъорҳои миллиро дар муомилот пешниҳод намуд

Афзоиши бесобиқаи истеҳсоли маводи мухаддир дар соли 2017

Гӯшаи кишоварз

25.04.2018


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои СҲШ

Баррасии тақвияти ҳамкориҳои мақомоти гумрук

Дар Тоҷикистон калонтарин аквапарки Осиёи Марказӣ бунёд мегардад

24 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Шойгу ба тақвияти мубориза бо терроризм дар СҲШ даъват кард

Содироти сементи Тоҷикистон ба Ӯзбекистон 16 маротиба афзуд

Трамп ба қарибӣ артиши амрикоиро аз Сурия бароварданист

Баландтарин арзиши газ дар Арманистон ба қайд гирифта шуд

24.04.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Хоҷa Муҳаммад Осиф

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Фаластин

Муаррифии имкониятҳои сайёҳии шаҳри Исфара

Конференсия доир ба масоили об

"ХУҶАНДОБУКАНАЛ". Авлавият ба беҳбудии хизматрасонӣ

Варзиш

23.04.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Дмитрий Медведев

Машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Руминия

Иштироки ҳайати Бонки миллӣ дар ҳамоиши сатҳи баланд

Ҷаласаи роҳбарони хадамоти ҳуқуқии ВКХ-и ИДМ

ДАНҒАРА. Кишти чигит ба анҷом расид

21.04.2018


Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ ва Ахмет Йилдиз

Ҳамкориҳои Бонки миллӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор вусъат меёбанд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии СҲШ

Бунёди меҳмонхонаи “Шикорчиён”

Рӯзи заргарон дар Боғи Ирам

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Авлавият ба истеҳсоли пахта

19.04.2018


НОБОЛИҒОН. Аз боздошти оворагардон то ҷаримаи волидон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед