logo

сиёсат

ҲУҶҶАТИ РАҲНАМО

Волоияти Конститутсия, пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки он  ҳуқуқу озодиҳои  инсон ва шаҳрвандро чун сарчашмаи асосии пешрафти ҷомеа, поягузори суботи кишвар, ваҳдату ягонагии давлату миллат бозгӯ намуд. Дар ҳамин ҳол, бояд ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ ва озодиҳои худро бо мақсади пешрафту шукуфоии кишвар истифода кунад. Зеро ғолибан зери мафҳуми шаҳрванд мо шахсеро дар назар дорем, ки садоқатмандии худро нисбат ба кишваре, ки дар он ҷо ҳуқуқи шаҳрвандӣ дорад, нигоҳ медорад ва ҳуқуқҳои ӯ аз тарафи он кишвар таҳти ҳимоят қарор гирифтааст.
Шаҳрванд ва давлат дар муносибатҳои ҳуқуқӣ қарор доранд. Агар аз як тараф давлат дар назди шаҳрванд вазифаю уҳдадориҳо дошта бошад, аз ҷониби дигар шаҳрванд низ дар назди давлат рисолати муайянро ба ҷо меорад. Боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба «Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд» бахшида шудааст. Яъне, дар қатори доштани ҳуқуқ ва озодӣ шаҳрванд, инчунин, дар назди давлат уҳдадориҳое дорад, ки барои амалӣ гаштани ҳуқуқҳои худ ва озодиҳояш бояд онҳоро  дар назди ҷомеа ва давлат софдилона иҷро намояд. Яке аз чунин уҳдадориҳо хизмат ба Ватан мебошад. Тибқи моддаи 43  Конститутсия «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст».
Як рукни  бузургу устувори давлатдории навини тоҷикон  соҳаи фарҳанг маҳсуб меёбад. Маҳз ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар  соҳаҳои гуногуни фарҳанг тавассути қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фарҳанг”, “Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ”, “Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ рушд карда истодаанд.
Таъсисёбии Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”-и  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодати гуфтаҳои боло буда, яке аз падидаҳои нави фарҳангӣ мебошад. Имрӯзҳо маъмурият ва аҳли кормандони эҷодии муассисаи мазкур дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Сарвари давлатро сармашқи кори эҷодӣ қарор  дода, тараннумгари зебоиҳои Ватани маҳбуб мебошанд.
Нусратуллои МАҲМАДУЛЛО,
ёвари директори Муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфонӣ»-и
Дастгоҳи иҷроияи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.11.2017    №: 233    Мутолиа карданд: 722

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед