logo

сиёсат

ВАҚТ ДОВАРИ ҲАҚ

Ҷойи баҳс нест, ки миллати тоҷик дар масири таърих борҳо бо муъҷизаҳои зеҳнӣ аҳли башарро тасхир ва ливои маърифату ахлоқро дар ҷаҳони мутамаддин барафрохтааст. Вале, ҳақиқати табиӣ ин аст, ки ҳар давлату миллат дар зарфи вуҷуди худ марҳалаҳои камолу заволро сипарӣ мекунад.
 
Маҳз дар даврони пурмоҷарову ташвишовари даҳсолаи охири қарни ХХ, вақте ки дар арсаи сиёсии ҷаҳон дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  воқеаи тақдирсози  миллати тоҷик гардид. Мақоми бузург ва аҳамияти таърихии онро шахсе, ки маҳз дар ҳамин иҷлосияи таърихӣ масъулияти бузургро бар дӯш гирифта, ба давлатдории миллӣ дар замони нав ибтидо гузошт ва минбаъд кафили таъмини сулҳу осоиш ва пойдории давлат гардид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле одилона муайян намудааст: «Иҷлосияи XVI сароғози таърихи навини мо ба шумор меравад. Чунки он ба марҳалаи таҳкими истиқлолияти миллӣ ва барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пояҳои давлату давлатдорӣ, ҳамдигарфаҳмиву ҳамдигарбахшӣ ва оштиву сарҷамъии миллат заминаи мустаҳкам бахшид».
Воқеан,  дастоварди аввали иҷлосия аз ҷониби соҳибназарон ба интихоби дурусти вакилони вақт дар мавриди интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут дониста мешавад. Муҳимтарин натиҷаи ин иҷлосияи таърихӣ он гардид, ки дар он шахсияте ба арсаи сиёсат баромад, ки на танҳо мардумро ба ҳам оварда, дар кишвар сулҳу амният ва эътидолро устувор гардонда, онро аз парокандагӣ эмин нигоҳ дошт, балки бо кӯшишҳои пайваста ва заҳматҳои шабонарӯзиаш муваффақ гардид, ки фазилатҳои миллати тамаддунсози тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, ба сӯи ҷомеаи мутамаддин ва арзишҳои волои башарӣ  раҳнамун созад. Суханрониҳои нахустини Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ дар иҷлосия, ки ҳарфи аввалаш барқарории сулҳ дар Тоҷикистон ва бозгардонии гурезаҳо ба Ватан буд, умеди халқро зинда кард ва шуълаи саодати рӯзгор дурахшон шуд. Биноан, месазад, ки на фақат дар арафаи ҷашну воқеаҳои таърихӣ, балки ҳамарӯза аз заҳмату ҷонфидоиҳои таърихии Раҳнамои миллат бо камоли эҳтиром ва қадрдониву шукргузорӣ ёдоварӣ намоем.
Бешубҳа, бо гузашти вақт аҳамияти таърихии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ҳамоно бештар хоҳад шуд. Агар ин иҷлосия доир намешуд, низоми давлатдорӣ шакл намегирифт ва имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ низ ғайриимкон буд. Кунун фазои орому осудаи кишвар, ки ғолибан реша ба иҷлосияи шонздаҳум дорад, боиси беш аз пеш боло рафтани нуфузи давлату миллати мо дар арсаи ҷаҳонӣ гардида, барои ояндаи боз ҳам дурахшонтар заминаи устувор фароҳам оварда истодааст.
Фаромарз МАРДОНӢ,
коргузори шуъбаи таъминоти ҳуқуқии
мониторинги қонунгузорӣ ва маркази
матбуоти Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.11.2017    №: 233    Мутолиа карданд: 892

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед