logo

иқтисод

ТЕРМИНАЛҒОРАТ. РОҲИ МАРДУМФИРЕБИРО КӢ МЕГИРАД?

Соҳибони терминалҳо (банкоматҳо) баъди муддате таъхир боз ба гирифтани чанд дарсади маблағи истифодабарандагони алоқаи мобилӣ даст заданд. Ин ҳолат дар аксар терминалҳо аз як то се дарсади маблағи пардохти муштариёнро ташкил медиҳад. Дар деҳотҷойҳо фоизгирӣ ҳангоми пурра шудани тавозуни симкортҳо тавассути телефони мобилӣ ва компютерҳо сурат мегирад, ки масъалаи таъмин будани ҳуқуқи истеъмолкунандаро зери суол мебарад.
Ин дар ҳолест, ки мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаҳои алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» гирифтани фоиз аз маблағи муштариён манъ аст. Мақоми ваколатдор - Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд татбиқи қарори мазкурро ҷидӣ назорат намояд. Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ уҳдадор аст, ки ҳуқуқи истеъмолкунандаро ҳимоя кунад. Вале…
Операторони ширкатҳои мобилӣ ҳамчун фармоишгар барои пардохти маблағи муштариён бо ҷамъиятҳо (соҳибони терминалҳо) шартномаи ҳамкорӣ мебанданд. Ҷамъиятҳо ҳамчун иҷрокунанда ба манфиати  фармоишгар маблағи пардохтро аз муштариён қабул карда, ба суратҳисоби  он интиқол медиҳанд ва фармоишгар барои  иҷрои корҳо ба соҳиби терминал мукофотпулӣ медиҳад. Ҷамъиятҳо дар навбати худ бо шахсони алоҳида, яъне субдиллерҳо ҳамкорӣ карда, онҳо низ барои қабули пардохтҳо мукофоти пулӣ мегиранд.
Бисёри ҷамъиятҳо маҳз  нокифоя будани мукофотпулии мазкурро сабаби асосии гирифтани фоиз меҳисобанд. Зеро, маблағи мукофот харҷи фаъолияти терминалҳоро намепӯшонад. Хусусан, харҷи таъмири терминалҳо ва пардохти андозро.
Шояд чунин ҳам бошад, вале, агар аз 3,6 миллион истифодабарандаи телефони мобилӣ фоизи муайян ситонда шавад, ин тақрибан садҳо ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки маблағи кам нест.
Ҷамъиятҳо умуман фоизгириро маблағи ҳаққи хидмат ба мардум медонанд. Ба гуфтаи онҳо, дар бозори савдо ҳама гуна хизматрасонӣ арзиш дорад. Он бояд ҷуброн карда шавад.
- Воқеан, имрӯз масъалаи фоизгирии терминалҳо яке аз мушкили асосии муштариён ба ҳисоб меравад, ки пайваста аз он изҳори нигаронӣ мекунанд. Ин масъала дар ҷаласа – машварати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо иштироки масъулони соҳаи алоқаи барқӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, аз операторони ширкатҳои мобилӣ, аз ҷумла ҶСП «Индиго Тоҷикистон», ҶДММ «Таком», ҶСП «ТТ мобайл» ҶММ ҶМ «Тоҷикмобайл", ҶСП «Телеком технолоҷӣ» ҶСП «Вавилон мобайл» ва  ҶСП «ТК мобайл» даъват ба амал оварда шуд, ки барои бартараф кардани қонуншиканӣ чораҳои қатъӣ андешанд. Ғайр аз ин, ба Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ 2 маротиба маълумотнома оид ба андешидани чораҳои таъсиррасон нисбат ба субъектҳои хоҷагидор, ки дар самти хизматрасонии терминалҳо хилофи қонун фаъолият мекунанд, ирсол карда шуд. Мутаассифона, кор бе натиҷа анҷом ёфта, ҳолати ғайриқонунӣ гирифтани фоиз аз маблағи муштариён ҳанӯз дида мешавад.
- Ҳолате шудааст, ки ҷамъиятҳо, хусусан ҶДММ «Пардохт ТҶ» (Тоҷпей), ҶДММ «Леваканд тиҷорат», ҶДММ «Мададгори дӯстон», ҶДММ «Эмон», ҶДММ «Боварӣ М», ҶДММ «Авфар» ва ҶДММ «ССП Пайванд» дар посух ба муроҷиати хадамот гуфтанд, ки фоизгириро қатъ кардаанд. Вале, аз рӯйи мушоҳидаҳо ин маълумоти нодуруст буд, - гуфт Ислом Неъматов, сармутахассиси раёсати ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.
Ҷамъиятҳо барои додани маълумоти носаҳеҳ дар асоси протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд. Умуман, маблағи ҷарима аз ҳисоби фоизгирӣ 77288,80 сомониро ташкил дода, он ҳамчун маблағи беасос ситондашуда ба буҷети давлат ворид гардид.
Айни замон тибқи супориши муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасии муроҷиати дастаҷамъонаи субъектҳои хоҷагидори дар самти хизматрасонии қабули пардохтҳо фаъолияткунанда дар Кумитаи  давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.
Умед аст, ки бо кори самараноки ин гурӯҳ масъалаи мазкур ҳалли ниҳоии худро меёбад. Муштариён низ дар истифодаи алоқаи мобилӣ роҳи дурусти оқилона ва сарфакорона кор бурдани онро интихоб мекунанд, то буҷети оиларо аз харҷи беҳуда эмин нигоҳ доранд. Зеро тибқи маълумоти расмӣ маблағи аз ҳисоби истифодаи бемавриди алоқаи мобилӣ дар кишвар тақрибан 2 миллиард сомониро ташкил додааст, ки ҷойи нигаронист.
О. ВАФОБЕК «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.11.2017    №: 239    Мутолиа карданд: 793

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед