logo

иқтисод

БАЛҶУВОН. ОМОДАГИИ ҲАМАҶОНИБА БА ЗИМИСТОН

Чун ҳамасола бо фарорасии мавсими сармо, масъулони муассисаву ташкилотҳои ноҳия бо мақсади бе мушкилӣ гузарондани зимистони дарпешистода, чораҳои зарурӣ андешиданд. Соли равон муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия баҳри дар амал татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 4 апрели соли 2017, № 177 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам  ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои  2017 – 2018» омодагии ҷиддӣ гирифтанд.

Ба гуфтаи Зоирзода Маърифат, раиси ноҳия, маъмурият ва кормандони муассисаи мазкур кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки  дар   59,3 километр роҳҳои ҷумҳуриявию маҳаллии диёр дар давраи зимистонгузаронӣ ҳаракати мунтазами ҳама гуна воситаҳои нақлиётро  хуб ба роҳ монанд. Дар муассиса 6 техника дар ҳолати хуб  қарор дошта, дар мавзеъҳои мушкилгузари роҳи автомобилгарди  Балҷувон – Ховалинг ва Балҷувон – Кангурт 420 метри мукааб маводи зидди лағжиш, 50 тонна намак, 800 литр сӯзишвории дизелӣ ва 10 метри мукааб ҳезум захира карда шудааст. Дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ барои фаъолияти пурраву бенуқсон дар ин мавсим чораҳои зарурӣ андешида шуданд.
Дар маҷмӯъ раванди иҷрои корҳо ҷиҳати  бекаму кост гузарондани  зимистони имсола дар  соҳаҳои иҷтимоию  иқтисодӣ, аз ҷумла коммуналӣ,  роҳдорӣ, маориф, тандурустӣ ва барқрасонии ноҳия, дар сатҳи баланд ҷараён дорад. 
Холназар КАСИРОВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.11.2017    №: 240-241    Мутолиа карданд: 830

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед