logo

фарҳанг

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Авҷи шукуфоию боландагии забони модарии мо дар давраи нав аҳди давлатдории Сомониён шинохта шудааст. Бунёдгузори давлати Сомониён – Исмоили Сомонӣ на танҳо «девори Бухоро» буд, балки девори забони модарӣ ҳам буд, ки сиёсати ватанхоҳию забонгустарии ӯ ба рушди бесобиқаи ин забон ва фурӯғи истеъдоди шоироне чун Рӯдакию, Фирдавсӣ, ки саромади шоирони форсизабони ҷаҳон эътироф шудаанд ва донишмандоне чун Берунию Ибни Сино, ки бо таълифи шоҳасарҳои илмии «Китобу-т-тафҳим» ва «Донишнома» ба забони модарии мо дар ҷодаи илм «шеваи роҳгардӣ» омӯхтаанд, мусоидат кард.
Сиёсати забонгустарии Исмоили Сомонӣ ва дигар амирони ин хонадон чунон қавӣ пайрезӣ шуда буд, ки хонадонҳои баъдии ғайримаҳаллии бақудратрасида аз ин сиёсат пайравӣ кардаанд. Гузашта аз ин, Салҷуқиён мунодии ин забон дар Осиёи Сағир ва Ғазнавиёну Темуриён ҳомили он дар сарзамини Ҳинд будаанд.
Ба иттилои муаллифи ношинохтаи таърихномаи туркии «Таворихи гузидаи нусратнома» поягузори давлати Шайбониён (1500-1598) Муҳаммад Шайбонихон, ки асли чингизӣ дошт, на танҳо ба забони модарии мо шеър месуруд, балки баъд аз гузаштани тақрибан панҷсад сол аз рӯзгори Давлати Сомонӣ асли худро ба Исмоили Сомонӣ пайванд медод.
Аммо дар замони давлатдории Шӯравӣ бар асари сиёсати забонзудоӣ ва русигустарӣ доираи корбурди забони тоҷикӣ ниҳоят маҳдуд шуд ва забони модарӣ аз маҷрои табиии рушди худ берун монда, имконоти дохилии ғаноафзоӣ ва дар маҷмӯъ то ҷое сарриштаи кори худро дар ҷомеа аз даст дод.
Бинобар ин, дар солҳои охири давлатдории Шӯравӣ мубориза барои озодӣ ва истиқлолталабии мардуми тоҷик нахуст аз мубориза барои забони модарӣ шурӯъ гардид, ки зиёиёни асили миллии мо, аз қабили устодон Осимӣ, Шакурӣ, Акбари Турсон, Лоиқ, Шарофиддини Рустам ва дигарон парчамдори ин мубориза буданд.
Ҳарчанд 22 июли соли 1989 Қонуни забони Тоҷикистон ба тасвиб расид ва забони тоҷикӣ дар қаламрави Тоҷикистон мақоми давлатӣ пайдо кард, вале ҳамоно дар роҳи рушди забони модарӣ мушкилоту монеа фаровон буданд.
Қабули эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 9 сентябри соли 1991 барои рушди забон заминаи созгор муҳайё кард, вале аз ин ҳодисаи фараҳбахш чанде нагузашта, бо тавтиаи бадхоҳони дохилию хориҷӣ дар мамлакат оташи ҷанги дохилӣ забона зад, ки кишварро хароб, бозори забону фарҳанги миллиро касод ва ҳазорон мардуми бегуноҳро ба коми худ фурӯ бурд.
Давлату миллат ва забону фарҳанги миллӣ ба раҳогари ормоние чун Исмоили Сомонӣ ниёз дошт, ки дар ин марҳилаи сарнавиштсоз тақдири давлатро комилан ба дасти худ гирифта, киштии муроди миллатро аз ин гирдоби фано саломат ба соҳили наҷот бирасонад.
Ба бахти мардуми мо ва савобдиду салоҳдиди вакилони оқибатбину фарҷомнигари Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳбарии кишвар ба зиммаи Эмомалӣ Раҳмон вогузор шуд.
Ӯ аз рӯзҳои нахустини ба мақоми раҳбарӣ расидан, тақдири давлату миллат ва забони давлатиро бо ҳам тавъам шумурда, бақои давлатро дар паноҳи забон ва забонро дар паноҳи давлат эълом дошт.   
Метавон гуфт, бо ин иқдоми созанда ва барқарории сулҳу субот дар ҷомеа ва бо роҳбарии Пешвои миллат ба бунёди ҷомеаи озоди демократӣ ва давлати миллӣ камари ҳиммат бастани мардуми тоҷик забони давлатӣ ба марҳилаи нави рушди худ ворид гардид.
Сухани ноб ва ширину шевои тоҷикӣ бори нахуст дар баландтарин минбарҳои ҷаҳон аз забони Пешвои миллат садо дод ва ба ҷаҳониён аз ҳастии давлату миллати тоҷик мужда расонд. Танини забони модарӣ ва забони офаридаҳои Рӯдакию Фирдавсӣ, Ибни Синову Берунӣ, Носири Хусраву Умари Хайём, Саъдию Мавлоно, Ҷомию Аҳмади Дониш, Айнию Турсунзода дар ақсои олам аз эҳёи дигарбораи забону фарҳанги ҳазорсолаи тоҷикон дарак дод.
Ҷилваи ҷамоли забони модарӣ дар суханрониҳо ва силсилаи асару мақолаҳои Пешвои миллат завқи забондонию забономӯзиро дар дили хурду калон, пиру барно бедор кард. Дар қалби кӯчаки кӯдакону наврасон шуълаи тобноки муҳаббати самимона ба забони модарӣ фурӯзон шуд ва дигар муҳол аст, ки боду борони рӯзгорон ин шуълаи муҳаббату самимиятро хомӯш гардонад.
Бо шарофати сиёсати забонгустарӣ ва иқдомҳои пайдарпайи Сарвари давлат дар ин замина забони модарӣ ҷойгоҳи аслии худро дар миёни ҳамаи қишрҳои ҷомеа, дар ҳамаи мактабу коллеҷҳо ва донишгоҳу донишкадаҳо, дар тамоми идораву вазоратхонаҳо ва корхонаву муассисаҳо пайдо намуд ва дар мақоми шоиставу боистаи худ ҷой гирифт. Дар натиҷаи чунин сиёсат тадриҷан сатҳи забондонии аҳли ҷомеа боло рафта, забони матбуот ва дигар воситаҳои ахбор беҳтар ва симои лавҳаву овезаҳои шаҳру деҳот ба куллӣ дигаргун шуд.
Ин нукта низ шоистаи таъкид аст, ки устоди зиндаёд Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ ба заҳматҳои Пешвои миллат дар ин замина баҳои баланд дода, кору пайкори эшонро бо талошҳои устод Айнӣ, ки дар даҳаи сӣ ва чили садаи бист барои аз осебҳо раҳо кардани забони тоҷикӣ мубориза мекард ва шогирдону пайравонаш талошҳои ӯро идома доданд, қиёс намуда, гуфта буд: “Талошҳои Айнӣ ва пайравони ӯ ранги хусусӣ дошт, талоши шахсӣ буд. Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон... он талошҳои хусусии Айнӣ ва пайравонашро ба сатҳи давлатӣ бардоштанд”.
Эҳёи номҳои аслии таърихӣ ва номгузорӣ ба мавзеу маҳалҳое, ки бар асари сиёсатҳои давр ё ҷотабдилии қавму қабилаҳои кӯчӣ табдили ном кардаанд, аз иқдомҳои дигари муҳими Сарвари давлат дар роҳи рушду таҳкими забон ва эҳёи худшиносию худогоҳии миллӣ ба ҳисоб меравад.
Сомонӣ ном гирифтани яке аз унсурҳои муҳими давлатдории миллӣ – пули миллӣ бо тасвири симои бузургони дирӯзу имрӯзи миллат ва дарҷи қитъаи шеър дар пул аз иқдомҳои шоистаи Президенти мамлакат ба ҳисоб меравад, ки ҳампайвандии забону фарҳанг ва иқтисоду молияи моро барои имрӯзу фардо таъмин мекунад.
Бори нахуст дар таърихи нави давлатдории Тоҷикистон бо салоҳдиди Пешвои миллат Кумитаи забон ва истилоҳот дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Бо пешравиҳои назаррас дар роҳи бунёди давлати миллӣ зарурат пеш омад, ки Қонуни забон, ки қабл аз рӯзгори истиқлолият ба тасвиб расида буд, таҷдиди назар карда шавад. Бинобар ин, дар таърихи 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» дар таҳрири нав аз тарафи Пешвои миллат ба имзо расид ва ин таърих рӯзи азиздошти забони модарӣ муқаррар гардид, ки ҳамасола дар кишвари мо бо шукӯҳу ҷалоли хос таҷлил мешавад.
Бо фароҳам омадани имкону шароит марҳила ба марҳила барномаҳои рушди забони давлатӣ таҳия, қабул ва амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016, ки 30 июни соли 2012 қабул гардид ва лоиҳаи Консепсияи миллии рушди забони давлатӣ, ки айни замон дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, дурнамои рушди забони модариро барои солҳои минбаъда дар бар гирифта, ба татбиқи муваффақонаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» равона гардидаанд. Ҳадаф ва вазифаҳои барнома ва консепсияи мазкур асосан нигаҳдошти асолат ва ҳувияти забони модарӣ чун омили ҳастӣ ва бақои миллат дар рӯзгори мо мебошад.
Дар чанд суханронии худ  Сарвари давлат таъкид бар он доранд, ки вақти он аст забони давлатӣ дар кишвари мо бо саъйи донишмандон ва дигар аҳли зиё ба пояи забони илм ва технологияи пешқадами муосир расонда шавад. 
Ёдоварӣ мебояд, ки Пешвои миллат андеша ва мулоҳизаҳои худро дар бораи забон дар аксари асару мақола ва суханрониҳои худ, аз ҷумла китобҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» ва «Забони миллат – ҳастии миллат» баён намудаанд. Бахусус, китоби «Забони миллат – ҳастии миллат», ки саргузашти забони модарии моро бо ҳама шебу фароз ва комгорию нокомиҳои он аз оғози рушд то рӯзгори Хоразмшоҳиён дар бар мегирад, дастури хуби омӯзиши таърихи забон аст.
Дар ҳамин китоб таъкид ба он доранд, ки “Яке аз вижагиҳои аслии бисёр муҳими забони мо хосияти баҳамоварӣ ва ё ваҳдатофарии он аст. Ин хусусият сипас дар ташаккули он ба унвони як забони умумӣ барои мардуми эронитабор нақши муассир бозид”.
Устод Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ, ки умри дарози пурбаракати худро сарфи рушди забону фарҳанги миллӣ намуд, нақши меҳварии Пешвои миллатро дар роҳи рушди забон ва худшиносии миллӣ дар рӯзгори Истиқлолият таъкид намуда, бо самимияту садоқати ба худ хос фармуда буд: “Суханҳои олие, ки Эмомалӣ Раҳмон дар бораи забони модарӣ ва бузургдошти он гуфт, ман дар ин умри дарозам аз ҳеҷ сарвари Тоҷикистон нашунида будам. Шак нест, ки миллати тоҷик дар роҳи худшиносӣ аз Эмомалӣ Раҳмон миннатдор хоҳад буд”.
Мирзо Ҳасани Султон,
узви вобастаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.11.2017    №: 238    Мутолиа карданд: 964

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон

04.01.2019


Парвози чартерӣ дар масири Душанбе - Шарм-уш-шайх

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Ҳалокати зани тоҷик ва се фарзандаш дар Магнитогорск

Ваколати нави намояндаи Тоҷикистон дар СҲШ

Аз Сурия баромадани артиши амрикоӣ оғоз ёфт

Зонди чинии "Чанъэ-4" дар Моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед