logo

иҷтимоиёт

ҶАВОНОН. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БИСОЗЕМ!

Мусаллам аст, ки ҳар як амали дар овони ҷавонӣ иҷрошуда, натиҷа ва самараи худро дар оянда ба бор хоҳад овард. Тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватанпарастӣ, инсондӯстӣ ва эҳтироми фарҳангу тамаддуни миллӣ аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати кишвар маҳсуб меёбад. 

Чуноне ҳамагон шоҳидем, соли равон, ки Соли ҷавонон эълон гаштааст, ҷавонони баору номуси мо чи дар соҳаи варзиш ва чи дар соҳаи илму фарҳанг дар арсаи байналмилалӣ ба як қатор дастовардҳо ноил гаштанд. Аз ҷумла, паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, ки чанде пеш дар шаҳри Сочи баргузор гашт, бо панҷ медал – 1 тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ баргаштанд. Боиси сарфарозист, ки дар  он гуштигир Беҳрӯз Хоҷазода баъди 42 сол тавонист, ки пирӯзии ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимовро такрор кунад ва дар риштаи самбо чемпиони ҷаҳон шавад.  Беҳрӯз Хоҷазода оид ба ғалабаи худ дар суҳбат бо хабарнигорони рӯзномаи «Ҷумҳурият» чунин гуфт: «Ин комёбӣ ба ман гӯё болу пар бахшид. Бисёр мехоҳам дар бозиҳои олимпӣ иштирок кунам, ба хотири боз ҳам баландтар бардоштани обрӯю эътибори варзиши тоҷик ва ин медали тилло туҳфаи хоксоронаи ман ба ҷашни Рӯзи Президент аст. Зеро маҳз ғамхорию дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷавонон, аз ҷумла варзишгарон, асоси чунин комёбиҳо ба хотири шаъну шарафи Тоҷикистони азизамон мебошад».
 Дар баробари ин, дастаи футболи ҷавонони то 19 - солаи кишвар ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё – 2018 роҳхат ёфт. Соли гузашта бошад, Дилшод Назаров дар Рио-де-Жанейрои Бразилия чемпиони Бозиҳои тобистонаи олимпӣ гардид, ки ин дастоварди бузург аст, зеро агар ба таърихи бозиҳои олимпӣ нигарем, зиёда аз 60 давлат то ҳол медали тилло ба даст наовардааст.
 Ба ғайр аз ин, дар соҳаи маориф ва илм  муаллимаи ҷавони фанни таърихи халқи тоҷики муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии гимназияи № 74 - и ноҳияи Фирдавсӣ Дилбар Шоева барандаи унвони «Муаллими сол - 2017» гардид. Лаёқатмандони ҷавон Ёсуман Исмонзода ва Манижа Тошболтаева (хонандагони синфи 9) тавонистанд бо истеъдоди нотакрори худ аҳли сайёраро ба ҳайрат оваранд.
Бо итминон метавон гуфт, ки ҷавонони кишвар аз ин ба баъд низ комёбиҳои бештар ба даст хоҳанд овард ва дар рушду равнақи Ватани азизамон саҳми бориз хоҳанд гузошт.
Қурбон АҲМАДЗОД,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.11.2017    №: 238    Мутолиа карданд: 768

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед