logo

сиёсат

ИҶЛОСИЯИ ТАЪРИХӢ ВА РУШДИ ҚОНУНГУЗОРИИ АФВ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мусаллам аст, ки Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии халқи тоҷик нақши муассир ва сарнавиштсоз дорад.
Он фаъолияташро дар давраи ниҳоят мушкилу хатарнок ва ҳассосе, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кишварамонро фаро гирифта буд, оғоз намуд. Нобасомониҳо, вазъияти шадиди буҳрони иқтисодӣ, сиёсӣ, аз вазъияти ноустувор суистифода намудани қувваҳое, ки душмани давлатдории халқи тоҷик ва Истиқлолияти давлатӣ буданд, боло гирифтани эҳсоси маҳалгароиву минтақапарастӣ ва мансабхоҳии гурӯҳҳо омилҳои манфие ба ҳисоб мерафтанд, ки оқибат боиси парешонии миллат гардида, бар асари ҷангу ҷидолҳо талафоти калони молию ҷонӣ ба мардуми кишвари азизамон расонда шуд.

Дар чунин як вазъи ҳассос мардум, пеш аз ҳама, оромию суботро мехост ва сулҳу салоҳро бузургтарин неъмат мешуморид. Аз рӯзҳои аввал Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамагон сиёсати сулҳҷӯёнаро  талқин менамуданд. Бо суханрониву нақшаҳо, ниятҳо ва аз ҳама муҳимаш, ифода ва дастгирӣ кардани манфиатҳои мардум Раиси Шӯрои Олӣ  муҳаббату боварии мардумро соҳиб гаштанд. Иқдому амалҳои шоистаи Сарвари давлат дар мавриди музокироти сулҳ, баргардондани гурезаҳо, қатъи ҷангу хунрезӣ, барқарор намудани артиш ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, халъи силоҳ намудани гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, бо маводи ғизоӣ таъмин кардани мардум, фаҳмондани ҳадафҳои сулҳ ва ваҳдати миллӣ  боварии ҳамагонро ба ояндаи нек қавӣ гардонд.
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами устуворе ҷониби иттиҳоду ҳамбастагии тамоми миллатҳо ва халқиятҳои сокини мамлакат буд. Он ба ташкили давлату ҳимояи сохти конститутсионии Тоҷикистон замина гузошт. Ин давраи хеле ҳассос ва сарнавиштсоз дар таърихи давлатдории  тоҷикон маҳсуб мешавад.
Дар иҷлосия бо сарварии Раиси Шӯрои Олӣ  беш аз панҷоҳ санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардид. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи Парчами давлатӣ» ва дар радифи дигар санадҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд» қабул гардиданд. Ин қонунҳо ба барқарор намудани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуданд. Ба ин васила тадбирҳои амалисохтаи Сарвари давлат ба фаъолияти қонунгузории Тоҷикистони соҳибистиқлол ибтидо гузошт. Ҳамзамон, барои расидан ба якдигарфаҳмӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ нақши санади ҳуқуқии афв беҳамто аст.
 Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи афв», моҳи июли соли 1993 ва августи соли 1994 бо мақсади  хотима бахшидан ба ҷанги дохилӣ  ба тавсиб расида буданд. Қарорҳои минбаъдаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 1 августи соли 1997 «Дар бораи афви иштироккунандагони муқовиматҳои сиёсӣ ва низомӣ»,  аз 13 ноябри соли 1998  «Дар бораи афви умумӣ», аз 14 майи соли 1999 «Дар бораи афви умумӣ» бошанд, марҳалаи аввали инкишофи қонунгузории афвро дар Тоҷикистони соҳибистиқлол анҷом доданд. Ҳамчунин, сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат ва санадҳои афв боис гаштанд, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ  ба  тасвиб расад.
Муҳимтарин дастоварди иҷлосия ин тантанаи қонун аз болои қонуншиканӣ, бозгаштан ба роҳи мусолиматомези ҳалли масъалаҳои тезутунди иҷтимоиву сиёсӣ ва ба бахти халқи тоҷик ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гаштани Сарвари давлатамон буд. Чунки Сарвари давлат бо хислатҳои ҳамидаи худ ба мисли ватандӯстӣ, ҷасорат, масъулияти баланди вазифашиносӣ, садоқат ба мардум тавонистанд ба ҳар хонадон сулҳ биёранд, миллатро аз вартаи нобудшавӣ наҷот диҳанд, нуфузи кишвари азизамонро дар арсаи ҷаҳон баланд бардоранд.
Санадҳои ҳуқуқии афв бошанд, бори дигар собит сохтанд, ки роҳбарияти Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат тарафдори сулҳу осоиш буда, баҳри бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ азму талош доранд ва ҳимояи шарафи инсонии ҳар фардро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонанд.
Барно
САИДВАЛИЗОДА,
сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илми ҳуқуқ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.11.2017    №: 236-237    Мутолиа карданд: 991

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед