logo

иҷтимоиёт

БЕҲРӮЗ ХОҶАЗОДА: “МЕДАЛИ ТИЛЛО ТУҲФАИ ХОКСОРОНАИ МАН БА ҶАШНИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ АСТ”

Беҳрӯз, ки соли равон дар чандин мусобиқоти бонуфузи байналмилалӣ ғолиб омада, парчами Тоҷикистонро парафшон намуд, аз 11 - солагӣ бо ҳидояти бародараш Фирӯз ба сексияи самбо омадааст. Машқҳои пайваста бо ҳидояти мураббияш Садриддин Обидов маҳораташро торафт боло мебурд. На танҳо дар намуди самбо, дар дзюдо, гӯштини миллӣ ва дҷиу - дҷитсу низ. Аз рӯи ин чор намуд чемпиони Тоҷикистон шуд ва ин комёбиҳои ҷавони боистеъдод дари тими мунтахаби кишварро ба рӯяш боз намуд. Дар ҳайати он бо сарварии Носир Бозоров дар мусобиқоти байналмилалӣ ҳунарнамоӣ кард. Ба нахустин комёбӣ - медали биринҷӣ соли 2013 дар шаҳри Сеули Корея дар чемпионати Осиё оид ба самбо байни наврасон мушарраф гаштааст.
Мо дар хонаи навқаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо Беҳрӯз Хоҷазода гирди дастархон ҳамроҳи амакаш Сайфулло, акааш Фирӯз, писарамакаш Комил нишастаем. Дӯстону шиносҳо, ҳамсояҳо, ҳатто ҳамсоязанҳо беист даробаро доранд, ки ба табрикаш омадаанд. Ба ҳамаашон хоксорона изҳори сипос менамуд. Ҳамин ҳоло дар чеҳрааш ба ҷои қатъият, ҷасорату бебокие, ки дар татами ҳини зӯрозмоии финалӣ бо рақиб нишон дода буд, оромию фурӯтанӣ, ҳатто шармгиниро мушоҳида мекунем ва аз дил мегузаронем, ки ин ҷавони 22 - сола эҳтимол ҳанӯз ба дарки шуҳрати ҷаҳонии насибгаштааш нарафтааст. Ин лаҳза аз кор падараш Саъдулло Хоҷазода баргашту ҷавонон ба эҳтиромаш тибқи таомули тоҷикӣ аз ҷой хестанд. Чанде пас бо хоҳиши мо бори дигар навори он панҷ дақиқаи таърихиро, ки бо анҷоми он қаҳрамони нави ҷаҳон зуҳур кард, тамошо мекунем.
Чун ҳарифон ба майдон баромаданду ба тамошобинони сершумор муаррифӣ шуданд, аксарияти онҳо, ҳамчунин, коршиносони риштаи самбо мутмаин буданд, ки дар ин финал пирӯзӣ насиби варзишгари шинохтаи беларус Степан Попов мегардад. Зеро чемпиони чандкаратаи Аврупо ва секаратаи ҷаҳон аз маъруфтарин чеҳраҳои самбои ҷаҳонӣ маҳсуб меёфт. Аз дилпурона ба майдон омадан ва ҳаракатҳои ҳадафмандонааш дар лаҳзаҳои аввали қувваозмоӣ душвор набуд хондан, ки Попов ба рақиби хеле ҷавони худ (фарқияти байнашон 11 сол) “аз боло ба поин” менигарад, яъне медали тиллоро аллакай дар гардани худ мебинад. Ҳол он ки Беҳрӯз ҳам шахси тасодуфӣ набуд: танҳо соли ҷорӣ дар чемпионати Осиё оид ба самбо, ки моҳи август  дар Тошканд баргузор гашт, сазовори ҷои якум гардид. Пас аз он моҳи сентябр дар Бозиҳои Осиё дар Ашқобод бар ҳама ҳарифонаш дастболо шуд...
Дар дақиқаи нахуст довар аввал ба Беҳрӯз огоҳӣ дод, барои камфаъолӣ, сипас ба ҳарифаш. Баъди ин лаҳзаеро мусоид дарёфта, паҳлавони тоҷик бо усули сари китф аз зону Поповро бардошта ба замин зад ва соҳиби ду хол шуд. Инро ҳарифаш амри тасодуф пиндошта, ҳамоно бо истифода аз неру ва таҷрибаи ғании хеш усулҳои гуногунро истифода бурдан мехост. Аммо рақиби ҷавон ин ҳама кӯшишҳоро чун варзишгари соҳибтаҷриба рад мекард ва Попов бехабар монд аз боз аз сари китфи ҳариф ба замин сарозер шудан. Ин дафъа Беҳрӯз усулро аз китфи рост моҳирона баҷо овард, ки ду холи дигараш афзуд. Танҳо баъди ҳамин чемпиони ҷаҳон дарк кард, ки бо ин ҳама номдорӣ дар ҳоли ниҳоят душвор афтодаасту барои ислоҳи вазъият фурсат ниҳоят танг аст: дақиқаи охирини ҳарб торафт ба интиҳо мерасид. Ин бошад, маънои бохташро дошт. Гӯштингирон боз ба дасту бозуи якдигар чанг заданду аз силтави сахт Беҳрӯз якпаҳлу рӯи рақибаш афтид. Попов тавонист нахуст шуда аз ин ҳолат берун ояд. Ҳарифашро ба партер зер кард ва дасти чапи ӯро аз миёни пой гузаронда усули дардоварро, ки дар ин кор ба қавле устухон надошт, пахш карда тоб медод. То охири қувваозмоӣ бошад, камтар аз 40 сония монда буд. Сонияҳои ҳалкунанда. Ҳама гумон дошт, ки ниҳоят бахти Попов омад карду чемпион мешавад. Зеро аз ин усул ками андар кам варзишгар раҳо ёфтааст. Дар чунин ҳолат аз фишори сахт дарди ҷонкоҳ он тараф истад, даст шикастанаш мумкин. Аҳли толор чашм ба варзишгари тоҷик медӯхт, ки ҳамин ҳоло ишорати “таслим мешавам” мекунад. Аммо Беҳрӯз ҳама рагу пайванд як намуда, ба дарди ҷонгудоз тоқат намуд. Ин лаҳза чашмаш ба соати электронӣ афтид: 23 сония мондааст. Баъди ин ору номус мададаш кард ва тамринҳои бисёрсолаю обутоби пайвастаи ҷисм, ки аз дил гузаронд: аз осмон санг борад ҳам, даст ба татами намезанад. Дар ин сонияҳои кулминатсионӣ ғиреву кафкӯбии тамошобинон толорро ларзонд: ҳамаро ҳунармандию батоқатии ҷавони тоҷик тасхир намуд! Гонг садо дод, гонги ғалабаи варзишгари Тоҷикистон, чемпиони нави ҷаҳон!
Беҳрӯз ин лаҳзаи пирӯзӣ дарди шадидро фаромӯш карда, сабук ба по хест ва довар дасти ӯро ҳамчун ғолиб бардошт. Дар ғояти ҳаяҷону хурсандӣ худро ба оғӯши сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон Носир Бозоров зада, беихтиёр гирист. Ашки шодии ҷавонмарди музаффар!
Ғалабаи паҳлавони тоҷик дар қувваозмоии финалии чемпионати ҷаҳон дар Сочи ба осонӣ ба даст наомад. Беҳрӯз то ба ғалаба чор ҳарифро аз Руминия, Гурҷистон, Италия ва Хорватия яке паси дигар мағлуб намуд, ки аксарияти ин самбочиён қаҳрамонҳои ҷаҳону Аврупо буданд.
Дар финал ӯ чемпиони Беларусро шикаст дод. Дар ин робита ҳар мухлиси самбо беихтиёр пойтахти он шаҳри Минскро ёд меорад, ки дар он ҷо соли 1975 таҳамтани беҳамтои тоҷик шодравон Саймумин Раҳимов аз миёни варзишгарони кишвар бори нахуст чемпиони ҷаҳон шуда буд.
- Ин комёбӣ ба ман гӯё болу пар бахшид. Бисёр мехоҳам дар Бозиҳои олимпӣ иштирок кунам, ба хотири боз ҳам баландтар бардоштани обрӯю эътибори варзиши тоҷик, - гуфт донишҷӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов Беҳрӯз Хоҷазода ва афзуд, - ин медали тилло туҳфаи хоксоронаи ман ба ҷашни Рӯзи Президент аст. Зеро маҳз ғамхорию дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷавонон, аз ҷумла варзишгарон, асоси чунин комёбиҳо ба хотири шаъну шарафи Тоҷикистони азизамон мебошад.
Хуршеди ҶОВИД,
Раҳматулло КАРИМОВ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.11.2017    №: 233    Мутолиа карданд: 985

26.01.2020


Тасдиқи рамзи "30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Тасдиқи рамзи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидани солҳои 2019 - 2021

Ноҳияи Дӯстӣ. Қонуншиканиҳо коҳиш меёбанд

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Таъсиси корхонаи муштараки истеҳсолӣ

Файзобод. Рӯ ба рушд

ОЗМУНИ ЧИНИИ "ОВОЗИ ТИЛЛОӢ". Ғолибон муайян шуданд

"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон дар финал

Дар Чин усули табобати коронавирусро пайдо намуданд

Путин вохӯрии панҷ аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ - ро пешниҳод намуд

Макрон пешниҳоди Путинро дар бораи вохӯрии кишварҳои аъзои доимии Шӯрои амният хуш пазируфт

Эътилоф амалиёти низомиро дар Ироқ боздошт

Меркел дар Давос бо сарони Ироқ ва Афғонистон вохӯрд

Ҷаҳон дар як сатр

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст

Меркел бо Си Ҷинпин натоиҷи конфронси Берлин оид ба Либияро баррасӣ намуд

Солеҳ ва Трамп масъалаи аз Ироқ баровардани сипоҳи хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд

Котиби давлатии ИМА бори аввал ба Минск меояд

Ба сокинони Ухани бинобар хурӯҷи коронавирус тарки шаҳрро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад

Барои офаридани ваксинаи русӣ бар зидди коронавируси чинӣ ним сол зарур аст

Дар Лубнон бори нахуст зан вазири мудофиа шуд

Дар Чин собиқ сарвари Интерпол барои пора 13,5 сол паси панҷара меравад

Ҷаҳон дар як сатр

Маъюбон. Махзани ягонаи электронӣ таъсис ёфт

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед