logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИСТЕЪДОД ЧАШМИ БИНО ДОРАД
Полина Горенштейн ба расмкашӣ шавқи зиёд дошт. Пасон ба хореография дил баст. Машғулиятҳои балет вақт ва неруи зиёдро мегирифтанд, бинобар ин, маҷбур шуд, ки қаламу коғазро муваққатан як сӯ гузорад.
Пас аз хатми омӯзишгоҳи хореографӣ дар шаҳрҳои  Мариупол  ва Киев бо тахаллуси Лина По ба ҳунарнамоӣ оғоз кард. Баъд ба Москва омада, шогирди устодони коргоҳи олии хореографии Театри калон шуд.
Полина Михайловна дар саҳнаҳои бузург рақсида, ба сифати балетмейстер асарҳо рӯйи саҳна меоварду ба раққосони ҷавон дарс мегуфт.
Дар рафти кор ҳаракатҳои нозуки балеринаҳоро ба қалам медод. Ин лаҳзаҳо ӯ гармонияи ҳаракоти мавзуни бадани раққосонро  бо мусиқӣ дар тамоми вуҷудаш эҳсос мекард. 
Аммо зиндагии инсон баъзан таҳти таъсири омилҳои ба худаш новобаста сурат мегирад. Лина По бо бемории шадид дар клиникаи неврологии Москва бистарӣ шуд. Беэътиноӣ ба зукоми одӣ оқибати нохуше ба бор овард: ӯ қобилияти мусиқифаҳмӣ ва хотираи мусиқиашро аз даст медиҳад. Амузия ба торҳои асаби дигар узвҳои бадани ӯ низ таъсири манфӣ расонда, дасту пойҳояш фалаҷ, чашмонаш кӯр мешаванд.
Яке аз мухлисони Лина По офталмологи машҳур Дмитрий Шамбуров буд. Ӯ медонист, ки Лина ҳангоми таҳияи балет аз пластелин мизансаҳнаи асарҳояшро бо пайкари балеринаҳо меофарид. Шамбуров Линаро маҷбур месозад, ки барои ба ҳаракат овардани дастҳояш бо пластелин кор кунад. Аз рӯи одат ӯ ба муҷассамасозӣ мепардозад. Аввалин пайкараи сохтааш исми «Вероника» - ро мегирад.  Қиёфаи зани маҳзуне, ки сарашро  ба як сӯ хам кардааст, худи Лина Михайловна буд.
Пас аз чанд моҳ тавассути заҳмати пайваста ӯ аз бемории фалаҷ раҳо меёбад, вале қувваи босирааш барнамегардад. Пайкараҳои «Духтари гирён», «Скрипканавози ҷавон», «Балерина», ки бо маҳорати баланд офарида шуда буданд, эътимоди ӯро бештар ва ҳавасашро ба кор дучанд намуданд.
Пасон ба офталмолог В. Филатов даст дод, ки қувваи босираи яке аз чашмҳои ӯро каме барқарор намояд. Аммо дигар он ба Лина По лозим набуд. Ҳангоми кор ӯ чашми нимбинояшро бо латта мебаст. «Ман дунёро ҳамин тавр ҳам бисёр хуб мебинам», - мегуфт ӯ.
Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ


ОНҲО АЗ ХУРДӢ МАШҲУР БУДАНД
Акрит Ҷасвал соли 1993 дар Ҳиндустон ба дунё омадааст. Ӯ аз синни 6 - солагӣ дар беморхона таҷриба меомӯхт. Дар 10 - солагӣ духтарчаеро, ки гирифтори бемории саратони сар  буд, ҷарроҳӣ намуд.
Элайна Смит дар шаҳри Ковентр ба дунё омадааст. Аз 7 - солагиаш мушовири радио буд. Кораш аз он иборат буд, ки дар пахши мустақим ба зангҳои воридотии одамоне, ки дар ҳолати бад ва ё дар остонаи худкушӣ қарор доранд, ҷавоб мегӯяд.
Александр Приор соли 1992 дар Лондон ба дунё омадааст. Дар синни 3 - солагӣ мустақилона фортепианно навохтанро омӯхт. Аввалин мусиқиашро дар синни 8 - солагиаш эҷод намудааст. Айни замон, муаллифи 48 асари мусиқӣ, аз ҷумла операву балет ва симфонияҳо, мебошад.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ


БАҲОИ ҲЁТЕ БА ҲОФИЗ
Вақте шоири немис Иоҳан Ҳёте “Девони Ҳофиз”- ро мутолиа мекунад, аз зебоии баёни  Ҳофизи Шерозӣ, ки баъзан пардапӯшона фикри худро баён мекард, моту маҳбут мешавад. Дар тақлид бар он “Девони Ғарбию Шарқӣ”- и худро эҷод мекунад.  Вақте рӯзномаҳо  Ҳётеро “Офтоби назми олам” муаррифӣ карданд, ӯ дар ҷавоб менависад: “Ман дар осмони назм аслан офтоб не, балки моҳтоб ҳастам, ки нурҳои офтобро инъикос мекунад. Офтоб дар Шарқ тулӯъ кардааст  ва номи ӯ Ҳофизи Шерозист”.
Воқеан, дар Олмон беш аз 200 маротиба “Девони Ҳофиз”- ро рӯйи чоп овардаанд.
Таҳияи Лола РИЗОӢ


ГАРАВПУЛӢ
Сайёҳи сарватманде ба шаҳраке расиду вориди меҳмонхона шуд. Ӯ ба соҳиби меҳмонхона сад доллар гаравпулӣ дода, хост аз шароити ҳуҷраҳои меҳмонхона дидан кунад.
Соҳиби меҳмонхона пулро гирифтан замон дарҳол ба назди қассоб давид, то қарзи худро баргардонад. Қассоб он пулро ба чорводоре, ки аз ӯ гов харида буд, расонд. Чорводор пулро ба мошинсоз дод, ки чанде пеш мошини боркаши ӯро таъмир карда буд. Мошинсоз ба дукони маркази шаҳр раҳсипор шуду қарзи худро канд. Соҳиби дукон пайсаро ба бонуе бурд, ки чанде пеш дар қаҳвахонаи меҳмонсаро шинос шуда, аз хизматрасонии ӯ истифода карда буд. Бону зуд он маблағро ба соҳиби меҳмонхона барои ҳуҷраи баиҷорагирифтааш супурд.
То ин дам сайёҳ ҳама қисматҳои меҳмонсароро аз назар гузаронда, поён омад. Ҳуҷраи мувофиқ наёфтанашро изҳор дошта, пули додаашро бозпас гирифт. Касе соҳиби чизе нашуд, аммо аксари сокинони шаҳр аз қарзҳои ҳамдигар халос шуданд. Онҳо оҳи сабуке кашида, ба зиндагии якранги худ идома доданд.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


ЗИНДАГӢ ДАР МИРРИХ?
Сафар ба Миррих ва фатҳи он яке аз вазифаҳои муҳими парвозҳои кайҳонӣ дар садаи ХХI маҳсуб мешавад. Феълан бархе аз экспедитсияҳои тиҷоратии кайҳонӣ нияти то соли 2024 фатҳ кардани Миррихро нақшабандӣ менамоянд.
«NASA», «Роскосмос» ва «ESA» бошанд, дар эълони фатҳи ин сайёраи мадори замин саросема нестанд. Ба ақидаи онҳо таҷрибаҳои тиббию таҳқиқоти технологӣ ва ҳисоби илман асоснокшуда, ки дар асоси маълумоти аз ин сайёра дастрасгардида пеш бурда мешаванд, собит менамоянд, ки Миррих ба ҳаёти инсон мутобиқу мувофиқ аст. Ин маълумот дар маҷаллаи амрикоии «Geophysical Research Letters» ба табъ расидааст.
Таҳияи Қурбон АҲМАДЗОД


10 КИТОБХОНАИ НОДИРИ ОЛАМ
Китобхона ё лаълии паррон
Китобхонаи Сандро Пенаи шаҳри Перуҷии Итолиё  дар баробари дигар даргоҳҳои илму маърифати ин кишвар  тавонист бо намуди ғайриодии хеш  бинандагонро мафтун сохта, яке аз мавзеъҳои дилписанди сайёҳҳони олам гардад.
Ин биноро дар шакли объекти номаълуми парвозкунанда (НЛО), ё худ лаълии паррон сохтаанд. Шакли зоҳириаш ба киштии рангаш гулобӣ шабеҳ буда, бо маҳорати баланди меъморӣ сохта шудааст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


15 000 000 $ АРЗИШИ ЯК ПОЙАФЗОЛ
Ороишгари бритонӣ Дебби Уингэм аз ҳама пойафзоли қиматтаринро бо арзиши 15 000 000 доллар ба намоиш гузошт. Пойафзол бо супориши яке аз мизоҷон аз Дубай дӯхта шудааст. Он ба сифати туҳфа дар ҷашни 30-солагии яке аз хешовандони фармоишгар тақдим гардид.
Ороишгар зиёда аз ҳазор  санги қиматбаҳо, аз ҷумла, алмосиҳои сафед, нодири гулобӣ ва кабудро дар ороиши он истифода бурдааст. Ҳамаи сангҳо бо платина насб шудаанд. Бандгузарон ва дигар ҷузъиёти пойафзол аз тилло омода шудаанд. Ҳатто чарми пойафзол бо оби тиллои 24-карата ранг шуда, риштаҳояш низ тиллоиянд.
Таҳияи Г. МАВЛОНАЗАРОВА


Дейл Карнеги
Бегуфтугӯ, ҳамсари шумо норасоие дорад. Агар ӯ чун фаришта пок мебуд, ба шумо намерасид.
* * *
Дилхоҳ аблаҳ метавонад танқид кунад, мавзӯеро ба муҳокима кашад ва ё аз касе шикоят барад. Ин тоифа одамон аксаран чунин ҳам мекунанд.
Тарҷумаи М. ЗУВАЙДОВА


ЯК ПАНД
Ҳангоми дарс устод китоби сиёҳеро ба шогирдон нишон дода, бо таъкид мегуфт, ки он сурх аст. Шогирдон сухани ӯро рад карда, ранги китобро сиёҳ мегуфтанд. Як муддат ҳар ду ҷониб ба андешаи худ пофишорӣ кард. Ниҳоят устод тарафи дигари китобро нишон дод, ки дар ҳақиқат сурх буд.
- То он даме, ки ба ин ё он ҳолат аз назари каси дигар нигоҳ накунед,  нагӯед, ки  ӯ ноҳақ аст, - ҳикматомезона гуфт устод.
Меҳрона ЗУВАЙДОВА


СТАЛИН ВА КАДР
Сарфи назар аз сиёсати кадрии Сталин, раиси Кумитаи санъат  Харченко аз пеши худ фармон содир карда, сарояндаи номӣ Марк Рейзенро аз «Болшой театр» ҷавоб медиҳад.
Дере нагузашта ба Рейзен, ки садояш ба Сталин бениҳоят маъқул буд, Поскребишев занг зада, огоҳ менамояд, ки барои имрӯз дар Кремл баромад намудан омода бошад. Рейзен узромез посух медиҳад, ки ӯро аз кор ҷавоб доданд ва наметавонад ин хоҳишро иҷро кунад. Вале баъди чанд лаҳза мошини махсус  омада, ӯро аз назди хонааш ба Кремл мебарад…
Рейзен чун ҳамеша бениҳоят олӣ ва ҷолиб ҳунарнамоӣ мекард. Сталин, ки аз асли воқеа огоҳ буд, Харченкоро ба назди худ мехонад ва ба Рейзен ишора карда мепурсад:
- Ин кӣ?
- Сароянда Рейзен.
- Шумо кӣ?
- Раиси Кумитаи санъат  Харченко.
- Нодуруст. Ин кас - солисти Театри калони давлатии академӣ, Артисти халқии СССР Марк Осипович Рейзен, шумо бошед - аблаҳ. Такрор кунед!
- Ин кас  солисти Театри калони давлатӣ, Артисти халқии СССР Марк Осипович Рейзен, ман бошам - аблаҳ.
- Ана ин гапи дигар, - мегӯяд Сталин.
Тарҷумаи Мавлуда ОДИНАЕВА


3D АМСИЛАИ ПАЛМИРАРО СОХТАНД
Палмира яке аз ёдгориҳои шинохтаи Шарқи Наздик мебошад. Он шаҳри дорои аносири бойи фарҳангҳои Шарқу Ғарб буд. Палмира дар воҳаи байни биёбон ҷойгир шуда, аллакай дар асри  II  бо зебоии худ машҳур гашта буд. Дурустии банақшагирии сутуни дайрҳо ва биноҳои ҷамъиятӣ на танҳо одамони ҳамон давра, балки сайёҳҳони аврупоии асрҳои XII-XIII-ро ба ҳайрат меоварданд.
Мутаассифона, шаҳри қадима дар ҷабҳаи ҷанги шаҳрвандии Сурия қарор гирифт, ки чанд сол боз давом дорад. Моҳи майи соли 2015 Палмираро ҷангиёни «Давлати исломӣ» (дар Тоҷикистон  манъ  карда  шудааст) забт карда, бисёр биноҳои қадимаро тарконданд.
Ҳодисаҳои Палмира ба кишварҳои Аврупо таассуроти ногувор гузошт. Бинобар ин, якбора якчанд амсилаи шаҳри қадима аз чоп баромад. Тадқиқгарони Русия низ амсилаи шаҳрро сохтанд. 18 ноябр он дар VI Ҳамоиши фарҳангии Санкт-Петербург ба намояндагони Сурия супурда мешавад. Дар омода намудани амсила кормандони Эрмитаж ва ширкати «Геоскан» иштирок доштанд. Ҳоло барои таҳияи системаи геоиттилоотии «Палмира дар вақт ва фазо» кор бурда истодаанд.
Тарҷумаи Ш. ҚУРБОН


ДАР ЯК МИЖА ЗАДАН
Фактҳои ҷолиб дар бораи чашм
Қарияи чашми инсон ба қарияи чашми наҳанги обӣ хеле монанд аст. Бинобар ин, ҳангоми гузарондани амалиёти ҷарроҳии пластикӣ қарияи чашми инсонро бо қарияи наҳанг иваз мекунанд.
Ҳар чашми мо 170 миллион ҳуҷайра дорад ва ҳар кадоми он рӯшноиро ба таври алоҳида ҳис мекунад.
Чашми инсон танҳо се қитъаи спектрро қабул мекунад. Он аз рангҳои сурх, кабуд ва зард иборат мебошад. Тамоми рангҳои дигар аз омезиши ин рангҳо ба вуҷуд меоянд.
Диаметри чашми мо 2,5 сантиметр буда, ҳамагӣ 8 грамм вазн дорад.
Мо танҳо аз 1/6 себаки чашмро мебинему халос.
Олимон ҳадс мезананд, ки инсон дар давоми умраш тақрибан 24 миллион манзараро аз пеши назар мегузаронад.
Нақши ангуштони мо 40 хусусияти фарқкунанда дорад. Ин дар ҳолест, ки пардаи луобии чашмон 256 нишонаро дорост.
«Дар як мижа задан». Ин ифода беҳуда пайдо нашудааст. Мушакҳои чашм, дарвоқеъ хеле тезҳаракатанд. Як мижа задан 100 – 150 миллисонияро дар бар мегирад. Пас, мо метавонем дар як сония то 5 маротиба мижа занем.
Ҳар як тори мижгони инсон то 5 моҳ умр мебинад. Пас ба ҷои он мижгони дигар месабзад.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА


ҲАЛОНГ – ЯКЕ АЗ 7 МУЪҶИЗАИ НАВИ ТАБИАТ
Яке аз минтақаҳои зеботарини Осиёи ҷанубу шарқӣ халиҷи Ҳалонг ба ҳисоб меравад, ки бо табиати дилфиребаш диққати сайёҳҳонро ба худ ҷалб намудааст.
Он дар қисмати шимолии Ветнам дар баҳри Хитойи Ҷанубӣ ҷайгир буда, аз 3000 ҷазира, харсангҳо ва ғорҳо иборат аст. Халиҷро соли 1994 ба хотири табиати нотакрораш ба рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил намуданд. Масоҳаташ 1500 километри мураббаъро ташкил медиҳад. Ҳалонг калимаи ветнамӣ буда маънояш ҷое, ки «аждаҳо ба баҳр фуруд омадааст» мебошад.
Ҷазираи мутараққиву  пешрафтаи халиҷ Туанчау ба ҳисоб меравад, ки дар он собиқ қароргоҳи доҳии Ветнам Ҳо Ши Мин ҷойгир аст. Ҷазираи калонтаринаш Катба буда, соли 1986 дар як қисми он боғи миллӣ бунёд гаштааст. Дар ҷазира кӯлҳо, шаршараҳо ва ғорҳои зиёде мавҷуданд, ки машҳуртарини он ғори Дауго ном дорад. Дар Ҳалонг наздики 1600 нафар дар хонаҳои рӯиобӣ зиндагӣ мекунад. Шуғли асосии онҳо моҳидорӣ мебошад. Соли 2011 халиҷи Ҳалонг дар баробари боғи миллии Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, шаршараи Игуасу, дарё ва ҷангалзори Амазонка, ҷазираи Чеджу, боғи миллии Комодо ва дарёи зеризаминии шоҳзода Пуэрто ба рӯйхати «7 муъҷизаи нави табиати олам» шомил шуд.
Таҳияи Комрон САФАР


ҲАВЗИ КАЛОНТАРИНИ ҶАҲОН
100 километр ҷанубтар аз шаҳри Сантяго - пойтахти Чили, дар истироҳатгоҳи Алгарробо калонтарин ҳавзи сунъии шиноварии Сан Алфонсо-дел Мар, ки онро «баҳри сохта» низ меноманд, ҷойгир аст.  Андозаи он касро ба ҳайрат меорад, дарозияш 1 километру 13 метр ва майдони он 8 километри мураббаъро дар бар мегирад. Ҳаҷми оби ҳавз 250 ҳазор мукааб метр ва чуқуртарин нуқтаи он  34,5 метр мебошад. Дар  сохтмони лоиҳаи Сан Алфонсо-дел Мар 1,5 миллиард доллар  сарф шудааст. Дар як сол 3-4 миллион  доллар  барои нигоҳдории ҳавз сарф мегардад.
Пайдоиши он хеле аҷиб аст. Сантяго шаҳри сайёҳӣ набуд, зеро об дар соҳили уқёнуси Ором пур аз хатар аст, дар соҳили он наҳангҳо шино мекунанд ва зуд-зуд тӯфон ба амал меояд. Ҳамчунин, ҳарорати оби уқёнус  аз  17  дараҷа зиёд нест, ки  боиси нороҳатии истироҳаткунандагон  мегардад. Лекин,  Фернандо Фишмано хост бо тағйири вазъ Сан Алфонсо-дел Марро ба шаҳри истироҳатӣ табдил диҳад. Аз ин хотир,  ҳавзи  ғайриодиро сохт, ки бо имконоти худ уқёнуси  сарду  хатарнокро иваз намуд. Ф. Фишмано дар ҳавз системаи компютерикунонидашударо роҳандозӣ намуд, ки об сари вақт аз уқёнус ба ҳавз рехта, ба таври автоматӣ пок мегардад ва доимо дар ҳарорати 26 дараҷа нигоҳ дошта мешавад.
Соли 2006 он ҳамчун калонтарин ҳавзи шиноварӣ дар рӯи олам шинохта шуда, ба «Китоби рекордҳои Гиннес» дохил гашт.
Таҳияи Нигина РАҲМОН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.11.2017    №: 235    Мутолиа карданд: 989

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед