logo

иқтисод

КВД "КОРГОҲИ МАШИНАСОЗӢ": МАҚСАД БА КОР ДАРОВАРДАНИ КОРХОНАҲОИ ИСТЕҲСОЛИИ ВАТАНӢ

КВД «Коргоҳи машинасозӣ» фаъолияти худро асосан аз рӯи дархост ба роҳ монда, тибқи талаботи фармоишгар қисмҳои эҳтиётӣ истеҳсол мекунад. Корхона имрӯз ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил шудааст. Агар соли 2016 дар коргоҳ ба маблағи 7 миллиону 342 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда бошад, дар 9 моҳи соли равон 7 миллиону 679 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол  шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 336 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Мутахассисони соҳа мувофиқи нақшаи дурнамо фаъолияти худро аз истеҳсоли неругоҳҳои хурд шурӯъ намуда, тайи солҳои  2000 - 2007 - ум  зиёда аз 20 адад неругоҳ бо иқтидори 35 кВт истеҳсол карданд. Онҳо дар ин муддат бо  муассисаи давлатии «Маркази идораи бахши электроэнергетика» - и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки татбиқи лоиҳаҳои муҳими соҳаи электроэнергетикаи кишварро ба зимма дорад, ҳамкорӣ намуданд.
- Мақсад  аз ҳамкориҳо ин буд, ки дар заминаи инвеститсияҳои ҷалбшаванда корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ ба кор дароварда шуда, истеҳсоли таҷҳизоти энергетикии сохти худӣ ба роҳ монда шавад. Зеро Ҳукумати ҷумҳурӣ  тибқи «Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи неругоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2007 - 2020» иқдом  гирифта буд, ки дар ноҳияҳои гуногуни кишвар  садҳо неругоҳҳои хурд сохта ба истифода диҳад. Дар баробари ин, Ҳукумати ҷумҳурӣ  мақсад дорад, ки шумораи чунин неругоҳҳои хурди дар оянда сохташавандаро барои пурра аз худ намудани захираҳои гидроэнергетикии дараҷаҳои хурд, бо назардошти манфиатҳои давлат ва шароити рӯз зиёд намояд. Корхонаи мо имкон  дорад, ки истеҳсоли неругоҳҳоро бо тавоноии 75 кВт, 100 кВт, 300 кВт аз худ  намояд. Аз ин рӯ, тибқи супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ  мо ҳамкориро бо корхонаҳои бузурги Ҷумҳурии Беларус шурӯъ намудем, - гуфт  Комил Сангаков, ҷонишини директор оид ба истеҳсолот.
Моҳи майи соли 2012 Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид барои рушди энергетикаи хурд (неругоҳҳои хурд) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ҷорӣ намудани технологияҳои нав озмун (тендер) эълон намуд. Дар озмун коргоҳ бо барномаи таҳиянамудаи худ ғолиб омад. Ширкати хориҷии «Kompeg» рӯйхати таҷҳизоти лозимиро барои ҷорӣ намудани технологияҳои нав барои истеҳсоли НБО – ҳои хурд бо иқтидори аз 5 кВт то 100 кВт ва маводи графикии онро таъмин намуд. Баъд аз амалӣ намудани созишнома бо ин ширкат ва ҳамкории дуҷониба корхона ба истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии неругоҳҳои гуногуниқтидор шурӯъ намуд.
Яке аз самтҳои  асосии фаъолияти корхона истеҳсоли маҳсулоти гуногун барои соҳаҳои хоҷагии қишлоқ мебошад. «Коргоҳи машинасозӣ»  бо «Тоҷикагролизинг» дар соли 2017 ба маблағи 10 миллиону 500 ҳазор сомонӣ шартнома бастааст. Тибқи шартнома 27 навъи маҳсулот, аз ҷумла машинаҳо барои коркарди хок, якчанд навъи плуг, сихмола, ҷӯяккашак, чизел, гандумкӯбак, қисмҳои эҳтиётӣ барои хоҷагиҳои обёрӣ ва ғайраро истеҳсол менамоянд. Барои ободонии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ саҳми корхона назаррас мебошад. Тибқи фармоиш маҳсулоти гуногун, аз қабили  сарпӯши канализатсия, курсиҳои оҳанин, обравонкунакҳо, панҷараҳои зебо ва ғайра истеҳсол карда мешавад. Дар корхона имрӯз 305 нафар корманд фаъолият мекунанд.
- Мо кӯшиш дорем, ки дар оянда номгӯйи маҳсулотро зиёд намоем. Бо ин мақсад як хатти истеҳсоли сақоро насб кардем ва дар рӯзҳои наздик он ба  фаъолият оғоз хоҳад кард. Мувофиқи дурнамо корхона  маҳсулотеро истеҳсол мекунад, ки дар бозор талабот дошта, рақобатпазир  гардад, - гуфт К. Сангаков.      
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.11.2017    №: 233    Мутолиа карданд: 742

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед