logo

иқтисод

МУЪМИНОБОД. РӮ БА ОБОДӢ

Таърихи 25 соли Иҷлосияи тақдирсози 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон собит намуд, ки роҳи пешгирифтаи он масири расидан ба ҳадафҳои олии миллату давлат, музаффариятҳо ва пуштибонӣ аз сиёсати сулҳофари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Имрӯз низ бармало мушоҳида мегардад, ки Роҳбари хирадманди давлат бо самимияти хосса, ҳамкории судманд бо шарикони рушд ва ташкили фаъолияти бонизом дар самти сиёсати дохилию хориҷӣ мардумро ба созандагию ободкорӣ дилгарм сохта, барои бунёди ҷомеаи демократӣ қадамҳои устувор гузоштанд.
Дар марҳилаи пешрафту ободкориҳои мамлакат, аз ҷумла мардуми ноҳия, бо дили пур аз меҳру ихлос барои пешрафту шукуфоӣ, созандагӣ, таъмини иҷрои барномаҳои тараққиёти давлатии ин сарзамин талоши беандоза менамоянд. Арзишҳои миллӣ – Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва Иҷлосияи тақдирсоз, ки таҳкурсии воқеии давлати ҳуқуқбунёд маҳсуб меёбанд, дар байни сокинони диёр беш аз пеш маҳбубият пайдо менамоянд.
Бо ҳидоятҳои ватандӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти соҳибкории хурду миёна дар ноҳия фазои мусоид муҳайё карда шуд. Айни замон дар ноҳия наздики 50 ҳазор гектар замини кишоварзӣ, 4650 хоҷагии деҳқонӣ, 7580 оилаи занбӯри асал, қариб 160 ҳазор сар чорвои калон ва моли майда мавҷуд мебошанд.
Пешрафти соҳаҳо аз иҷрои босамари Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5  декабри соли 2013, № 564 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои кӯҳистони минтақаи Кӯлоб барои солҳои 2014 - 2019» бармеояд. Бовар дорам, ки бо амалишавии ин нақшаи ояндасоз ҳазорҳо ҷойи нави кор пайдо гардида, роҳҳои ба талаботи замон мутобиқ бунёд ёфта, ба ин васила зиндагии шоистаи мардум таъмин мегардад. 
Ҳамчунин, бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат дар ноҳия 9 лоиҳаи сармоягузорӣ ва рушди маҳал мавриди амал қарор дорад. Тавассути татбиқи лоиҳаҳо оид ба беҳсозии сатҳи зиндагӣ, рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо ба ноҳия 82 техникаи гуногунтамға ва беш аз 530 мошинолоти кишоварзӣ ворид карда шуданд. Таъмини хоҷагиҳо бо техникаҳои нав самаранокии истеҳсолро дар ноҳия афзун ва заҳмати кишоварзонро сабук намуд.
Дар заминаи дастгириҳои Ҳукумати кишвар майдони боғу токзорҳои нав, аз ҷумла боғҳои интенсивӣ, ба маротиб афзуданд. Олимону мутахассисон муайян намуданд, ки иқлими ноҳия барои бунёди боғҳо мусоид мебошад. Аз ин рӯ, рушди соҳаи боғу токзори диёр яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор гирифтааст. Инчунин, ният дорем, ки сол аз сол майдони кишти сабзавоту полизиҳоро зиёд намуда, аз заминҳои обии дар ихтиёрдошта соле ду ҳосил бардорем.
Баробари  рушди  бахшҳои  дигар бунёди биноҳои хуштарҳи замонавӣ дар маркази ноҳия - шаҳраки Муъминобод ва деҳоти он вусъат гирифта, ба ҳусни диёр зебоӣ зам менамояд.
Сохтмони муассисаҳои таҳсилоти миёна бо тарҳи муосир дар деҳоти ноҳия, хонаи  бисёрқабатаи  32  ҳуҷрадор ва варзишгоҳи нав аз натиҷаи корҳои созандагию бунёдкорист. Беҳсозии ҷойҳои таърихӣ, аз ҷумла Қалъаи Муъминобод, мавзеи Чилдухтарон, ташкили осоишгоҳҳо, бунёди корхонаи дӯзандагӣ, хатҳои нави об, барқарору мумфаршсозии роҳҳои маҳаллӣ, чароғонкунии гузаргоҳҳои маркази ноҳия аз зумраи тадбирҳое мебошанд, ки амалӣ гардиданд.
Тайи се соли охир беш аз 3,5 километр роҳҳои дохили шаҳрак мумфарш ва чароғон гардида, дар самти роҳи деҳоти Чилдухтарон 38 километр роҳҳо тахту ҳамвор карда шуданд. Дар болои дарёи Сурхак ба дарозии 130 метр пули мошингузар бунёд гардид. Роҳи паҳнбари сангфарш дар масофаи 20 километр то маркази деҳоти Чилдухтарон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар болои дарёи Сардоб (Яхсу) бошад бо дастгирии соҳибкорони маҳаллии ноҳияҳои Муъминобод ва Ховалинг сохтмони пули мошингузар ба дарозии 65 метр идома дорад.
Ба имзо расидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2015 таҳти № 552 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи генералии шаҳраки Муъминобод то давраи соли 2035» аз ояндаи дурахшони як гӯшаи зебоманзари кишвар дарак медиҳад. Мардуми ноҳия аз ин шукуфоию тараққиёти бемайлони замони соҳибистиқлолӣ, ки бо талошҳои пайгиронаи Ҳукумати мамлакат амалӣ гаштанд, беҳад шукргузоранд. Яъне, нақшаҳои дигари ободкориҳову пешрафт моро дар пешанд. Барои амалисозии онҳо дар такя ба эътимоду самимияти мардум ва сиёсати ояндасози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин гӯшаи биҳиштиро ободтару зеботар месозем.
Тоҳирхон АМИРШОЗОДА,
раиси ноҳияи Муъминобод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.11.2017    №: 236-237    Мутолиа карданд: 770

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед