logo

иқтисод

ХУҶАНД. СОДИРОТ 66,7 ДАРСАД АФЗУД

Корхонаҳои саноатии шаҳр имсол ба хориҷи кишвар, хусусан мамлакатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ба ҳаҷми қариб 190 миллион сомонӣ маҳсулот содир намуданд. Ин нишондоди баланд самари  ташаббусҳои Ҳукумати кишвар дар самти рушди истеҳсоли ватанӣ буда, ҳадяи хубест ба Ҷашни 25 - солагии Иҷлосияи таърихии 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба гуфтаи Муъминҷон Муҳаммадзода, сардори шуъбаи саноат ва энергетикаи шаҳр, давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ, новобаста аз таъсири манфии омилҳои беруна, шумораи  корхонаҳои саноатии шаҳр ба 154 ва  ҳаҷми умумии истеҳсол ба зиёда аз 779  миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 148, 4 миллион сомонӣ ё 23,5 дарсад  бештар аст. Аз ин миқдор ба андозаи  189,2 миллион сомонӣ маҳсулот ба хориҷи кишвар содирот шудааст. Содироти мол дар ин муддат  назар ба даҳ моҳи соли сипаришуда  66,7 дарсад зиёд аст. Афзоиши шумораи корхонаҳои саноатӣ  барои рушди иқтидори содиротии шаҳр заминаи устувор гузошт.
Ҳамчунин, бо роҳи ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар истеҳсолот  неруи  барқ сарфа ва коркарди ашёи хоми маҳаллӣ  самаранок гардид. Инчунин, ба ин васила маҳсулоти нави саноатӣ афзуд. Истеҳсоли  маҳсулоти шустушӯии кимиёӣ, ноқилҳои барқӣ, молҳои резинӣ, ранг ва пардозҳои минералӣ,  коркарди санг ва дару тирезаҳои муосир аз силсилаи маҳсулоти нави корхонаҳои истеҳсолии шаҳр маҳсуб меёбанд.  Баҳри  татбиқи ҳадафҳои стратегии соҳаи саноати кишвар  аз ҷониби 5 корхонаи истеҳсолии шаҳр  наздики 3200  тонна нахи пахта коркард  шуд, ки  он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта беш аз 1600  тонна зиёд аст.
Гузашта аз ин, дар раванди вусъати корҳои созандагӣ барои навсозии технологияи  корхонаҳои нав  зиёда аз 55,3 миллион сомонӣ сармояи хориҷӣ ва дохилӣ ҷалб карда шудааст.  Дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат бо мақсади афзоиши маҳсулоти воридотивазкунанда   дар шаҳр 34 корхона фаъолияти худро ба ин самт равона сохтаанд.
Таъмини  рушди босуботи иқтисоди миллӣ ва баланд  бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз ҳадафҳои асосии давлат ва Ҳукумати кишвар мебошанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар заминаи  сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат,  пеш  аз ҳама, фароҳам овардани фазои мусоиди фаъолияти соҳибкорӣ, ҷалби сармоя,  воридоти технологияҳои пешрафтаи замон ва ба ин васила  ташкили  ҷойҳои нави корро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи хеш  қарор додааст, - гуфт Муъминҷон Муҳаммадзода.
Т. САЪДУЛЛОЕВ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.11.2017    №: 232    Мутолиа карданд: 854

16.08.2018


Рӯзноманигорони ӯзбек меҳмони Тоҷикистон

15.08.2018


ЛЕВАКАНТ. Пастравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон

БАЛҶУВОН. Бунёди 14 иншоот

САНОАТ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ КОҲИШ МЕЁБАД,ЧАРО?

КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК АФЗАЛИЯТ ДОРАД

14.08.2018


ТОҶИКИСТОН – ҚАЗОҚИСТОН. Нахустҷаласаи Шӯрои корӣ ва ҳамоиши соҳибкорон

МАҚОМОТИ СУДӢ ВА ВАО. Иқдоме барои таҳкими ҳамкориҳо

"ЗЕБОНИСО". Аввалин чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон

ММТ: "Беш аз 50 ҳазор довталаб донишҷӯ шуд"

10.08.2018


Қабули нусхаи Эътимоднома аз сафири Туркманистон

Ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ оғоз ёфт

Ҷаласаи Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиши ИДМ

Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон

ХАТЛОН. Нахустин форуми тиҷорати маҳсулоти боғдорӣ доир гардид

СУҒД. 90 ҳазор сомонӣ барои ғолибони озмуни "Маҳаллаи беҳтарин"

Семинари муфид

09.08.2018


Туҳфаи ФФТ ба варзишгарони Хоруғ

МАОРИФ. Имконияти нав ба як гурӯҳ довталабон

КӮЛОБ. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст

Ғолибони ҷоизаи Зебунисо Рустамова муайян шуданд

07.08.2018


ДУШАНБЕ. Таъсиси ҷойҳои махсус барои забҳи чорво

Шӯрои сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ дар Душанбе

Пресс-тури рӯзноманигорони агентиҳои иттилоотии ИДМ

«Сомон Эйр». Роҳандозии парвозҳо ба самти Бухоро

Буҷети давлатӣ 2,4 миллиард сомонӣ афзуд

ММД. Афзоиши воқеии он 7,2 дарсадро ташкил дод

ММТ. “Пешномнависӣ” кори довталабро осон кард

Роҳхати 28 варзишгари дигар ба бозиҳои Осиё

06.08.2018


Вохӯрии Абдуҷаббор Раҳмонзода бо аҳли ҷомеаи Данғара

Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Душанбе. Ярмаркаҳои мактабӣ ташкил мешаванд

03.08.2018


Мулоқоти Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сокинони шаҳри Кӯлоб

Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ

Ҷамъбасти Намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед