logo

иҷтимоиёт

ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚА ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Душанбе, ки бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни дастаҳои вазорату идораҳо, раёсатҳо ва ташкилоту муассисаҳои пойтахт дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ аз 20 октябр то 16 ноябр идома дошт, анҷом ёфт.
Тибқи иттилои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дар мусобиқаи мазкур 48 даста зӯрозмоӣ намуданд.
Дар  бозии финалӣ, ки 16 ноябр миёни дастаҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ баргузор гардид, вақти асосӣ мусовӣ ба анҷом расид. Дар задани силсилаи зарбаҳои шашметра бошад, дастаи Бонки миллӣ бо ҳисоби 7:6 ғолиб омада, соҳиби Ҷоми раиси шаҳри Душанбе гашт.
Боиси тазаккур аст, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқаи мазкур амалӣ намудани Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни кормандони вазорату идораҳо ва дигар  муассисаҳои шаҳри Душанбе, инчунин муайян намудани футболбозони беҳтарин мебошад.
Раҳматулло КАРИМОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.11.2017    №: 236-237    Мутолиа карданд: 769

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед