logo

иқтисод

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОҒОЗИ МАРҲАЛАИ НАВ

Ноҳияи  Кӯҳистони Мастчоҳ зодаи Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Он бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи феврали соли 1996 аз нав эҳё гардид. Ноҳия дар тӯли 21 сол дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба пешравиҳои назаррас ноил гардид.
Кӯҳистони Мастчоҳ ноҳияи аграрӣ буда, мардум асосан ба зироаткорӣ, бахусус картошкапарварӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ машғуланд. Бояд як нуктаро махсус таъкид кард, ки агар ҳаҷми истеҳсоли картошка дар соли таъсиси ноҳия, яъне бистуяк сол пеш дар тамоми шаклҳои хоҷагидорӣ 4 ҳазор тоннаро ташкил дода бошад, имсол ба 67 ҳазор тонна расид. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо вазорату кумитаҳои дахлдор ҷиҳати зиёд намудани майдони кишти картошка чораҳои саривақтиро амалӣ месозад. Барои дастгирии кишоварзон ва таъмини онҳо бо тухмии хушсифати картошка аз тарафи  хоҷагии деҳқонии «Маҳадолим» ба ноҳия 10 тонна тухмии навъи «Рет Скарлет» ва 10 тонна   тухмии навъи «Гала» аз Федератсияи Русия ворид  шуда,  дастраси хоҷагиҳои деҳқонӣ гардид. Кишти картошка дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 2061 гектар гузаронда  шуд, ки нисбат ба соли гузашта  60,7 гектар зиёд мебошад. Кишоварзони ноҳия баҳри ғанӣ гардондани бозори истеъмолӣ аз ҳамаи воситаю имкониятҳо самаранок истифода намуда, ҳосилнокии картошкаро дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 342 - сентнерӣ аз ҳар як гектар расонданд.
Дар ноҳия соли равон 17 гектар боғи нав бунёд  ва 5 гектар боғҳои куҳна барқарор  шуданд.  Истеҳсоли меваҷот дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 7607 тонна расид, ки нисбат ба соли гузашта 4769 тонна зиёд мебошад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Соли ҷорӣ оилаҳои занбӯри асал ба 1892 адад расонда шуд, ки дар муқоиса ба соли гузашта  698 адад зиёд аст. Дар ноҳия имсол 35,2 тонна асал истеҳсол шуд, ки назар ба соли гузашта 21,2 тонна зиёд мебошад.
Баъди сафари кории Пешвои муаззами миллат ба ноҳия, 11 сентябри соли 2016, таъмиру таҷдиди роҳи мошингарди Кӯҳистони Мастчоҳ-Айнӣ ба нақша гирифта шуд.  Лоиҳаи азнавсозии роҳи мазкур омода гардида, барои маблағгузорӣ  ба сохторҳои дахлдор пешниҳод шудааст.  Сарвари давлат зимни ин сафари корӣ ба обёрӣ ва азхудкунии зиёда аз 2000 гектар замини бекорхобида дастур дода буданд. Хушбахтона, дар арафаи таҷлили 25 - солагии Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дашти Фалахмон об омад, ки беш аз 200 гектар замини ташналабро шодоб мегардонад. Лоиҳаи бунёди хати оби нӯшиданию полизии дашти Фалахмон ба масофаи 8,5 километр бо маблағгузории Агентии беҳдошти замин ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонда шуд. Лоиҳаи мазкур зиёда аз 200 оиларо, ки ба онҳо тибқи  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 3 декабри соли 2010,  № 637 замини наздиҳавлигӣ  дода шуда буд, бо оби тоза таъмин намуд. Дар натиҷа дар мавзеи мазкур 450 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт.
Бо дастгирии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бошад,  барои кашидани хати оби нӯшиданӣ дар деҳаи Роғи Ҷамоати деҳоти Лангар, ба масофаи 4,5 километр, маводи сохтмонӣ дастрас  гардид ва кор дар ин самт оғоз ёфт. Инчунин, бо ҳамкории КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон кашидани хатти оби нӯшиданию полизӣ барои 240 оилаи деҳаи Оббурдон, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо замини наздиҳавлигӣ дода шудааст, оғоз гардида, дар масофаи 1,5 километр корҳои лоиҳавии иншооти мазкур  ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ иҷро шуданд.  Айни ҳол бо роҳи ҳашар таъмири пули деҳаи Падаск, аз болои дарёи Зарафшон, идома дорад, ки рӯзҳои наздик ба охир расонда мешавад.
Барои таъмини сокинони ноҳия бо неруи барқ чораҳои муассир андешида шудаанд. Масалан, барои кашидани хатти баландшиддати Сабағ - Мазор, ки 13 деҳаи ноҳияро бо барқи баландшиддати 220 кВт таъмин мекунад, ШСХК «Барқи тоҷик» ба ноҳия таҷҳизот, аз ҷумла, 512 дона симчӯб, 337 дона зерпоя, 400 дона изолятори ШФ-10, 6 тонна ноқили тамғаи АС-70 ва 1 адад зеристгоҳи  1600, 250 килограмм лӯласими қутраш 6 мм, 400 дона КН-18 ворид кард. Корҳои лоиҳакашии ин хатти баландшиддат оғоз гардиданд. 
Дар ноҳия барои бо ҷойи кор таъмин кардани занону духтарон диққати ҷиддӣ дода мешавад. Бо ин мақсад дар деҳаҳои Дашт ва Лангар ду маркази таълимии атласу адрасбофии дастӣ, сехҳои дӯзандагӣ дар деҳаҳои Валиғонд, Истошон, Эсизи Поён ва Мадрушкат,  инчунин, қолинбофии дастӣ дар деҳаҳои Пастиғав, Роғ ва Ғузн фаъолият карда истодаанд. 
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва сокинони заҳматқарини он минбаъд низ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон   ба  Маҷлиси Олии мамлакат бармеоянд,  амал намуда, барои таъмини пурраю барзиёди нақшаҳои истеҳсолӣ дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ва боз ҳам беҳтар намудани шароити зисти мардум тадбирҳои саривақтӣ меандешанд.
Муҳаммадҷобир РАҶАБЗОДА,
раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.11.2017    №: 238    Мутолиа карданд: 718

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед