logo

иқтисод

НОҲИЯИ СИНО. ТАЪМИНОТ БО ҶОЙИ КОР БЕҲБУДӢ МЕЁБАД

Дар доираи супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва қарори раиси шаҳри Душанбе аз 18 феврали соли 2017, № 70 дар ҳудуди ноҳия  қариб 20 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ  баргузор гардида,  наздики 1400 нафар  бо кор таъмин  карда шуд, ки нисбат ба соли гузашта беш аз 350 нафар зиёд  мебошад. 

Ҳамчунин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар доираи татбиқи  «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2017»  таъсиси ҷойҳои холии корӣ, ҷалб намудани занону духтарон ба касбомӯзӣ, иштироки онҳо дар ярмаркаҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявиро ба роҳ мондааст. 
Зафар Гулов, муовини раиси ноҳия,  зикр намуд, ки татбиқи  барномаи давлатӣ ба коҳишёбии сатҳи бекорӣ мусоидат намуд. Рушди истеҳсолот ва таъсиси марказҳои таълими калонсолон  дар зиёд гардидани  ҷойҳои нави кор  ва  баланд бардоштани савияи касбии қувваҳои корӣ  дар ин давра нақши муҳим дорад.   
Аз  шумораи  умумии аҳолии ноҳия  наздики 50 ҳазор  нафар машғули кор  мебошанд.  Музди  миёнаи  меҳнати як коргар  соли равон   ба 1490 сомонӣ баробар шуд, ки  нисбат ба ҳамин давраи  соли 2016 - ум 118,1 дарсад  зиёд мебошад. Аз ҷониби корхонаҳо 450 ҷойи кории холӣ фароҳам оварда шуд. Аз ҷумла,  ҶДММ «Талко Персия»,  КВД «Троллейбус»  ва соҳаҳои коммуналию тандурустӣ дар ташкили ҷойи кор саҳми назаррас доранд. Дар ин давра 652 шаҳрванд барои касбомӯзӣ фиристонда шуд, ки 296 нафари онҳо  бо ҷойи кор таъминанд. 
Иронбӣ МӮСОЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.11.2017    №: 238    Мутолиа карданд: 658

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед