logo

сиёсат

ИҶЛОСИЯИ ХVI ВА ОҒОЗИ РАВАНДҲОИ СОЗАНДА

Таърихи давлатҳо ва миллатҳо санаҳоеро абадан дар ёд мегирад, ки дар ҳамин вақту замон дигаргуниҳои куллӣ ба вуқӯъ пайваста, раванди рушди онҳоро куллан тағйир додааст. Маҳз аз ҳамин сабаб омили вақту замон дар қонунияти умумии рушди давлатҳо ҳамчун организмҳои зинда ва доимо дар ҳолати рушд қарордошта аҳамияти хосса дошта, имконият медиҳанд, то инкишофи онҳо тӯли таърих то замони муайян ва баъди замони муайян даврабандӣ карда шавад.
Дар таърихи давлатдории навини мо низ чунин марҳилабандиҳо вуҷуд доранд, ки ба ҳар як марҳила оғози зинаи нави рушд ва ё тағйирёбии куллии хусусиятҳои равандҳо ва муносибатҳои сиёсию ҷамъиятӣ хос мебошанд. Ба сифати яке аз чунин марҳилаҳои тақдирсоз баргузории Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки давраи комилан нави муносибатҳо ва таҳаввулоти ҷиддии сохторию мазмуниро дар раванди давлатдории мо оғоз бахшид.
Имрӯз метавон баргузории Иҷлосияи ХVI – ро ҳамчун раванде маънидод намуд, ки вобаста ба хусусияти авзои сиёсии замон нофаҳмӣ ва зиддиятҳои мавҷудаи байни намояндагони мардумиро марҳила ба марҳила ҳал намуда, муваффақияти кори худро таъмин намуд. Таъсис додани комиссияи муросо оид ба таҳияи лоиҳаи рӯзномаи ҷаласа, баргузории маҷлиси машваратӣ ва сипас гузаштан ба баррасии масъалаҳо ин ҳама нишонаи он буд, ки вакилони Шӯрои Олӣ иродаи қатъии сиёсии гузарондани ин иҷлосияро доштанд. Таҳлили раванди баргузории иҷлосия нишон медиҳад, ки нофаҳмиҳо ва ҷудоиандозиҳо парлумонро ҳам фаро гирифта буданд ва қабули қарорро мушкил мегардонданд. Таъсиси комиссияи муросо худ нишондиҳандаи он аст, ки дар рафти таҳияи лоиҳаи рӯзнома ҷиҳати муайян намудани афзалияти масъалаҳои баррасишаванда байни вакилон ҳам сараввал якдигарфаҳмӣ набуд. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, аксарияти вакилон, ки аз мардум намояндагӣ мекарданд, ба яке аз масъалаҳои бениҳоят муҳими вақт, яъне эътирофи мушкилоти сиёсӣ ҳамчун масъалаи ҳаёту мамот комёб гаштанд. Дар ин замина, яке аз омилҳои муҳими ваҳдатсозе, ки баҳри оғози фаъолияти  иҷлосия мусоидат намуд, ин маҳз эътирофи мушкилоти сиёсӣ буд. 
Омили муҳими эътирофи мушкилӣ ҷонибҳоро маҷбур мекард то дар роҳи расидан ба мақсади ниҳоӣ манфиатҳои умумидавлатӣ ва умумимиллиро дар ҷойи аввал гузоранд. Дар натиҷа муттаҳидӣ, ҳамдилӣ, бахшиш, гузашт, эҳтироми ҳамдигарӣ, новобаста ба гуногунии ақида, мавқеъ ва манфиат арзишҳое қабул гаштанд, ки самаранокии кори ин рӯйдоди муҳимро таъмин намуданд.
Омили дуюми ваҳдатсоз ин бартараф намудани монеаҳои иҷтимоию равонӣ ва сиёсӣ дар раванди баррасии масъалаҳо буд. Иҷлосияи ХVI дар шароити ниҳоят вазнини буҳронӣ мегузашт ва хоҳу нохоҳ ин ҳолат таъсири худро ба рафти он мерасонд. Зеро иштирокчиёни иҷлосия ҳамчун ифодакунандаи манфиатҳои гурӯҳҳои муайяни аҳолӣ вазифадор буданд, то дар ин шароити мушкил аз онҳо дифоъ намоянд.
Дар баробари ин монеаҳои иҷтимоию равонӣ ва сиёсӣ дар низоми мавҷудаи муносибатҳо зиёд буданд, ки баҳри муҳокимаи масъалаҳо монеа эҷод мекарданд. Дар ин роҳ баррасии озод ва кушодаи масъалаҳо баҳри аз байн бурдани нофаҳмиҳо мусоидат намуд. Яъне, ҳар як вакил имконият дошт мавқеи шахсии худро вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда дошта бошад.
Омили дигар ин дарёфти манфиати умумӣ дар ҳалли бечунучарои буҳрони мавҷудаи ҳокимият буд. Буҳрони ҳокимияти сиёсӣ дар ноқобилии он вобаста ба масъалаҳои идоракунии самаранок, аз байн рафтани низом ва назорат дар иҷрои уҳдадориҳои қонунӣ, эътироф нагардидан аз ҷониби аҳолӣ, таъмин карда натавонистани волоияти қонун ва амнияти шаҳрвандон таҷассум ёфта, ҷомеаро ба вартаи ногузири ҳалокат наздик карда буд.
Яке аз омилҳои муҳими дигаре, ки дар роҳи ба ваҳдат овардани ҷомеа мусоидат намуда, баҳри ташаккули марҳилаи сифатан нави муносибатҳои сиёсӣ дар кишвари мо замина гузошт, ин ташаккули ғояи сулҳ ва дасткашӣ аз зӯроварӣ ба хотири таъмини ҳастии давлат буд. Гузашти марҳилаи муайяни вақт, таҳлилу омӯзиши таҷрибаи таърихӣ ва воқеияти имрӯза собит месозад, ки дар шароите, ки нафрату бадбинӣ ва кинаю хусумат дар ҷомеа чуқур реша давонда буданд, пайдоиш ва ташаккули ғояи сулҳ, пеш аз ҳама, нишонаи хиради азалии Пешвои миллат буд, ки дар чунин шароити ҳассос аз гузашту авф сухан гуфта, ҷомеаро ба ваҳдату даст кашидан аз зӯроварӣ даъват менамуд. Барои баъзе гурӯҳҳои иҷтимоии вобаста ба хусусияти вазъ ташаккулёфта, шунидан ва дарк намудани мафҳуми «бахшишу гузашт» аслан қабул набуд. Лекин вобаста ба ин масъалаи муҳими ҳаётӣ қотеъона изҳори ақида намудани Роҳбари сиёсии кишвар ба мавҷудияти духӯрагиҳо ва номуайяниҳо хотима гузошта, мавқеи башардӯстона ва сулҳҷӯёнаи Ҳукумати навтаъсисро дақиқ муайян намуд.
Изҳороти Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки «ман кори худро аз сулҳ оғоз мекунам» буд, ифодагари иродаи сиёсӣ ва шуҷоатмандона дасти оштӣ дароз кардани шахсияти таърихие буд, ки тавассути ин тадбир гардиши ҷиддиро дар ҷараёни умумии равандҳои сиёсии вақт  ба амал овард.
Пайдоиши ғояи сулҳ ва мунтазам ба идеологияи пурқуввати муттаҳидкунанда мубаддал гаштани он хизмати таърихии Пешвои миллат аст, ки имрӯз вақт тақдирсоз будани ин амалро собит намуд. Ғояи сулҳ, ки аввалин маротиба дар сатҳи баланд дар ин иҷлосия садо дода буд, заминаи асосии назарияи ягонаи ваҳдати миллӣ гардид, ки ҳамчун таҷассумкунандаи арзишҳо, принципҳо ва ормонҳо миллати моро ба суботу амнияти комил расонд.
Баргардондани гурезаҳо низ яке аз омилҳои муҳими таъминкунандаи ваҳдат ва ягонагии миллати тоҷик маҳсуб меёфт. Маҳз аз ҳамин сабаб Раиси Шӯрои Олии мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуда буд, ки «… то як тоҷик берун аз Ватан қарор дорад, ман худамро ором ҳис карда наметавонам» ва ин бори дигар собит месохт, ки тоҷик дигар бедавлату бесоҳиб нест ва фақат худи ӯ қодир аст ватанашро обод намояд. Таъмини сарҷамъии воқеии миллат ҳам яке аз вазифаҳои асосии ҳокимият ба шумор рафта, эътирофи мардум ба сифати сарчашмаи асосии ҳокимият яке аз нишонаҳои принсипи демократие буд, ки Раиси Шӯрои Олии кишвар дар ин иҷлосия эълон дошта буд.
Маълум аст, ки идоракунии самаранок дар ҳама давру замон, пеш аз ҳама, аз фаъолияти сарвар вобастагии ҷиддӣ дорад. Вобаста ба ин, дар шароити мушкили низоӣ идора кардани ҳокимият, ба корандозии механизмҳои фалаҷшудаи он, ташаккули фазои ҳамдигарфаҳмӣ, таъмини ваҳдату якдилӣ, мутақоид намудани ҷонибҳои даргир ба дасткашӣ аз силоҳ, ҷамъ овардани онҳо гирди мизи гуфтушунид ва роҳандозии стратегияи ҷадиди фаъолият дар шароити ҷангӣ аз сарвари сиёсӣ шуҷоат, нотарсӣ, қотеият, азхудгузарӣ, масъулият ва кордониро тақозо менамуд. Ин ҳама хислатҳо, ки метавонистанд самаранокии идоракуниро дар вазъи мушкили сиёсӣ таъмин намоянд, дар симои шахсияти бузурги таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷассуми худро ёфта буданд. Маҳз натиҷаи талошҳо ва кӯшишҳои Пешвои миллат буд, ки дар кишвар ниҳоди нави сарварӣ ташаккул ёфта, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон дод, ки дар роҳи ҳалли низоъ на танҳо стратегияҳои «ғалаба» ва «мағлубият», балки «гузашт» - у «созиш» низ мавҷуданд, ки татбиқи онҳо метавонанд муваффақияти бештаре дошта бошанд.
Таҳлили омилҳои ваҳдатсози Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки эътирофи мушкилоти сиёсӣ, татбиқи стратегияи тағйирпазирии вазъият, бартараф намудани монеаҳои иҷтимоию равонӣ ва сиёсӣ дар раванди баррасии масъалаҳо, ташаккули ғояи сулҳ ва дасткашӣ аз зӯроварӣ ба хотири таъмини ҳастии давлат, мушаххас намудани афзалиятҳо дар роҳи расидан ба субот, тасдиқи рамзҳои давлатдорӣ, тағйироти сохторӣ дар идоракунии давлатӣ, муаррифии кишвар ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ, устуворшавии ҳокимияти сиёсӣ ва ба даст овардани боварӣ дар шароити мушкили буҳронӣ дастовардҳои муҳиму давлатсози ин рӯйдоди муҳими таърихӣ буд, ки марҳилаи навро дар пойдории давлати миллӣ оғоз бахшид.
Махфират ХИДИРЗОДА,
муовини раиси вилояти Хатлон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.11.2017    №: 233    Мутолиа карданд: 743

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед