logo

фарҳанг

МЕҲРГОН. ЮНЕСКО ОНРО ҲАМЧУН ФАРҲАНГИ ҒАЙРИМОДДӢ БА ҚАЙД ГИРИФТ

«Дар ҷаласаи 39 - уми Конференсияи  генералии  ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Парижи  Фаронса баргузор шуд, ҷашни Меҳргон ҳамчун  мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик ба қайд гирифта шуд. Интизор меравад, ки қарори дахлдор дар ин бора соли 2019  қабул гардад», –  хабар доданд аз Вазорати фарҳанги кишвар.

Тибқи иттилои манбаъ, дар кори конференсия аз Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанг ва  Мавҷуда  Нурова, котиби  масъули  Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО ширкат намуданд.
Дар конфронс Шамсиддин Орумбекзода суханронӣ намуда, дастовардҳои чанд соли охири соҳаҳои илм, маориф ва фарҳангро баррасӣ ва нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  дар пешбурди ин соҳаҳо муҳим арзёбӣ кард. Мавсуф таъкид намуд, ки: «Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти кишвар аз рӯзҳои аввали  ба даст овардани  Истиқлолияти давлатӣ ба масъалаи ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Давоми ду даҳсолаи охир дар ҷумҳурӣ  лоиҳа ва  барномаҳое амалӣ гардиданд, ки  ба рушди соҳаҳои илму маориф, ҳифзи мероси моддиву  ғайримоддии фарҳангӣ саҳми арзанда гузоштанд. Тоҷикистон ният дорад, ки дар ин самт минбаъд низ бо ЮНЕСКО ҳамкориҳоро таҳким бахшад».
Зимнан, бояд ёдовар шавем, ки қаблан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ду номинатсия - «Оши палав» ва «Шашмақом» ба  ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО шомил шуда буд. Коршиносони тоҷик ҳоло барои  ворид намудан ба феҳрист номинатсияҳои «Чакан» ва «Фалак» - ро низ пешниҳод намудаанд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.11.2017    №: 232    Мутолиа карданд: 925

14.12.2018


Масъалаи густариши ҳамкориҳо матраҳ гашт

Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Машварати сиёсии Тоҷикистону Олмон

Лукашенко: «Бозори Россия барои Беларус якумрӣ кифоят мекунад»

Вазири олмонӣ таҳримоти нави зиддирусиро нахост

Дар Сурия беш аз 30 ҳазор манзилро барқарор намуданд

Таҷлили 90-солагии нависандаи зиндаёд Чингиз Айтматов дар Қирғизистон

Ҷаҳон дар як сатр

Як вохӯрии муҳим

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард

Қазоқистон 50 номгӯи маҳсулотро ба содирот баровард

Дабири кулли СММ: «Лағви шартномаи Париж «худкушист»

Голикова: «Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамагӣ 1,4 миллион нафар мондаанд»

Дар Қирғизистон домоди қотил 20 сол зиндонӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

12.12.2018


Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Лю Бин

Таҳкими ҳамкориҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Таъсиси шӯрои рушди маориф

Қазоқистон калонтарин дар ИДМ неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Дар Қирғизистон ба волидони кӯдакони маъюб маош таъйин мекунанд

Чин ваъдаи кам кардани боҷ ба автомобилҳои амрикоиро баҷо меорад

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТӢ. Тоҷикистон 6 медали тилло ба даст овард

РОҲ БА СӮИ ТОКИО. Ҷаласаи машваратӣ бо федератсияҳои варзишӣ

ХУҶАНД. Бунёди 5 иншооти нав

МУЪМИНОБОД. "Якарча" ба кор даромад

СММ: “Аз коррупсия иқтисоди ҷаҳонӣ соле 2,6 триллион доллар талаф медиҳад”

Дар Стокголм ҷоизаҳои Нобел барои соли 2018 супурда шуданд

Катрунгалос: «Муносиботи мо бо Россия самимитар гашт»

Дар Қазоқистон нархи яклухти барқ ва газро паст мекунанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед