logo

сиёсат

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ВИЛОЯТИ СУҒД

Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд
17 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқатро дар фазои тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дар саҳни таълимгоҳ хонандагону омӯзгорон ва аҳли маорифи шаҳр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хосса ва эҳтироми беандоза истиқбол гирифтанд. Президенти мамлакат бо шароити таълим шинос шуда, бо хонандагону таълимгирандагони ин даргоҳ суҳбати самимӣ карданд.
Муассисаи таълимии мазкур барои 2600 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, бо назардошти талаботи муосир ба истифода дода шуд. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2006 оғоз ёфта, барои бунёди он бештар аз 25 миллион сомонӣ маблағ харҷ гардидааст.
Фармоишгари иншоот идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд буда, пудратчӣ идораҳои сохтмонии рақами 1 ва рақами 5 мебошанд. Лоиҳаи муассиса аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Суғдлоиҳакаш" таҳия гардидааст.
Иншооти мазкур дар масоҳати 2 гектар бунёд ёфта, бо шабакаи гармидиҳӣ, ки тариқи буғхонаи муосир фаъолият мекунад, таъмин аст. Таълимгоҳ аз 4 бино иборат буда, дорои 33 синфхонаи таълимист. Муассиса дорои ошхона бо 200 ҷойи нишаст, толори маҷлисӣ бо 200 ҷой, устохонаи таълимӣ, синфхонаҳои инкишофи кӯдакон, ҳуҷраҳо барои гузарондани маҳфилҳо буда, толору майдончаи варзишӣ ҳам бо назардошти меъёрҳои замони муосир сохта шудаанд. Ҳамзамон, синфхонаҳои алоҳида барои гузарондани дарсҳои химия, биология ва компютер пешбинӣ шуда, дар ҳуҷраҳои таълимӣ 10 адад тахтаи электронӣ насб гардидааст.
Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки 80 нафар омӯзгор ва дигар кормандони Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд дар асоси озмун ба кор қабул гардидаанд ва онҳо устодони ботаҷрибаву пешқадаманд.
Сарвари давлат хонандагонро вазифадор намуданд, ки бо истифода аз ин шароити муосиру замонавӣ дониш  омӯхта, дар ҷомеа пешқадам бошанд. Таълимгирандагон ба Пешвои миллат барои чунин таълимгоҳи муҷаҳҳазу боҳашамат миннатдорӣ баён намуданд.
Пас аз ифтитоҳи Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинону фаъолони шаҳри Хуҷанд мулоқот карданд. Сарвари давлат дар назди ҳозирон бо таҳлили амиқи дастовардҳои дирӯзу имрӯзи шаҳр сухан ронда, барои рушд ва пешрафти бештари он пешниҳодҳои асоснок ба миён гузоштанд.

Ифтитоҳи Маҷмааи миллии «Маркази оши палов» ва тақдими туҳфаҳои идона ба 160 ятим
Дар рӯзи дуюми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд Маҷмааи миллии «Маркази оши палов» - ро дар фазои тантанавӣ ифтитоҳ намуданд.
Фармоишгари маҷмаа оилаи Тоҷибоевҳо ва пудратчии иншоот «Доро Инвест» мебошанд. Маҷмаа бо сарфи 3 миллиону 300 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Масоҳати зери бинои иншоот 625 метри мураббаъро ташкил дода, дорои 600 ҷойи нишаст дар ду толор мебошад. Бино дуошёна буда, дар канори он барои нақлиёт таваққуфгоҳ сохта шудааст. Корҳои ободонии гирду атроф низ ба анҷом расидаанд.
Дар рафти сохтмон 45 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардид. Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншоот то 60 нафар ба шуғли доимӣ фаро гирифта шуд. Дар рӯзи ифтитоҳи маҷмаа ошпазон дар даҳ дег бо 350 кило биринҷ даҳ навъ ош дам андохтанд.
Мардуми тоҷик аз қадим бо фарҳангу маданият, маҳорати хос, кадбонуҳои ҳунарманд ва таомҳои бисёри болаззати миллӣ дар минтақа ва ҷаҳон машҳур аст. Шуҳрати ҷаҳонии кишвари мо баъди аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани забон, таърих, фарҳанг, маданият, расму оинҳои қадимаи аҷдодӣ, оинҳои неки башардӯстӣ ва дигар арзишҳои муқаддаси сарзамини бостонӣ афзун шуд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо маркази нав, ки ба хотири рушди ҳунарҳои миллӣ ва муаррифии таомҳои миллӣ бунёд шудааст, ба соҳибкорон баҳои баланд доданд.
Таъкид гардид, ки чунин марказҳо бояд дар тамоми шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла дар маркази пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе таъсис дода шаванд, то ин ки меҳмонони хориҷӣ бо лаззати таомҳои миллӣ шинос шаванд.
Баъди ифтитоҳи маҷмаа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 160 ятими навраси шаҳри Хуҷанд туҳфаҳои идона тақдим карданд.
Мавриди зикр аст, ки ҳамаи ин тадбирҳо дар рӯзҳои ҷашни санаи муҳими таърихӣ – 25 - умин солгарди Иҷлосияи таърихию тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор гардида, боз як иқдоми неку башардӯстонаи Сарвари давлат нисбат ба табақаи ниёзманди ҷомеа мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми саховатманди диёр - онҳоеро, ки шароити хуби иҷтимоию иқтисодӣ доранд, даъват мекунанд, ки аз ҳолу аҳволи табақаи эҳтиёҷманд, нафақахӯрон, камбизоатон, маъюбон ва ятимону бепарасторон огоҳ бошанд ва ҳар сари вақт ба онҳо ёрии моддӣ расонанд.
Дар ин рӯз баробари тақдими туҳфаҳои хотирмону арзишманд ба ятимон, ҳамчунин, дастархони пурнозу неъмат ороста шуд, ки боиси болидарӯҳии онҳо гардид.

Мулоқот бо сохтмончиёни вилояти Суғд
Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд бо намунаи дастовардҳои арзандаи корхонаву ширкатҳои калонтарини саноатӣ шинос шуда, бо сохтмончиён мулоқот карданд.
Нахуст дар намоишгоҳ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо маҳсулоти сохтмонии корхонаҳо шинос шуда, зимни суҳбат бо намояндагони ширкатҳо онҳоро ба  истеҳсоли молҳои босифати рақобатпазир ва воридотивазкунанда ҳидоят намуданд.
Саноатчиён ва соҳибкорони муваффақи вилоят молу маҳсулоти гуногун, аз ҷумла намунаи фаршҳои рангаву пурнақшу нигор, дару тирезаҳо, мизу курсиҳо, ашёҳои гуногуни кандакоришуда, сутуну тахтасангҳои мармарӣ, хиштҳои ороишии аз сангҳои нодири Тоҷикистон омодашуда, чароғҳо, рангҳои сохтмонӣ, нақшу нигори аз гаҷ сохташударо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешкаш карданд.
Мавриди зикр аст, ки сокинони вилояти Суғд бо ҳунарҳои қадимаи хеш на танҳо дар кишвар, балки дар хориҷ маъруфанд. Имрӯзҳо маҳсулоти дасти устоҳои ҳунарманд ва муъҷизаофар дар тамоми намоишгоҳҳои ҷумҳуриявию минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба маъраз гузошта мешаванд ва дар дохилу хориҷ харидорони зиёд доранд.
 Соҳибкорону тоҷирони вилояти Суғд бо истифода аз тамоми имкониятҳо ва дастгириҳои арзишманди Пешвои миллат дар роҳи рушди бахши хусусӣ даҳҳо корхонаҳои саноатӣ бунёд намуда, садҳо ҷойи нави корӣ таъсис додаанд.
Хурсандибахш аст, ки фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" низ ба талаботи рӯз ва дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавобгӯ мебошад.
Соҳибкорони вилоят иқдом гирифтаанд, ки минбаъд низ бо васеъ кардани иқтидору имконияти истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ ва бунёди коргоҳҳои нав баҳри пешрафти иқтисодиёти вилоят ва ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузоранд.
Пас аз тамошои намоишгоҳи дастовардҳои корхонаҳои гуногуни саноатии вилоят Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо бо намояндагони ширкатҳои сохтмонӣ, коргарону устоҳои чирадаст, ки дар азнавсозии Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Душанбе саҳми арзанда гузоштаанд, мулоқот карданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз номи худ ва аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кулли сохтмончиён, ки бо меҳнати арзанда ва шоистаи таҳсину офарин, боғи устод Айниро аз  нав эҳё карданд, изҳори сипоси бепоён намуданд.
Ҳамчунин, дар ин рӯз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ ба сохтмончиёни вилоят ва ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд шоҳҷоиза ва туҳфаи пулиро дар ҳаҷми 30 ҳазор сомонӣ тақдим карданд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи октябр дар шаҳри Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии бунёду азнавсозии боғҳои фарҳангию фароғатӣ, сохтмони майдончаҳои муосири варзишӣ ва ободонии кӯчаву хиёбонҳои пойтахт аз тарафи комиссияи ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид. Аз рӯйи натиҷаи озмун ҷойи аввал ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои азнавсозии Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ мансуб дониста шуд.
Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар саҳми муносиби сохтмончиёнро дар ободу зебо гардондани як гӯшаи пойтахт ёдовар шуда, ба онҳо саодату сарбаландӣ орзу карданд.


Корхонаи дорусозии ҶДММ “Фарм Суғд” дар шаҳри Бустон фаъол шуд
Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳри Бустон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи дорусозӣ ва маводи тиббии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фарм Суғд” - ро ифтитоҳ бахшида, аз масъулону мутахассисони корхона истеҳсоли дорувории баландсифат ва бандубасти мутобиқ ба стандартҳоро тақозо намуданд.
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки дорусозони тоҷик аз имконияту иқтидори истеҳсоли доруворӣ ва маводи тиббӣ аз меваю сабзавот ва гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон фаровон истифода баранд.
Корхонаи тозатаъсиси дорусозӣ аз силсилаи коргоҳҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла, коргоҳҳои ғилофакбарорӣ (капсула), доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон, бандубасти дока ва пахтаҳои тиббӣ ва дар зарфҳо ҷой додани нӯшобаҳо аз мева иборат мебошад. Дар ин ҷо маркази омӯзишу таҳлили дорую маводи тиббӣ ва муаррифии гиёҳҳои шифобахши табиии Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Дар шакли ғилофак истеҳсол намудани доруворӣ дар корхонаи шаҳри Бустон нахустин таҷриба мебошад. Дар соҳаи доруворӣ дар шакли ғилофак истеҳсол намудани дору дар тибби чаҳонӣ афзалият дорад ва ин коре, ки аз ҷониби мутахассисони корхона анҷом дода шуд, дастоварди нав маҳсуб меёбад. Яке аз афзалиятҳои муҳиме, ки дар ин корхона роҳандозӣ карда шудааст, тайёр кардани дору аз гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон аст.
Тибби ҷаҳонӣ дар истеҳсоли дору ба тибби қадимии тоҷик такя намудааст, зеро тибби қадимии тоҷик дар муддати асрҳо манфиату шифобахшии комили доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахшро собит намудааст. Аз қадим дар сарзамини тоҷикон зиёда аз ҳазор номгӯй ва навъу намуди меваҷоту сабзавот ва гиёҳҳои шифобахш рӯидаанд ва имрӯз низ маъруфият доранд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз коргоҳи истеҳсоли дору аз гиёҳҳои шифобахши табиӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба масъулону мутахассисон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд, ки минбаъд навъу номгӯйи ин дорувориҳоро аз гиёҳҳои табиӣ афзун намоянд.
Сипас, Пешвои миллат бо фаъолияти сохторҳои дигари корхонаи дорусозии “Фарм Суғд” шинос шуданд.
Дар ин корхонаи тозатаъсиc таҳлилгоҳу анбори нигоҳдорӣ, ба зарфҳо рехтани нӯшобаҳои меваю гиёҳҳо, тамйизу нигоҳдорӣ, истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон, бандубасти дока ва пахтаҳои тиббӣ ташкил карда шудааст.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фарм Суғд” дар шаҳри Бустон аз корхонаҳои нахустини дорусозӣ ва маводи тиббӣ аз гиёҳҳои шифобахш аз иқдомҳои шоистаи соҳибкорони ватанӣ бо роҳбарии Диловар Қувватзода мебошад, ки бо харҷи беш аз 4 миллион сомонӣ дар масоҳати 0,8 гектар бунёд ёфта, дорои сехҳои истеҳсолӣ ва ҳуҷраҳои корӣ мебошад.
Корхонаи мазкур бар замми истеҳсоли маводи доруворӣ, ба воридоту содирот, савдои яклухту чаканаи маводи доруворӣ, маводи тиббӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш машғул аст. Дар корхона беш аз 70 нафар бо ҷойи кори доимии баландмузд таъмин шудааст.
Бо оғози фаъолияти ин корхонаи дорусозӣ ва маводи тиббӣ истеҳсоли зиёда аз 20 намуди маводи тиббӣ аз гиёҳҳои шифобахш, беш аз 20 навъу номгӯйи нӯшобаю дамобаҳо, номгӯйи зиёди бандинаҳои гуногунандозаи тамйизшуда ва тамйизнашуда, 3 номгӯй пахтаи тиббӣ, 4 намуд равғанҳои шифобахши тиббӣ, 2 намуд маҳлули спиртӣ, 3 намуд шарбати махсуси шифоӣ, ҳамагӣ зиёда аз 60 намуд номгӯйи маводи доруворию тиббӣ ба роҳ монда шуда, интиқолу фурӯши онҳо  ба осоишгоҳҳо ва дорухонаҳои вилояти Суғд роҳандозӣ мегарданд.
Тоҷикистон дорои иқтидору имкониятҳои соҳаи дорусозӣ ва истеҳсоли доруворӣ мебошад. Ин таҷрибаи қадимаи халқи тоҷик аз давраи пешин, хусусан дар вақти фаъолияти Аллома Абуалӣ ибни Сино, ки дар ҷаҳон бо номи Авитсенна маъруф гардидааст, ибтидо мегирад.
Маҳз дар давраи соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ин таҷрибаи ғанӣ дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои хориҷии як қатор давлатҳои ҷаҳон баҳри пешрафти соҳаи дорусозӣ ва истеҳсоли доруворӣ тадбирҳоро амалӣ менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои солона ба ин масъала таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, вазорату идораҳои марбута, мутахассисони соҳа ва соҳибкорони ватаниро ба масъалаҳои пешгирӣ аз воридоту фурӯши доруҳои пастсифат ҷалб менамоянд ва тақозо мекунанд, ки баҳри ҳифзи саломатии миллат ва генофонди миллат аз дорую дармони баландсифат истифода шавад.
Тавре дар паёмҳои солонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон дода шудааст, яке аз роҳҳои ҳалли масъалаи марбут ба саломатии миллат вориду фурӯши доруворӣ, маводи тиббии ҷавобгӯи стандарти ҷаҳонӣ ва, муҳимтар аз ҳама, истеҳсоли дору ва маводи тиббӣ дар дохили кишвар мебошад.
Дар асоси нишондодҳои барномавии паёмҳои Пешвои миллат баҳри пешгирӣ аз воридоти дорувории пастсифату қалбакӣ бо истифода аз анъанаҳои қадимаи тибби тоҷик, паст фаровардани нархи доруворӣ ва истифода аз гиёҳҳои шифобахши тиббӣ, меваю сабзавот ва гиёҳҳои шифобахши сарзамини Тоҷикистон соҳибкорони ватанӣ бо дастгирии давлатӣ ба бунёди корхонаҳои истеҳсоли доруворӣ иқдомҳои шоиста менамоянд.
Таъсису бунёди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фарм Суғд” дар шаҳри Бустони вилояти Суғд аз чунин амалҳои нек мебошад.

Татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди шабакаи таъминоти шаҳри Бустон бо оби нӯшокӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба шаҳри Бустон ташриф оварда, дар маросими татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди шабакаи таъминоти 35 ҳазор нафар аҳолии шаҳр бо оби ошомиданӣ иштирок намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо ҷараёни пурраи татбиқи ин лоиҳа шинос шуда, ба фаъолияти шабакаҳои обтаъминкунии шаҳри Бустон оғози расмӣ бахшиданд.
Барқарорсозии иншооти мазкур дар асоси созишномаи сеҷонибаи Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва барқарорсозии шабакаи обтаъминкунии шаҳрҳои «Шимоли Тоҷикистон» анҷом дода шуд.
Барои татбиқи ин лоиҳа 25 миллиону 532 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида буд, ки 13 миллиону 293 ҳазор сомониаш қарз ва 12 миллиону 240 ҳазор сомонии дигари онро грант ташкил медод.
Зимни муаррифии лоиҳа ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки лоиҳа аз моҳи марти соли 2014 оғоз шуда, 6 шаҳру ноҳияи вилояти Суғдро дар бар мегирад. То ба имрӯз дар асоси ин лоиҳа дар шаҳрҳои Бустону Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо харҷи 80 миллиону 659 ҳазор сомонӣ корҳо анҷом пазируфта, сокинон бо оби ошомиданӣ таъмин гардиданд. Корҳои барқарорсозӣ дар доираи ин лоиҳа дар шабакаҳои обтаъминкунии шаҳрҳои Истиқлол, Конибодом ва Исфара босуръат идома дошта, дар ин самт пешравиҳо ба назар мерасанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳаи обтаъминкунӣ ба масъулин барои истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудогардида ва анҷоми босифати корҳо дастур доданд.
Барқарорсозии шабакаи обтаъминкунии шаҳри Бустон дар асоси қарордод бо паймонкории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Умед-1» бо сарфи 8 миллиону 418 ҳазор сомонӣ бо дарозии умумии хати магистралии обтаъминкунии дорои 13 ҳазору 600 метр анҷом дода шудааст.
Татбиқи лоиҳаи обтаъминкунӣ дар вилояти Суғд дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳалли мушкилоти марбут ба норасоии об муҳиму саривақӣ арзёбӣ гардид.
Дар шабака барқарорсозии пойгоҳи обкашии кутали 2-юм ва хатҳои технологӣ, таъмири бинои хлоркунонӣ дар асоси қарордод бо паймонкории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ПМК-43» бо харҷи 7 миллиону 351 ҳазор сомонӣ бунёд гардид ва бо таҷҳизоти зарурии соҳавӣ таъмин карда шудааст.
Шабакаи обтаъминкунии шаҳри Бустон дар натиҷаи фаъолияти шабонарӯзӣ ба навсозӣ ниёзи бештар пайдо карда буд ва дар баъзе мавридҳо ба нороҳатии сокинони биноҳои баландошёна сабаб мегардид.
Дар доираи татбиқи лоиҳа атрофи бинои шабака дар масофаи 1 ҳазору 500 метр панҷарабандӣ гардида, таъмири асосии 7 чоҳи амудию насоси барқӣ, сохтмони 4 бинои чоҳи амудӣ ва навсозии пойгоҳи обкашии кутали 2-юм анҷом ёфтанд.
Ҳамчунин, 4 насоси обкашии кутали 2-юм бо иқтидори умумии 2 ҳазору 600 метри мукааб дар як соат иваз карда шуда, навсозии бинои хлоркунӣ, даромадгоҳи нави бино, таҷҳизоти барқӣ ва васли ноқилҳои барқӣ дар бинои пойгоҳи обкашӣ, хати технологӣ бо таҷҳизоти нигоҳдорандаи об, инчунин, васлу насби лӯлаи қутраш 315-1 ҳазору 100 метр ва пайваст намудани он ба хати чоҳҳои амудӣ амалӣ гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сифати корҳои анҷомшуда дар шабакаҳои обтаъминкунии шаҳри Бустони вилояти Суғд баҳои баланд доданд.
Васли ҳисобкунакҳои обӣ дар шаҳр аз тарафи муҳандисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҷузъи зимистон» дар ҳаҷми 2 миллиону 514 ҳазор сомонӣ анҷом ёфт, ки 3 ҳазору 750 ададро дар бар мегирад.
Айни ҳол корҳои таъмиру тармим аз тарафи мутахассисон идома дошта, 1033 ҳисобкунаки обӣ дар хонаҳои баландошёна насб карда шуда, вусъати корҳо дар ин самт ба назар мерасад.
Техникаи махсуси коммуналӣ ва таҷҳизоти таъмирию ёрирасон ба маблағи 3 миллиону 607 ҳазор сомонӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуршеди Хоразм» дастрас карда шудааст.

Боздид аз гармхонаи инноватсионии парвариши сабзавот бо усули гидропоникаии ҶДММ "Элегант"
18 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бустони вилояти Суғд ба фаъолияти гармхонаи инноватсионии парвариши сабзавот бо усули гидропоникаӣ ва сехи истеҳсоли масолеҳи нимтайёр аз нахҳо ва плитаҳои минералии базалтӣ расман оғоз бахшида, бо намунаи хонаҳои истиқоматии камхарҷи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Элегант" ошноӣ пайдо карданд.
Пешвои миллат дар гармхонаи инноватсионии парвариши сабзавот бо усули гидропоникаӣ шинос шуда, бо ташкилкунандагони ин навъи гармхона суҳбат оростанд.
Гармхонаи мазкур таҷрибавӣ буда, дар он маҳсулот бо усули гидропоникаӣ, яъне бе хок парвариш ёфта, аз ҳисоби нахҳои базалтӣ нашъунамо меёбад. Қобили тазаккур аст, ки яке аз самтҳои фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Элегант" истеҳсоли нахи базалтӣ буда, солона 14 ҳазор метри мукааб ин навъи ашёро истеҳсол менамояд.
Феълан дар ин гармхона парвариши меваҳои тропикӣ, помидор, бодиринг ва лимӯ ба роҳ монда шуда, тибқи мушоҳидаҳо имконияти ба даст овардани ҳосили хуб мавҷуд аст. Тавре масъулин иттилоъ доданд, дар оянда дар ин гармхона парвариши ҳама гуна сабзавот ва гулҳои ороишӣ ба роҳ монда мешавад.
Масоҳати умумии гармхонаи инноватсионии парвариши сабзавот бо усули гидропоникаӣ 1800 метри мураббаъро ташкил дода, ҳамзамон дар масоҳати 1200 метри мураббаъ парвариши лимӯ ба роҳ монда шудааст. Дар дохили гармхонаи лимӯпарварӣ масъулин бо усули муосир қаҳвахонаи хурд бунёд кардаанд.
Маблағи лоиҳавии гармхонаи мазкур 4,5 миллион сомониро ташкил дода, дар он 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.
Дар дохили гармхона тарабхонаи муосир, маркази фарҳангӣ - фароғатӣ ва ташхисгоҳи наву замонавӣ сохта шудаанд. Молу маҳсулоти гармхона ва дигар лавозимоти корӣ дар мағозае, ки дар ҳудуди иншооти мазкур бунёд ёфтааст, ба фурӯш бароварда мешаванд.
Роҳбарияти корхона ба масъалаи омода намудани мутахассисони соҳавӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, дар дохили гармхона синфхонаи махсуси омӯзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки бо ҷалби кишоварзони ботаҷриба ба ҷавонон нозукиҳои парвариши маҳсулоти кишоварзӣ бо усули гидропоникаӣ омӯзонда мешаванд.
Дар ҳамин ҷо аз ҷониби роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Элегант" намунаи хонаҳои истиқоматии дуошёнаи камхарҷ ба Пешвои миллат муаррифӣ карда шуд.
Хонаҳои мазкур аз маҳсулоти истеҳсолнамудаи ҳамин корхона омода гардида, ҳам камхарҷ ва ҳам гарминигоҳдорандаанд. Барои сохтмони ин навъи хонаҳо плитаҳои минералӣ, ки аз нахҳои базалтӣ омода мегарданд, истифода мешаванд.
Дар ин рӯз дар шафати гармхона сехи истеҳсоли масолеҳи нимтайёр аз нахҳо ва плитаҳои минералии базалтӣ, ки барои сохтани хонаҳои истиқоматии камхарҷ истифода мегарданд, ба фаъолият оғоз намуд. Сехи мазкур бо харҷи 700 ҳазор сомонӣ бо хати муосири истеҳсолӣ таъмин карда шудааст. Маҳсулоти коргоҳ мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ буда, ҳамчун маҳсулоти воридотивазкунанда минбаъд ба фурӯш бароварда мешаванд.
Дар маҷмӯъ барои сохтмони гармхонаи таҷрибавӣ, намунаи хонаҳои камхарҷ, сехи истеҳсоли маҳсулоти нимтайёр ва ободонии гирду атрофи мавзеи мазкур зиёда аз 7 миллион сомонӣ аз ҳисоби "Элегант" харҷ гардидааст.       
Бояд тазаккур дод, ки ҷамъияти номбурда дар минтақаи саноатии шаҳри Бустон соли 2000 - ум ташкил ёфта, ба истеҳсоли сангҳои ороишӣ ва нахи базалтӣ машғул мебошад. Ба роҳ мондани фаъолияти гармхонаи инноватсионӣ қадами навбатие буд дар роҳи равнақ додани фаъолияти корхона. Бо ташкили гармхонаи мазкур теъдоди кормандони ҷамъият ба 200 нафар расонда шуд.
Сарвари давлат ду маротиба - солҳои 2012 ва 2014 аз корхонаи "Элегант" дидан намуда, дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани сехи истеҳсоли сангҳои ороишиву истеҳсоли нахҳои базалтӣ иштирок карда буданд.
Гармхонаи инноватсионии парвариши сабзавот бо усули гидропоникаӣ бо тамоми дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, барои парвариши маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ дорои имконияти хуб мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз густариш ёфтани фаъолияти корхона изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани парвариши маҳсулот ва ба даст овардани ҳосили дилхоҳ ба масъулин дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.
Дастгоҳҳои махсуси соҳавӣ ва таъмири таҷҳизоти озмоиширо ба шабакаи таъминоти 35 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Бустон бо оби ошомиданӣ ҷамъиятҳои «МЕДКОМ» ва «Салоса» ворид намудаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи шабакаи оби ошомиданиро туҳфаи арзандаи давлату Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои истиқбол аз 25 - умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карданд.

Навбати дуюми корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении ҶДММ “Суғд Пак” ба кор даромад
Дар рӯзи сеюми сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бустон ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғд Пак” ташриф оварда, дар фазои тантанавӣ навбати дуюми корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилениро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сохтмони навбати дуюми корхона 5 августи соли 2015 оғоз гардида, дар рӯзҳои ташрифи Сарвари давлат ба вилояти Суғд ба итмом расид. Барои бунёди корхонаи дуюм 15 миллион сомонӣ, аз ҷумла 10 миллион сомонӣ барои хариди таҷҳизот сарф шудааст. Сармояи оинномавии корхона наздики 5 миллион доллари Амрико мебошад. Коргоҳҳои якуму дуюм дар масоҳати 5,6 гектар бунёд шудаанд.
Иқтидори истеҳсолии коргоҳ 30 миллион дона халта дар як сол ва бо дарназардошти ба кор андохтани ҳамаи иқтидорҳо 60 миллион дона халта дар як сол мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз соли таъсис то 8 моҳи соли 2017 - 12,8 миллион донаро ташкил намуд. Халтаҳо барои бор кардани орду семент истеҳсол карда мешаванд. Дар коргоҳи мазкур 200 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуд.
Мавриди зикр аст, ки моҳи октябри соли 2013 корхонаи аввали Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғд Пак” бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият оғоз карда буд. Ҳамон вақт соҳибкорони ватанӣ ба Сарвари давлат ваъда дода буданд, ки бо васеъ кардани корхона боз даҳҳо ҷойи корӣ таъсис дода, барои истеҳсоли молҳои воридотивазкунандаи босифат тадбирҳо меандешанд.
Дар корхонаи дуюми “Суғд Пак” 71 адад дастгоҳи бофандагӣ, 8 адад дастгоҳи рангубор ва халтадӯзӣ, ҳамагӣ 79 адад дастгоҳи истеҳсоли Чин ва мамлакатҳои Тайвану Олмон насб карда шудааст.
Танҳо дар 8 моҳи соли 2017 корхона 1,5 миллион сомонӣ андоз супурдааст, ки барои ғанӣ гардидани буҷети шаҳри Бустон саҳми арзанда мебошад.
Дар ҳамин ҷо роҳбарияти корхона дар назди Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон уҳдадор шуданд, ки баъди як сол дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» чунин як корхонаи нави истеҳсоли халтаҳоро бунёд менамоянд. Маҳсулоти истеҳсолкардаи корхона пурра ба содирот нигаронда мешавад.
Баъди шиносоии пурра бо шароити кор ва сифати маҳсулоти истеҳсолгардида Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон барои обод кардани як гӯшаи диёр, саҳми муносиб дар раванди саноатикунонии кишвар баҳои арзанда доданд. Дастур дода шуд, ки чун маҳсулоти корхона ба кишварҳои хориҷ, аз ҷумла ба Қазоқистон, Русия, Украина, Беларус ва дигар кишварҳо содирот мегардад, ба сифати он аҳамияти аввалиндараҷа дода шавад.

Машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд
18 ноябр дар қароргоҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Гулистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд.
Дар кори машварат вазъи иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд, рафти корҳои ободонию созандагӣ, киштукор, ташкили корхонаҳои нави саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ, бартараф кардани камбудию мушкилоти ҷойдошта давоми даҳ моҳи соли 2017 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Зимни суханронии худ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рушди бахшҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилоятро мавриди таҳлили амиқ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки тибқи таҳлилҳо дар нуҳ моҳи соли 2017 маҷмӯи маҳсулоти истеҳсолии вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,9 фоиз, аз ҷумла саноат 33 фоиз афзоиш ёфта, мутаносибан ба 11,7 ва 7 миллиард сомонӣ баробар шудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки тайи даҳ соли охир дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба иқтисодиёти вилоят зиёда аз 7,5 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб шудааст. Ҳоло дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, беҳдошти замину обтаъминкунӣ ва дигар соҳаҳои вилоят татбиқи 23 лоиҳа идома дошта, то имрӯз қариб 2,5 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст. Дар доираи татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2016 – 2020 - ум бошад, 188 лоиҳа ба маблағи беш аз 11 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин, вазорату кумитаҳои дахлдор супориш доданд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дар самти татбиқи босифату саривақтии барномаҳои гуногуни рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бартараф намоянд. Нишондиҳандаҳои даромади буҷетро таъмин, бақияпулиҳои андозро коҳиш дода, аз хароҷоти дуюмдараҷа худдорӣ намоянд. Инчунин, барои таъмин кардани маблағгузории лоиҳаҳои рушди инфрасохтор ва лоиҳаҳои дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Вазифаҳои дигар вобаста ба иҷрои саривақтию босифати корҳои саҳроӣ, киштукори такрорӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосили парваришшуда, рушди соҳаи саноат, истифодаи пурраи иқтидорҳои саноатии корхонаҳои амалкунанда, бунёди корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои корӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти босифату воридотивазкунанда ва таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ ва захираи зарурии маводи озуқа, дода шуд.
Сарвари давлат аз афзоиши ҳолатҳои зиёди ғайриқонунӣ ҷудо намудани қитъаҳои замин дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилоят изҳори нигаронӣ карда, баҳри аз байн бурдани чунин қонунвайронкуниҳо ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.
Супоришҳо доир ба риояи талаботи қонунгузорӣ дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва фаъолияти мунтазами иншооти энергетикӣ, захираи маводи сӯхт дар давраи зимистонгузаронӣ, пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи неруи барқ аз ҷониби истеъмолкунандагони вилоят дода шуд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон сатҳи ҷинояту ҷинояткориро дар ҳудуди вилоят таҳлил намуда, вобаста ба ислоҳи камбудиҳо дар ин самт ва пешгирию коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Дар кори машварат ҳисоботи раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба натиҷаи фаъолияти бахшҳои хоҷагии халқи вилоят давоми соли 2017, рафти татбиқи супоришҳои Президенти мамлакат аз Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ ва иҷрои дигар дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шунида шуд.
Дар охир Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки сокинони меҳнатқарини вилоят минбаъд низ бо сарҷамъиву муттаҳидӣ ва ҳисси баланди миллӣ баҳри рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати пешбурди соҳаи иқтисодию иҷтимоӣ бештар талош варзида, дар пешрафти ҷомеа саҳми босазо мегузоранд.

Иштироки Пешвои миллат дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25 - умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
19 ноябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар маҷлиси тантанавӣ ва ҷамъомади идона ба ифтихори Ҷашни 25 - умин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар чорабинии бошукӯҳ, ки дар макони баргузории Иҷлосияи таърихӣ - Қасри Арбоби ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев доир гардид, вакилони Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумати кишвар, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолони вилоят ва дигар меҳмонони ҷашнвора иштирок карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиён ва кулли мардуми кишварро бо солгарди Иҷлосияи тақдирсозу таърихӣ, ки оғози марҳилаи созандагӣ ба хотири ваҳдати комили сартосарӣ ва сулҳу субот буд, табрику таҳният гуфтанд.
Ёдовар мешавем, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар Қасри маданияти ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаеви вилояти Суғд Иҷлосияи таърихии 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва ҳамон вақт вакилон бо як овоз Эмомалӣ Раҳмон -  сиёсатмадори оқилу хирадманд ва саодатпешаро Раиси Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарвари давлати тоҷикон интихоб карданд.
Аз рӯзҳои нахустин, ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишонаи садоқат ва меҳру муҳаббати бепоёни халқи тоҷик ба ин фарзанди фарзонаи миллат мебошад.
Роҳбари хирадманду саодатпеша муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба аҳдаш вафо кардаву ба мардум сулҳ овард, дар ин рӯзи пур аз нишот бори дигар аз талошҳои созандаву бобарори роҳбарияти давлату Ҳукумат ва мардуми шарафманди кишвар баҳри ба як кишвари воҳид табдил додани Тоҷикистон андешаронӣ карданд.
Дар охири суханронии хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар иштирокчиёни ҷамъомади тантанавӣ ва кулли шаҳрвандони кишварро бо ин санаи таърихию тақдирсози миллат табрику таҳният гуфтанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки минбаъд низ ҳар як фарди бонангу номус ва фарзандони худогоҳу худшиноси Ватан дар роҳи таҳкими истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азизамон бештар талош варзида, баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардум саҳми арзандаи хешро мегузоранд ва орзу намуданд, ки дар сарзамини аҷдодиамон - Тоҷикистони азиз офтоби сулҳу сафо ҳамеша дурахшон бошад.
Пас аз суханронии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз номи вакилони Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулафзо Савриддинова баромад карда, оид ба саҳми арзандаи Сарвари давлат андеша ронданд.
Сипас, дар фазои тантанавӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи собиқадорон, вакилони Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусаввара тақдим карда шуд.
Маҷлиси тантанавиро барномаи рангину пурмуҳтаво ва ҷолиби устодони санъати ҷумҳурӣ идома бахшид.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.11.2017    №: 236-237    Мутолиа карданд: 1005

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед