logo

сиёсат

АЗ ТАБОРИ ХИРАД

Тӯли 26 соли соҳибистиқлолӣ кишвари мо ба дастовардҳои беназир ноил гардид, ки дар саргаҳи ҳамаи ин комёбиҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истодаанд.

Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар рушди иқтисодиёт бузург  аст, балки икдомҳои Сарвари давлат дар самти қабули қонунҳо мояи ифтихору сарфарозист. Қабул ва аз ҷониби ҷомеа ҳамовозӣ пайдо кардани қонунҳои  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» далели рӯшани ин гуфтаҳоянд. Қабули онҳо, пеш аз ҳама, ба боло бурдани сатҳи некуаҳволии халқ ва дар рӯҳияи донишандӯзиву худогоҳии миллӣ тарбия намудани фарзандон аз тарафи волидон нигаронда шудааст. Ва боиси ифитихори мо – тоҷикон аст, ки имрӯз ин ду қонун аз ҷониби як қатор мамолик  мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд.
Дар баробари ин, тайи ин солҳо ташаббусҳои башардӯстонаи Пешвои муаззам обруву нуфузи кишварро дар арсаи байналмилалӣ беш аз пеш болотар мебардоранд. Пешниҳоди навбатии Сарвари давлат оид  ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018 – 2028 аз тарафи намояндагони 177  мамлакат гарм пазироӣ ёфт ва  моҳи декабри соли 2016 Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи дахлдор қабул кард. Ва моҳи июни соли равон ҳангоми сафар ба Тоҷикистон Котиби генералии СММ Антониу Гутерриш ба ибтикороти ҷаҳонии кишвар дар соҳаи об баҳои баланд дода, ин иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муҳиму инсондӯстона арзёбӣ кард. Ба ин хотир, ӯ аз дигар давлатҳо даъват ба амал овард, ки ба муқобили тағйирёбии иқлим муборизаи дастаҷамъона баранд, зеро инсоният аз ин ба баъд ҳаққи аз даст додани чунин фурсатро надорад.
Имрӯзҳо мо ба шарофати сиёсати хирадмандонаи фарзанди фарзонаи миллат Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон бо бовари комил ба ояндаи дурахшон қадам мениҳем ва он рӯз дур нест, ки Ватани азизамон ба яке аз мамлакатҳои мутараққӣ табдил меёбад, чуноне Сарвари давлат мефармоянд: «Мардуми Тоҷикистон равшан дарк намуданд, ки танҳо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ ва тавассути заҳмати ватандӯстона метавон давлати тозаистиқлоли хешро ба мамлакати ободу пешрафта мубаддал гардонд ва барои наслҳои оянда як кишвари воқеан мутараққӣ ва мутамаддинро ба мерос гузошт». 
Комилҷон ҒАНИЗОДА,
судяи суди шаҳри Исфара


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.11.2017    №: 232    Мутолиа карданд: 874

16.08.2018


Рӯзноманигорони ӯзбек меҳмони Тоҷикистон

15.08.2018


ЛЕВАКАНТ. Пастравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон

БАЛҶУВОН. Бунёди 14 иншоот

САНОАТ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ КОҲИШ МЕЁБАД,ЧАРО?

КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК АФЗАЛИЯТ ДОРАД

14.08.2018


ТОҶИКИСТОН – ҚАЗОҚИСТОН. Нахустҷаласаи Шӯрои корӣ ва ҳамоиши соҳибкорон

МАҚОМОТИ СУДӢ ВА ВАО. Иқдоме барои таҳкими ҳамкориҳо

"ЗЕБОНИСО". Аввалин чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон

ММТ: "Беш аз 50 ҳазор довталаб донишҷӯ шуд"

10.08.2018


Қабули нусхаи Эътимоднома аз сафири Туркманистон

Ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ оғоз ёфт

Ҷаласаи Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиши ИДМ

Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон

ХАТЛОН. Нахустин форуми тиҷорати маҳсулоти боғдорӣ доир гардид

СУҒД. 90 ҳазор сомонӣ барои ғолибони озмуни "Маҳаллаи беҳтарин"

Семинари муфид

09.08.2018


Туҳфаи ФФТ ба варзишгарони Хоруғ

МАОРИФ. Имконияти нав ба як гурӯҳ довталабон

КӮЛОБ. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст

Ғолибони ҷоизаи Зебунисо Рустамова муайян шуданд

07.08.2018


ДУШАНБЕ. Таъсиси ҷойҳои махсус барои забҳи чорво

Шӯрои сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ дар Душанбе

Пресс-тури рӯзноманигорони агентиҳои иттилоотии ИДМ

«Сомон Эйр». Роҳандозии парвозҳо ба самти Бухоро

Буҷети давлатӣ 2,4 миллиард сомонӣ афзуд

ММД. Афзоиши воқеии он 7,2 дарсадро ташкил дод

ММТ. “Пешномнависӣ” кори довталабро осон кард

Роҳхати 28 варзишгари дигар ба бозиҳои Осиё

06.08.2018


Вохӯрии Абдуҷаббор Раҳмонзода бо аҳли ҷомеаи Данғара

Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Душанбе. Ярмаркаҳои мактабӣ ташкил мешаванд

03.08.2018


Мулоқоти Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сокинони шаҳри Кӯлоб

Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ

Ҷамъбасти Намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед