logo

иқтисод

ЭСТАКАДА. КОРҲОИ ОҲАНУ БЕТОНӢ НАЗДИКИ 90 ДАРСАД АНҶОМ ЁФТАНД

Корҳои оҳану бетоникунонии эстакада, дар буриши хиёбонҳои Бобоҷон Ғафуров ва Нусратулло Махсум, ки сохтмонаш 22 июли соли 2016 оғоз ёфта буд, зиёда аз 90 дарсадро ташкил доданд.
Ҳоло корҳои коммуникатсионӣ рафта истодаанд. Тибқи супориши Ҳукумати кишвар ҳамаи иншооти коммуникатсионии дар зери роҳ ҷойгирбуда, аз қабили шабакаҳои гармидиҳӣ, хатҳои оби нӯшиданӣ, алоқа, барқи баландшиддат (зиёда аз 110 киловатт) ва канализатсия берун бароварда мешаванд. Айни замон азнавсозии системаи оби нӯшиданӣ ва хатҳои гармидиҳанда зиёда аз 70 дарсад иҷро шуданд.
- Иншооти зеризаминӣ, ки барои гузарондани барқи баландшиддат пешбинӣ шуда буд, сохта ба истифода дода шуд, - гуфт Аброр Музаффаров, менеҷери лоиҳа аз тарафи фармоишгар. -Дар дохили он ноқилҳои баландшиддатро гузаронданд. Он аз ҷониби комиссияи корӣ қабул шуд. Ҳоло баъзе камбудиҳои ҷойдошта бартараф шуда истодаанд.
Ба гуфтаи менеҷери лоиҳа аз тарафи фармоишгар рӯзҳои наздик корҳои мустаҳкамсозии таҳкурсии роҳ шурӯъ мешаванд. Ҳоло бошад, корҳои омодасозӣ рафта истодаанд. Ба ин хотир,  7 ҳазор метри мукааб шағали майдакардашуда захира карда шуд. Умуман, роҳ аз панҷ қабат – ду қабати 20 сантиметраи шағали майдакардашуда, асфалти сиёҳ, асфалти миёна  ва асфалти мустаҳкам иборат хоҳад буд.
Гузашта аз ин, дар чор самт бунёди роҳҳои зеризаминии тӯлонӣ (бо паҳноии 7 метр) ва роҳҳои пиёдагард (бо паҳноии 2 – 3 метр) ҷараён доранд.
Ҳоло зиёда аз 90 дарсади гузаргоҳҳои зеризаминӣ низ сохта шуданд. Танҳо роҳи зеризаминии тарафи шарқӣ (тарафи муҷассамаи Абуалӣ ибни Сино) боқӣ мондааст. Пули роҳравҳои даврагӣ ҳам қариб ба итмом расидаанд.
Мутасаддиён мутмаинанд, ки эстакада то муҳлати пешбинишуда мавриди истифода қарор мегирад.
Бояд гуфт, ки дар минтақа ин аввалин иншооте мебошад, ки аз се сатҳ иборат хоҳад буд. Баъди анҷоми сохтмони эстакада бехатарии ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардон дар ин қитъаи шаҳр пурра тамин хоҳад гашт.
Ёдрас мешаваем, ки эстакада дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе – Турсунзода – сарҳади Ӯзбекистон, қитъаи роҳ аз ҳайкали Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе» сохта мешавад.
Мувофиқи маълумоти Вазорати нақлиёт, эстакадаро Ширкати «Гурӯҳи сохтмони роҳу пулҳои Синтзян – Бейсин» (Xinjiang Beixin Road & Bridge Group Co, Ltd) - и Ҷумҳурии Мардумии Чин бо харҷи 25,5 миллион доллари ИМА бар уҳда дорад. Лоиҳаи сохтмон дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки аврупоии таҷдиду рушд ва Бонки осиёии сармоягузори инфрасохторӣ амалӣ мегардад.
Ш. ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.11.2017    №: 238    Мутолиа карданд: 798

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед