logo

фарҳанг

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Бобохон Абдураҳимов хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синост. Ӯ фаъолияти худро дар беморхонаи кӯдаконаи вилоятии шаҳри Кӯлоб оғоз намуда, дар беморхонаи сироятӣ ва Марказии ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Кӯлоб низ ифои вазифа намудааст.

Бобохон Абдураҳимов баъдан ба Душанбе ба Беморхонаи клиникии ёрии таъҷилии тиббӣ ба кор омад. Дере нагузашта ташаббускориашро ба назар гирифта, вазифаи муовини сардори раёсати тандурустии шаҳри Душанберо ба дӯшаш гузоштанд.  Давоми  фаъолият дар раёсат иҷрокунандаи Барномаи миёнамуҳлати рушди соҳаи тандурустӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2011 – 2015  буд. Дар натиҷаи татбиқи ин барнома бисёр камбудиҳои соҳа ҳалли худро ёфтанд. Яке аз дастовардҳои бузурги барнома ба истифода додани Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» мебошад. Ҳамчунин, ба  гурӯҳи кории таҳияи Барномаи рушди иқтисодии шаҳри Душанбе барои солҳои 2019 - 2025 шомил буда, дар таҳияи барномаи рушди ояндаи тандурустии шаҳр саҳмгузор аст.
Моҳи апрели соли 2017 Бобохон Абдураҳимов сардухтури  беморхонаи клиникии ёрии таъҷилии тиббии  шаҳри Душанбе таъйин гашт. Акнун ҳамчун роҳбар ҷавононро пайваста дастгирӣ намуда, ба онҳо барои дар оянда кадрҳои баландихтисос шудан, роҳу равиши корро меомӯзонад. Дар масъалаи бозомӯзии кадрҳо хеле сахтгир буда, ҷавононро барои аз худ намудани донишҳои нав ба нав ва роҳу равиши ҷадиди табобат раҳнамоӣ менамояд. Ин аст ки ҷавонон дар атрофаш сарҷамъ шуда, дар ҳалли камбудиҳои ҷойдошта саҳм мегиранд. Таваҷҷуҳи бевоситаи ӯст, ки имрӯз 60 дарсади коргарони беморхонаро ҷавонон ташкил медиҳанд.
- Соли 2017 - ро Соли ҷавонон эълон намудани Пешвои миллат ин ҳадафи муҳимтарин барои дурнамои рушди кишварамон аст. Мақсад аз он таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан ба тарбияи мутахассисони ҷавон ва дар ҷомеа боло бурдани мақоми онҳо мебошад. Аз ин рӯ, ҳар сол барои мо Соли ҷавонон бояд бошад. Чунки ояндаи кишвар дар  дасти ин қишри ҷомеа аст. Мекӯшем, ки мутахассисони ҷавонро дар роҳи хизмат барои пешрафти миллату давлатамон тайёр намоем, - мегӯяд Б. Абдураҳимов.
Ҷумҳур ҶАЪФАРОВ,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.11.2017    №: 233    Мутолиа карданд: 906

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед