logo

сиёсат

ҚАСРИ АРБОБ ВА РОҲИ СУЛҲУ ВАҲДАТ

Қасри Арбоб бинои муҳташаму овозадор мебошад. Худи бино ва чойхонаи таърихии он бо санъати ҳайратовари меъмории  тоҷикӣ сохта шудааст. Он рӯзҳои таърихиву сарнавиштсозро ба хотир дорад. Бо сипарӣ шудани 25 сол ҳамоно шукӯҳу бузургии он бештару бештар гаштааст. Расму ҳуҷҷатҳои толору роҳравҳои қаср  аз иҷлосияи таърихӣ ҳикоят доранд. Ангораҳо ва расмҳои  нотакрор  бозгӯи таърихи навини  Тоҷикистон ва ба арсаи сиёсат қадам гузоштани  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мебошад.

Охир маҳз иҷлосияи тақдирсоз дар Қасри Арбоб вакили мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сифати  Раиси  Шӯрои Олӣ эълон дошт. Маҳз дар ҳамин  иҷлосия рамзҳои давлатӣ  - Парчам ва Нишони давлатӣ  қабул ва тасдиқ шуданд.
Имрӯзҳо симои зебои қаср ба атроф ҳусн мебахшид. Таъмиру тармими чойхонаи барҳавои миллӣ, меҳмонхона, биноҳои муосиру фаввораҳо ин гӯшаи сарсабзу хуррамро ба маъвои писандида табдил додааст. Дар оғӯши гулу буттаҳои ҳамешасабз оромгоҳи бунёдгузори қаср, раиси номдори кишвар, ду карат Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Саидхоҷа Ӯрунхоҷаевро дидам. Мақбара ҳам хеле ободу зеботар шудааст.
Ошноӣ бо Қасри Арбоб, мақбараи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев ва роҳраву толорҳои барҳавои  он моро ба андешаю ифтихор аз гузашта водор месозад. Асарҳои ҷудогонаи Тоҷӣ Усмон, Раҳим Ҷалил, Аминҷон Шукӯҳӣ, Аъзам Сидқӣ, «Имзои шахсӣ», «Печутоби роҳҳо», «Кӯчабоғи ошиқон», «Маъвои дил» маҳз ба хотири раиси номдор Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев ва қасри Арбоб эҷод шудаанд. Дар китобхонаи ҷамоат расму мусаввараҳо, китобҳои ба ёдгор мондаи адибони машҳури тоҷик Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода ва дигар адибони машҳури оламро дидам. Расму ҳуҷҷатҳои дар китоби алоҳидаи «Ҷавлонгаҳи номварон» таҳия намудаи мақомоти иҷроияи вилояти Суғд ва шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагон ганҷи бебаҳоеро мемонад.
Шуҳрату овозаи қаср баъди баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ дар саросари олам паҳн шуд. Зеро маҳз ҳамин иҷлосияи тақдирсоз роҳи ба эътидол овардани ҷумҳуриро пурра муайян намуд ва мардуми Тоҷикистонро барои расидан ба сулҳу оштии миллӣ раҳнамун сохт. «Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд доир гардид, - қайд менамояд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, – иқдоми ғайриоддӣ, ҷасурона ва сарнавиштсоз, инчунин оғози роҳи душвори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳифзи тамомияти арзии Тоҷикистон буд.
Маҳз дар толори Қасри Арбоб дар айёми мушкили даргириҳо ва талошҳои дохилӣ фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлати тоҷикон интихоб шуда, ба марҳилаи нави ба эътидол овардани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ асос гузошт. Маҳз дар ҳамин қаср ӯ Парчами ҷумҳуриро бӯсида, савганд ёд кард, ки тамоми донишу қувва, таҷриба ва маҳорати худро баҳри сулҳу осоиштагӣ, ободии Тоҷикистони азиз сарф мекунад, агар лозим шавад, ҷонашро низ нисор хоҳад кард.
Бешубҳа,  таърихи навини давлатсозии миллат бо Қасри Арбоб сахт вобаста мебошад, зеро баъди ҳамин иҷлосия   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакатро аз бунбасти энергетикию коммуникатсионӣ баровард ва Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ соҳиби обрӯ шуд.
Ҳамин тавр, кохи бегазанди миллӣ Қасри Арбоб як ёдгори бебаҳои даврон аст, ки имрӯз ба маркази фарҳангӣ-меъморӣ табдил ёфтаас.
Маҷид САЛИМ, нависанда


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.11.2017    №: 236-237    Мутолиа карданд: 1053

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед