logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА МИЛИТСИЯИ ТОҶИК

Истиқлолият беҳтарин арзишест, ки ҳастии халқу миллатро ифода намуда, орзуву омоли ватандориро дар худ таҷассум месозад. Саҳм ва мавқеи сохтору ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла Вазорати  корҳои дохилӣ зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон баъд аз баргузории Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва истиқлолияти комили  кишвар хеле назаррас аст.
Дар таҳкими сулҳ ва устувории пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи тартиботу оромии ҷомеа, ки имрӯзҳо ҷомеаи гуногунмиллати Тоҷикистон зиндагии осударо соҳиб аст, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ нақши арзанда доранд. Дар ин муддат кормандони милитсия ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз худ намунаи баланди ҷасорату мардонагӣ нишон дода, ҳамқадам, муҳофиз, мубориз ва сипари боэътимоди истиқлолият ва халқи кишвар будани худро исбот намуданд.
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, аз ҷумла милитсияи вилояти Суғд, дар тамоми чорабиниву амалиётҳои дастгиркунии гурӯҳҳои ҷиноятпеша дар сафи пеши мубориза қарор доштанд. Дар ин замина иштироки онҳо дар таъмини амният ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар минтақаҳои ҷануби ҷумҳурӣ дар солҳои 90-уми асри гузашта, корнамоиҳои онҳо дар моҳи ноябри соли 1998 бар зидди гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткор, ки мақсади халалдор сохтани тинҷиву оромии вилоят ва бо роҳи зӯроварӣ ба даст овардани ҳокимиятро доштанд, пешгирии амалҳои террористӣ ва экстремистӣ дар минтақаҳои гуногуни мамлакат, муайян ва дастгир намудани аъзо ва пешвоёни иттиҳодияҳои ҷиноятӣ назаррас аст.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ фаъолияти мақомоти милитсияро дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ намунаи ибрат арзёбӣ намуда, таъкид карда буданд: «Ман аз ҳар кадоми шумо миннатдорам, ки бо дарки масъулияти баланд, ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстиву садоқат вазифаву уҳдадориҳои худро дар назди давлат ва халқи худ адо менамоед. Зеро милитсия ҳомии низому тартиботи ҷамъиятӣ, муҳофизатгари боэътимоди халқ ва давлати Тоҷикистон мебошад. Милитсия посдори суботу оромӣ ва кафили осудагиву хотирҷамъии мардум мебошад». Ин баҳои баланди Сарвари давлат боиси боз ҳам афзудани ҳисси ифтихори касбии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ва рӯҳбаландии онҳо барои иҷрои содиқонаи вазифаҳои хизматӣ дар назди халқу Ватани маҳбубамон гардидааст. 
Зикри як нукта муҳим аст, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат таҳкурсии моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ ва сохторҳои он, барои дар сатҳи баланди касбӣ иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ, бо иншооти замонавӣ ва таҷҳизоту воситаҳои муосири техникӣ мунтазам таҳким бахшида мешавад.
Беҳсозии шароити хизмат ба пешрафти кори мақомоти милитсияи вилояти Суғд мусоидат намуд. Дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани фаъолияти оперативӣ-хизматӣ мақомоти корҳои дохилии вилоят ба натиҷаҳои баланди хизматӣ ноил гардид. Маҳз фароҳам овардани шароити корӣ боис гардидааст, ки тайи панҷ соли охир дар самти бақайдгирии ҷиноятҳо натиҷаҳои мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ беҳтар гардида, фоизи кушодашавии ҷиноятҳо сол ба сол афзуда истодааст. Таъмини ошкорсозии ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнини изтиробангези таъсири васеи ҷамъиятидошта, кушторҳои бераҳмона, роҳзанӣ, ғоратгарӣ, безараргардонии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, ҷиноятҳои муқобили амнияти давлатӣ, боздошти ашхоси нашъаҷаллоб, мусодираи яроқу аслиҳа ва даҳҳо дигар намуди ҷиноятҳо, ки милитсияи вилояти Суғд ошкор намудааст, пеш аз ҳама, бозгӯи маҳорату  истеъдоди касбӣ ва тарзи дурусти коргузориро дар ин ниҳод нишон медиҳад.
Мардуми фарҳангпарвару асолатшиноси тоҷик дар таҷлили яке аз ҷашнҳои фархунда - 25 - солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Ин иҷлосияи таърихӣ ба саҳифаи таърихи навини халқи тоҷик ҳамчун рамзи иҷлосияи наҷотбахшу сарнавиштсоз ва тақдирсоз ворид гардида, давлати навбунёдро аз фанову парокандагӣ нигоҳ дошта, миллати тоҷикро аз гирдоби ҷангу ҷидол ва нобасомониҳо берун кашид. Ба таъбири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷлосияи шонздаҳум тақдири ояндаи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян ва халқи тоҷикро ба сӯи ҷомеаи мутамаддин ва арзишҳои волои башарӣ ҳидоят намуд.
Назарзода Шариф РАҲМОН,
сардори раёсати ВКД - и Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар вилояти Суғд,
генерал- майори милитсия


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.11.2017    №: 235    Мутолиа карданд: 910

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед