иқтисод
СОҲИБКОРӢ. ЧАНД ПЕШНИҲОДИ МУҲИМ
Рушди соҳибкорӣ, хусусан истеҳсолӣ, яке аз омилҳои фаровонии бозорҳои кишвар бо маҳсулоти баландсифати ватанӣ ба шумор меравад.
Бо назардошти ин, хурсандиовар аст, ки сол то сол дар кишвар аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ корхонаҳои хурду бузурги дӯзандагӣ таъсис ёфта, ҳазорҳо нафар бо ҷойи кор таъмин мегарданд. Дар зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти истеҳсолии нассоҷию дӯзандагӣ саҳми корхонаҳои ИИ «Нассоҷии тоҷик», «Гулистони Душанбе», «Даҳбед - Д», «Сомон - 2013», «Чевар - 2014», «Зуҳал - 2014»,«Гулдаст - 2015», «Сабр - 2016», «Ҳусния - Б», «Ресандаи Қӯрғонтеппа», «Субҳи Сарбанд», «Бофандаи Норак», «Нассоҷии Хуҷанд», «Олимхони Хуҷандӣ» «Каёнуш» ва «Коргоҳи дӯзандагӣ» назаррасанд.
«Гулистони Душанбе» яке аз бузургтарин коргоҳҳои нассоҷии кишвар мебошад, ки саҳми худро дар коҳиш додани маҳсулоти воридотӣ расондааст. Корхона дар рушди саноати бофандагӣ, татбиқ намудани комёбиҳои илму техника, технологияи нав,ҷорӣ намудани асосҳои навини муносибатҳои бозаргонӣ пешравиҳои назаррас дорад ва сол то сол истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардумро бештар гардонда истодааст.
Дилшод Бегов, директори генералии ҶСК «Гулистони Душанбе», гуфт, ки корхона дорои таҷҳизоти нави технологӣ буда, иқтидори истеҳсолии он дӯхти зиёда аз 1 миллион адад маводи дӯзандагӣ дар як сол аст. Таҷҳизоти корхона соли 2005 аз Олмон, Ҷопон, Италия, Чин ва Туркия ворид карда, насб гардидаанд. Технологияи нав имконият медиҳад, ки маҳсулоти сифатан ҷавобгӯй ба стандартҳои байналхалқӣ истеҳсол намояд.
- Корхона аз моҳи июни соли 2016 ба кор оғоз намуд ва ҳоло дар он 91 нафар фаъолият менамояд. Ҳаҷми истеҳсол дар соли сипаришуда 590 000 сомонӣ ва дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 2 миллион сомониро ташкил дод. Ҳоло кӯшиш ба харҷ дода истодаем, ки маҳсулоти сифатан хуб истеҳсол ва иқтидори содиротии корхонаро афзун намоем. Моҳи июни соли ҷорӣ бо корхонаи ҶДММ «АВМ Спорт» - и Федератсияи Русия барои истеҳсоли либосҳои варзишӣ шартнома бастем. Ҳоло корхона асосан бо фармоишҳои дохилӣ кор карда, ба истеҳсоли либосҳои мактабӣ, махсуси корӣ ва дигар намуди либосҳо машғул аст, - гуфт Д. Бегов.
Мутахассисони корхона, аз ҷумла Дилшод Бегов, андеша доранд, ки барои дастгирии соҳибкорон беҳтар мебуд корхонаҳои дохилӣ бештар ба тендерҳои давлатӣ даъват шаванд, то ин ки ин корхонаҳо рушд ёбад. Инчунин, корхонаҳои дӯзандагӣ ва нассоҷӣ дар супурдани андоз бояд имтиёз дошта бошанд, чунонки дигар корхонаҳо аз ин гуна имтиёзҳо бархӯрдоранд. Ин ба роҳ ёфтани корхонаҳои ватанӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва содиротӣ дар бозори ҷаҳонӣ бо бренди «MadeinTajikistan» мусоидат мекунад.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.11.2017 №: 232 Мутолиа карданд: 670