logo

сиёсат

ИҶЛОСИЯИ XVI ВА ОҒОЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Ҳанӯз оғози солҳои 90-уми асри гузашта дар Эъломияи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳадафҳои нави давлатдорӣ, таҷзияи ҳокимият, эҳёи анъана ва суннатҳои неки таърихии халқи тоҷик, кафолати ба амал баровардани ҳуқуқҳои гражданӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ба ҳамаи сокинони мамлакат ва инкишофи озодонаи онҳо сабт гардида буданд, аммо вазъияти мураккаби сиёсии онвақтаи кишвар имкон надод, ки меъёрҳои дарҷшуда татбиқи воқеӣ ва амалии худро пайдо намоянд.
Дар чунин як вазъияти беҳокимиятиву бенизомӣ мавҷудияти минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро хатари ҷиддӣ таҳдид мекард. Ватани маҳбубамон дар вазъияте қарор дошт, ки сохтору мақомоти давлатӣ аз уҳдаи пешгирӣ кардани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва аз вартаи буҳрони амиқи сиёсиву иҷтимоӣ раҳо бахшидани ҷомеа баромада наметавонистанд.
Ба шарофати хираду заковати азалӣ, дурандешӣ, сабру таҳаммул ва ҷавҳари созандаи миллати тоҷик Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор шуд, ки дар таърихи навини тоҷикон ҳамчун оғози воқеии раванди сулҳи тоҷикон ва эҳёи рукнҳои давлатдории миллӣ арзёбӣ мешавад. Дар ин иҷлосияи тақдирсоз, 19 ноябри соли 1992, сиёсатмадори ҷавону тавоно Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд ва бо иқдомҳои ватандӯстонаи ин фарзанди фарзонаи миллат дар як муддати кӯтоҳ ба даргириҳои дохилӣ хотима бахшида шуда, дар кишвар сулҳу субот барқарор гашт.
Маҳз, бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол нахустин Конститутсияи арзишҳои демократидошта, 6 ноябри соли 1994 қабул гардид, ки яке аз дастовардҳои муҳими Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бори нахуст мувофиқи моддаи 9-и ин санади олии ҳуқуқӣ эълон намудани муқаррарот дар бораи амалӣ гаштани ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он бо ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва суд ҳамчун шохаи алоҳида ва мустақил замина гузошта шуд. Пас аз қабули Конститутсия, зарурати гузарондани ислоҳоти конститутсионӣ, қабули қонунҳои конститутсионӣ ва дигар санадҳои асосие, ки фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба танзим медароранд, ба миён омад. Бо ин мақсад 1 декабри соли 1994 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ» ва дар заминаи он соли 1995 қонунҳои конститутсионӣ дар бораи сохтори судӣ қабул шуданд, ки яке аз самараҳои иҷлосияи тақдирсоз ба ҳисоб рафта, сохтори судии мамлакатро ба танзим дароваранд.
Ҳамин тавр, Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи эъмори давлатдории навини тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ дорад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.11.2017    №: 236-237    Мутолиа карданд: 984

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед