logo

сиёсат

ҚАБУЛИ ЭЪТИМОДНОМА АЗ 8 САФИРИ НАВ

20 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 8 сафири нав эътимоднома қабул намуданд.
Зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон Найтҳар Хёфер - Виссинг, Шоҳигарии Белгия Алекси де Кромбрюгхе де Пикендаел, Руминия Чезар – Маноле Армяну, Ҷумҳурии Эстония Ҳейти Маймес, Канада Николя Бруссо, Иёлоти Муттаҳидаи Мексика Жозе Алфонсо Зегбе Камарена, Ҷумҳурии Аргентина Иван Иванишевич ва Ҷумҳурии Чили Родриго Хосе Нйето Матурана эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро барои оғози фаъолияти дипломатӣ дар Тоҷикистон табрик намуданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Давлати Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии худ пайваста кӯшиш ба харҷ  медиҳад, ки бо тамоми кишварҳои дуру наздик равобити фаъолу созандаро ба роҳ монда, сафи шарикону дӯстонашро дар арсаи байналмилалӣ васеъ гардонад.   
Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди муносибатҳо ва робитаҳои гуногунҷанба бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Шоҳигарии Белгия, Руминия, Ҷумҳурии Эстония, Канада, Иёлоти Муттаҳидаи Мексика, Ҷумҳурии Аргентина ва Ҷумҳурии Чили андеша ронда, изҳори умед намуданд, ки сафирон баъди шиносоии наздик бо шароити кишвари мо, барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибот ва ҳамкории мутақобилан судманди давлатҳои худ бо Тоҷикистон бо баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашуда ҷаҳду талош мекунанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.11.2017    №: 238    Мутолиа карданд: 886

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед