logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ САФИРОНИ НАВ ЭЪТИМОДНОМА ҚАБУЛ НАМУДАНД

21 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 7 сафири  навтаъйиншудаи кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул намуданд.
Зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Муғулистон Лувсан Баттулга, Ҷумҳурии Индонезия Раҳмат Прамоно, Амороти Муттаҳидаи Араб Муҳаммад Аҳмад Султон Иссо Ал-Ҷобир, Шоҳигарии Марокаш Абдулҷалил Саубрӣ, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ хонум Кейтуметси Тандека Метюс, Ҷумҳурии Кипр Леонидас Маркидес ва давлати Исроил Эдуард Шапиро эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро ба муносибати таъйин гардиданашон ба ҳайси роҳбарони сафоратҳои давлатҳои худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки сафирон бо фаъолияти пурсамари дипломатиашон ба рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои худ мусоидати ҷиддӣ хоҳанд кард.
Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи давраи соҳибистиқлолӣ дар доираи сиёсати бобарори дарҳои кушода, бо доираи васеи ҷомеаи олам ҳамкориҳои судманду баробарҳуқуқро дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ ба роҳ монда, густариш медиҳад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи судманд бо кишварҳои қитъаи фарохи Осиё, Осиёи Ҷануби Шарқӣ, кишварҳои олами араб ва давлатҳои қитъаи Африқо андешаронӣ карда, изҳори умед намуданд, ки сафирони фавқулода ва мухтори навтаъйиншудаи Муғулистон, Индонезия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Марокаш, Африқои Ҷанубӣ, Кипр ва Исроил бо шароиту имкониятҳои васеи равобити гуногунҷанба, фазои мусоиди сармоягузорӣ шинос шуда, барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибот ва ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои худ бо Тоҷикистон бо баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашуда дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҷаҳду талош мекунанд.
Дар охир Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҳамаи сафирон ба муносибати оғози фаъолияташон барору комёбӣ орзу намуда, омодагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баҳри мусоидат дар самти пешбурди фаъолияти дипломатиашон махсус таъкид карданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.11.2017    №: 239    Мутолиа карданд: 1008

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед