logo

сиёсат

ИҶЛОСИЯИ XVI. МАРҲАЛАИ НАВИНИ ҶОМЕАСОЗӢ

Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд 16 ноябри соли 1992 баргузор гардид, дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат дигаргуниҳои куллӣ ба амал овард. Ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмонро дар ин иҷлосияи воқеан ҳам тақдирсоз мардуми шарифи Тоҷикистон фоли нек ҳисобида, дар симои Сарвари нави худ наҷотбахшу сарпарасти воқеии миллатро диданд.

Сарвари тозаинтихоби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки  мубрамияти тақвият бахшидан ба асосҳои сиёсии истиқлолияти ватани азизамон зарурияти ҳар чи зудтар ба эътидол овардани вазъи сиёсию иҷтимоии ҷомеаро аз ҷумлаи  вазифаҳои аввалиндараҷаи давлат арзёбӣ карданд. Зеро бе истиқрори сулҳ ҳалли самарабахши масъалаҳои дар назди ҷомеа истода имконнопазир буд. Ба ҳамин хотир, иҷлосия таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон кори худро аз сулҳу оштӣ ва ба ҳам  овардани мардуми пошхӯрда оғоз намуд. Бо талошҳои шабонарӯзии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт тамоми тадбирҳои зарурӣ  андешида шуданд. Яке аз чунин иқдоми бисёр муҳим қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд» мебошад. Яъне, ин авфи гуноҳи шахсоне буд, ки дар муқовиматҳо ва даргириҳои то ин дам бавуҷудомада иштирок карда буданд. Дар ин радиф Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  Рӯзи  сулҳ ва ризоияти  миллии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992» қабул гардид, ки ҳадафи асосии он таъмини асосҳои қонунии ба ҳам овардани сокинони мамлакат, рӯзгори осудаи мардум ва сулҳу оштии саросарӣ дар Тоҷикистон буд. Инҳо аввалин санадҳои ҳуқуқие буданд, ки дар расидан ба оштии миллӣ ва сулҳи тоҷикон нақши роҳнамоиро иҷро намуданд.
Дар ин иҷлосияи сарнавиштсоз бори аввал кӯшиш ба харҷ дода шуд, ки ҳадафҳои таҳкими асосҳои иҷтимоии давлати миллӣ бо тамоюлоти худшиносии аъзои ҷомеа созгор карда шаванд. Бинобар ин, масъалаи дигари муҳим, ки дар назди вакилони мардумӣ меистод, қабули рамзҳои давлатӣ - Парчам ва Нишони давлатӣ, муайян кардани самти минбаъдаи инкишофи кишвар ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ буд. Ҳанӯз дар ҷараёни иҷлосия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдории худро аз бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд баён карда буданд. Баъдан, дар тақвияти ин андешаи худ таъкид карданд: «Мо чандин маротиба гуфтаем ва боз ҳам мегӯем, ки тарафдори сохтани давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошем ва ин усули пешгирифтаи мо мутобиқ ба арзишҳои умумибашарӣ мебошад. Ҳукумат ба рушду такомул ва густариши арзишҳои демократӣ дар ҳаёти сиёсии ҷомеа кумаки худро дареғ намедорад, вале Ҳукумат намегузорад, ки касе  ё гурӯҳе дар зери парчами демократия табар бар решаи арзишҳои умумиинсонӣ занад, Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи  ҷумҳуриро вайрон кунад, байни мардум тафриқа андозад ва мардумро  ба  ҷанги бародаркушӣ даъвату ҳидоят намояд».
Дар ин иҷлосияи тақдирсоз Парчам ва Нишони давлатӣ қабул гардиданд. Акнун, пас аз  тақвият додани асосҳои давлати миллӣ ва фосила гирифтан аз маҳдудиятҳои ҳувияти минтақавӣ ташаккули шуури ягонаи миллӣ ва ҳувияти миллӣ ба чашм мерасид. Ин асосе буд, ки минбаъд ба ваҳдати миллӣ  оварда расонд. Аз ҷониби дигар, ин иқдом минбаъд барои ҷалби мардум дар самти пешбурди ҳаёти иқтисодии  кишвар имконоти васеъ фароҳам овард, ки имрӯз самари дилхоҳ медиҳанд.  
Хайриддин ИДИЕВ,
ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода,
узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.11.2017    №: 239    Мутолиа карданд: 1053

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР

ДАР УХАН БОЗ 12 БЕМОРХОНАИ МУВАҚҚАТӢ БАРОИ БЕМОРОНИ COVID-19 КУШОДАНД

ПЙЕР ВИМОН: «ТАҲРИМОТИ ЗИДДИРУСӢ БАР ЗАРАРИ ХУДИ АВРУПО ШУДАНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ОИД БА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ «ҲАҶ-2020»

КОДЕКСИ ОБ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБИРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД

МАСОИЛИ ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГӢ МАТРАҲ ШУДАНД

КОНФРОНС БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

ЛИЖАРОНӢ. ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ДОДАНИ ЛИТСЕНЗИЯРО ТАҶДИДИ НАЗАР МЕКУНАНД

ҚАЗОҚИСТОН. 13 ФУРУДГОҲИ МАСИРИ ҲАВОИИ МАҲАЛЛӢ МЕСОЗАД

САРВАРИ ФЕЪЛИИ АФҒОНИСТОН АШРАФ ҒАНӢ БОЗ ПРЕЗИДЕНТ ИНТИХОБ ШУД

ТИҶОРАТ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН МОҲИ ЯНВАР ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

18.02.2020


ВКД. 161 УЗВИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАСТГИР ШУД

ФАРХОР. ҲОЛАТИ ҒАЙРИМЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО МАВЗӮИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД!

18 ДОЛОНИ ЗИДДИТАРМАВӢ СОХТА МЕШАВАД

БОНУВОНИ НОҲИЯИ МУРҒОБ – ҒОЛИБИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

ГРЕНЛАНДИЯ ОБИ ПИРЯХҲОРО БА САВДО БАРОВАРДАНИСТ

ДАР БЕЛАРУС СОЛИ 2023 ИСТИФОДАИ ЗАРФҲОИ ПЛАСТИКИРО МАНЪ НАМУДАНИАНД

ПЕКИН ДАР 6 РӮЗ КОРХОНАИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБҲОИ ТИББӢ СОХТАНИСТ

ЧИН ВА АСЕАН ДАР МАСЪАЛАИ КОРОНАВИРУС ВОХӮРИИ МАХСУС ДОИР МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2020


"РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО". ТАТБИҚИ ЗЕРЛОИҲАҲО

ШАҲРИНАВ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ 32 ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ ҚАТЪ ГАРДИД

ҲАМКОРИҲО БО ШАРИКОНИ РУШД ТАҲКИМ МЕЁБАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед