logo

сиёсат

ИҶЛОСИЯИ XVI. ҲИДОЯТ БА СӮЙИ ҶОМЕАИ МУТАМАДДИН

Баъди суқути империяи қудратманди шӯравӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мисли дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, на танҳо фазои сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии марказӣ, балки муҳити музофотӣ низ вазъи ҷиддии буҳрониро аз сар гузаронд ва оташи низоъҳову даргириҳо дар гӯшаву канори мамлакат тадриҷан боло гирифт. Иллати аслии зуҳуру ҳузури буҳронҳои сиёсӣ, фикрӣ, мафкуравӣ, ахлоқӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро дар он замон метавон ба бетаҷрибагии сиёсии давлатмардони вақт, дур будан аз мактаби давлатсозии миллӣ, назари танги сиёсию идеологӣ ва фикрию фарҳангӣ доштани сиёсатмадорону роҳбарони он замон марбут донист.
Маълум аст, ки дастгоҳи раҳбарии шӯравӣ дар асоси идеологияи коммунистӣ ташаккул ёфта, унсурҳои миллиро дар қолаби сиёсати давлатӣ чандон қабул надошт. Ин буд, ки элитаи сиёсии замон, асосан ба арзишҳои ғайримиллӣ ва синфӣ арҷ мегузошт ва воқеиятро дар баробари сиёсатҳои миллӣ сарфи назар мекард. Пас аз заволи давлати шӯравӣ ақаллиятҳои этникӣ ва миллияту халқиятҳои алоҳида дар ҳоли парешонии мафкуравӣ ва сиёсӣ қарор гирифта, дарҳамбарҳамӣ мисли бемории сироятӣ аз як минтақа ба минтақаи дигар кӯч баст ва бад - ин минвол вазъ дар фазои пасошӯравӣ куллан мураккаб ва печида гардид. Махсусан, кишварҳое, ки бар асари ноустувории сиёсати давлатӣ ва идораи нодурусти равандҳои динӣ дар онҳо қишри мазҳабӣ мавқеият пайдо карда буд, ба хатар мувоҷеҳ гардида, дар ин кишварҳо саранҷом ноамнию беназмӣ дар умури иҷтимоӣ ва давлатдорӣ ба вуҷуд омад.
Дар замоне, ки таҳти фишори бевоситаю бавоситаи доираҳои манфиатхоҳ ва афкори ғаразноки сиёсию фарҳангӣ ва динию мазҳабӣ, ибтидои солҳои навадуми асри бистум - замони оғози ҷанги шаҳрвандӣ, ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саҳнаи низоъҳои шадиди идеологию сиёсӣ ва динию мазҳабӣ табдил ёфта, бозичаи дасти абарқудратҳои минтақа ва ҷаҳон гардида буд, аксари намояндагони қишрҳои сиёсӣ, зиёӣ ва фарҳангии ҷомеаи тоҷикистонӣ бетарафӣ ва бетафовутиро дар робита бо вазъи мавҷуда ихтиёр карда, бархе дигар, аз беиттилоотию бехабарӣ аз тамоюлоти сиёсӣ ва камтаҷрибагӣ дар баробари дарки сиёсатҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, ба ин ё он тарафи гурӯҳҳои даргир ҳамроҳ шуда, боиси ташвишовар гардидани вазъи куллӣ дар минтақа гаштанд. Кишвар ба доми даргириҳо ва  ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Ба ин тарз, дар манотиқи ҳассоси кишвар тухми кинаву адоват кошта шуд. Дар ин замина даргириҳо ба вуқӯъ пайвастанд, ки дар натиҷа вазъ торафт мураккабтар гардида, бовару эътиқодоти мардум ба ояндаи неки ҷумҳурӣ тадриҷан аз байн рафта, халои сиёсӣ, мафкуравӣ, фикрӣ ва фарҳангӣ дар манотиқи даргир ва баъдтар дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ҳукмрон гардид.
Дар он вазъияти ҳассоси сиёсию иҷтимоӣ 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ бо ҳадафи баҳамоӣ ва оғози музокирот бо ҷонибҳои даргир ва мухолифон ба кори худ оғоз кард. Муҳимтарин дастоварди иҷлосия он буд, ки шахсияти миллию мардумиро дар симои Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи раҳбарӣ ва давлатдорӣ дар марҳалаи навини таърихӣ овард ва ин марди майдони сиёсати минтақавӣ ва башарӣ бо рӯҳи қавии миллӣ на танҳо вазъро ба эътидол оварда, созиши миллиро дар сатҳи иҷтимоӣ таъмин намуданд, балки дар эъмори давлат, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати миллӣ дар миқёси байналмилалӣ саҳми сазовор гузоштанд.
Манзараи даҳшатовар ва хунини ҷанги шаҳрвандӣ ҳатто имрӯз ҳам, бо гузашти бисту панҷ сол  хобу хаёли мардуми Тоҷикистонро тарк накардааст ва чун кобуси ваҳшатзо олами рӯъёи мардумро таҳти таъсир қарор медиҳад. Дар чунин вазъи фоҷиабор Эмомалӣ Раҳмон ҷасурона дар ин масири мушкилписанди сиёсӣ гомҳои устувор бардоштанд. Паймудани масири хатарнок ва печидаи сиёсат дар он замон кори саҳлу осон набуд ва ҳар кӣ дар замону макони мазкур дар ҳавзаҳои сиёсӣ ва идорӣ кору фаъолият кардааст, ҳолат ва вазъи куллии минтақавиро хуб дар ёд дорад: нобоварӣ аз ҳамдигар; тарсу ҳароси ҳамешагӣ; камтаҷрибагӣ дар бархӯрд бо шароит; хиёнату бадбинӣ миёни мардуми маҳалу минтақаҳои гуногун; ноустувории муносиботи тарафҳо; афзоиши қатлу куштор дар манотиқи даргир; беназмию бесуботии сиёсию иҷтимоӣ; авҷи нуфузи гурӯҳҳои ҷинояткор дар ҳаёти рӯзмарра; дахолати бевоситаи раҳзанону дуздон ва созмонҳои ҷиноятӣ дар фаъолияти мақомоти расмӣ - идорӣ ва давлатӣ; дуздии амволи давлатӣ аз ҷониби гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ; ба сифр баробар шудани касри буҷети давлатӣ дар маҳалҳои даргир ва пойтахти кишвар; камбуди одитарин шароити корӣ; ривоҷи маҳалгаройиву кӯтоҳандешӣ дар фазои мамлакат; суст шудан ва ба ҳошия рафтани фаъолияти маданӣ - равшаннамоӣ; боло гирифтани яъсу ноумедӣ бар фазои сиёсӣ, иттилоотӣ ва фарҳангӣ ва дигар силсилаи нобасомониҳо як навъ дилсардию бетафовутиро дар миёни ниҳодҳои гуногуни иҷтимоию давлатӣ ба вуҷуд оварда буд.
Дар чунин шароити мудҳиш ба сари кор омадан ва ба таври  таъҷилӣ сару сомон додани ибтикороту тадбироти мушаххас ҷуръат ва худгузаштагиро тақозо менамуд. Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ бо шӯру шавқи миллӣ ва номуси ватандорӣ ва бо такя бар виҷдону имони яқин фазои муносиби зист ва муҳити бози сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангиро дар кишвар муҳайё сохтанд. Илова ба сифатҳои волои шахсӣ ва ахлоқи миллию мардумӣ - маҳорат, матонат, ҳиммат, ҷасорат, садоқат, фазилат, шарофат, масъулият, адолат, самимият ва муҳаббат ба миллат ва марзу буми аҷдодӣ, ки Эмомалӣ Раҳмон таҷассумгари он буданд, имкон дод, ки муҳимтарин дастоварди башарӣ - сулҳу субот, амнияту ҳамбастагӣ, ваҳдат ва оромиши миллию мардумӣ дар минтақа фароҳам оварда шавад. Нақши Иҷлосияи тақдирсозро дар баҳамоии мардумӣ, созиши тарафҳои даргир, тақвияти Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории навини миллӣ муҳим арзёбӣ карда, Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 апрели соли 2012,  ироа доштанд: «Маҳз ба шарофати ин рӯйдоди муҳими таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор гардонда, пояҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки дар Ватани азизамон ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд».
Танҳо ҳамин иқдоми ҳадафмандона ва пайгиронаи Сарвари давлат, ки тамомияти арзию ҳудудӣ ва ризоияту ҳамдигарфаҳмии миллиро тавассути сулҳу ваҳдат таъмин намуд, басанда аст то номашон дар таърихи ватанӣ ва ҷаҳонӣ абадан сабт гардад.
Дастовардҳое, ки имрӯз ба сифати арзишҳои миллию давлатдорӣ эътироф шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ месозанд, дар заминаи татбиқи ғояҳои олии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ба даст омадаанд. Истиқлолияти сиёсӣ ва давлатӣ, ки арзиши олии инсонӣ маҳсуб ёфта, тайи ин солҳо мардуми шарифи Тоҷикистонро ҳамсафарӣ мекунад, дар натиҷаи амалӣ гардидани барнома ва стратегияҳои ин иҷлосияи таърихӣ побарҷо мондааст. Ба қавли Эмомалӣ Раҳмон: «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бо тақозои таърих на танҳо тифли дар гаҳвора будаи Истиқлолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи онро муайян сохт ва Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба сӯйи ҷомеаи мутамаддин ва арзишҳои волои башарӣ ҳидоят намуд». Аз ин ҷост, ки ба таври бояду шояд шинохтан ва қадр намудани арзишҳои сиёсӣ, маданӣ ва давлатдории миллӣ, ки натиҷаи ҳамин Иҷлосияи сарнавиштсози Шӯрои Олӣ ба ҳисоб рафта, минбаъд масири сохтмони давлати миллиро дар марҳалаи нави таърихӣ таъйин кардааст, вазифаи ҳар фарди солимақли ҷомеа мебошад.
Албатта, давлатдорӣ ва мудирияти сиёсӣ кори ҳар кас нест, чуноне ки як зумра назарияпардозони дохилию хориҷӣ мепиндоранд. Ба дараҷаи пешвои сиёсӣ ва ниҳоят ба лидери миллӣ сабзидан маҳорат, таҷриба, сиёсат ва ҷуръату масъулияти фавқулодаро тақозо менамояд. Раҳонидани Тоҷикистон аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ, наҷоти марзу буми миллӣ аз нобудию завол, хунсо кардани нақшаҳои шуми бозигарони сиёсии минтақавӣ ва берунӣ, барқарор кардани хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, ки дар ҳоли пора гаштан ва нобудӣ қарор дошт, сохтани давлати миллӣ ва побарҷо кардани сиёсати миллӣ ва соири иқдомоте, ки Эмомалӣ Раҳмон тӯли раҳбарӣ - аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ шурӯъ карда, то ба имрӯз анҷом медиҳанд, барҳақ мақоми шоистаи «лидери сиёсӣ»-ро ба он кас ато фармудааст.
Фарҳод РАҲИМӢ,
президенти Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.11.2017    №: 232    Мутолиа карданд: 305

14.11.2017


Ҷаласаи якҷояи тадорукоти чорабиниҳои байналмилалӣ

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Эрлан Абдилдаев

Таъсиси шабакаи нави телевизионӣ

Бизнес - форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор хоҳад гашт

Ҷаҳон дар як сатр

Ҳалокати беш аз 450 нафар аз заминҷунбӣ дар Эрон

Трамп ҷонибдори сабуксозии таҳримоти зиддирусӣ

Занон ва кӯдаконро аз Сурия ба Грозний оварданд

Коршиносон кишварҳоеро ном гирифтанд, ки аз тағйироти иқлим бештар зарар диданд

Чин. Минтақаи политсияро роботҳо «забт карданд»

13.11.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп кишварҳои дунёро ба афзунсозии ёрӣ ба Сурия даъват карданд

Трамп қазияи «дахолати русӣ» - ро монеаи сунъии муносибатҳо номид

Пазироии Бангкок аз намояндагони СҲШ ва ЭСКАТО

Норасидтарин кӯдаки дунё дусола шуд

11.11.2017


Баррасии масъалаи истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи роҳсозӣ

Тасвиби Ёддошти тафоҳум байни Вазорати мудофиа ва САҲА

Вохӯрӣ бо Мирча Чиопрага

Ҷарроҳии ройгони кӯдакон ва наврасон

ФУТБОЛ. Тими ҷавонони кишвар ба Чемпионати Осиё роҳхат гирифт

09.11.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Муҳаммад Ҷавод Зариф

Баррасии масоили ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар

Таҷлили Рӯзи милитсия дар Тоҷикобод

Роҳсозони ИДМ дар Душанбе ҷамъ омаданд

ФУТБОЛ. Ин бор миёни бонувон

Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп дар ҳамоиши АТЭС қазияи ҶХДК - ро баррасӣ мекунанд

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «Давлати исломӣ»-ро ба муҳосира гирифт

СММ давлатҳои арабро ба лағви муҳосираи Яман даъват намуд

Столтенберг: «Пас аз торумори «ДИ» амалҳои террористӣ дар Аврупо ва ИМА эҳтимол доранд»

Маҳви 54 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Дар Арабистони Саудӣ 800 миллиард долларро мусодира мекунанд

06.11.2017


Шукурҷон Зуҳуров ҳайати Парлумони Аврупоро ба ҳузур пазируфт

Тақвияти ҳамкориҳо бо Япония


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед