logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Мабатшо Мамадвафоев дар деҳаи Барчадеви ноҳияи Шуғнон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ӯ соли 1959 баъди хатми мактаб-интернати ба номи С. М. Кирови шаҳри Хоруғ ба шуъбаи геологияи факултаи илмҳои табиии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин дохил шуда, аз омӯзгорони номвари онвақта, ба монанди академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои геологӣ – минералогӣ Сороҷон Юсуфова ва петрограф, дотсент Рауф Баротов сабақ омӯхтааст.
Баробари хатми донишгоҳ дар кафедраи мазкур ба ҳайси лаборанти калон ба фаъолият шурӯъ менамояд. Як сол дар кафедраи усулҳои геохимиявӣ ва радиоактивии ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданоки Донишкадаи кӯҳии шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) кор меомӯзад. Аспирантураро ҳам дар ҳамин кафедра мегузарад.
Баъди хатми аспирантура дар кафедраи минералогия ва петрографияи факултаи геологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногун, аввал устод, баъдан ба сифати дотсент кор мекунад. Кори педагогӣ ва илмиро М. Мамадвафоев пайваста ва пурмасъулона пеш мебурд. Дарсҳои назариявӣ ва амалиро аз як қатор фанҳо, ки ҳам ба гурӯҳи ҷустуҷӯҳо ва ҳам ба иктишофчиҳои конҳои канданиҳои фоиданок гузаронда мешаванд, чун геохимия, ҷустуҷӯ ва усулҳои иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок, металлогения ва усулҳои математикӣ дар геологияро дар сатҳи баланд мегузаронд.
Моҳи ноябри соли 1987 дар Институти умумииттифоқии илмӣ - тадқиқотии геологии Русия ба номи А. П. Карпинский (ВСЕГЕИ) рисолаи номзадиро дифоъ намуд. Вобаста ба мавзӯи рисолааш 6 ҳисоботи илмӣ - тадқиқотӣ, ки иҷрокунандаи масъул ё худ роҳбари илмии онҳо буд ва 35 мақолаи илмӣ ба дасти чоп расонда буд.
М. Мамадвафоев бо маърӯзаҳо дар конференсияву семинарҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ суханронӣ кардааст. Ҳамкории илмии ӯ бо кафедраи геохимияи Донишгоҳи шаҳри Катовитсия (Лаҳистон) соли 1990 оғоз ёфт. Соли 1991 корҳои якҷояи экспедитсиониро бо иштироки профессори донишгоҳи мазкур В. Козловской дар ҳудуди майдони паҳншудаи ҷинсҳои синну соли докембри доштаи ноҳияи Рашт гузаронданд.
Чандин сол дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба донишҷӯёни ихтисоси геология низ дарс додааст. Аз соли 1997 инҷониб дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. М. Мамадвафоев корҳои геологии истеҳсолӣ ва илмиро дар ҳамбастагӣ пеш мебурд, ки дар ин самт таъсиси шуъбаи илм ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ қадами хубе ба пеш буд.
Ба қалами М. Мамадвафоев 14 ҳисоботи геологии илмӣ - тадқиқотӣ ва истеҳсолӣ, 7 монография ва зиёда аз 115 мақолаи илмӣ аз ихтисосҳои геохимия, усулҳои геохимиявии ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок, металлогения ва петрохимия, вулканология тааллуқ доранд.
Хизматҳои М. Мамадвафоев бо унвони фахрии “Аълочии маорифи Тоҷикистон” (соли 1995) ва ифтихорномаҳои Саридораи геология (солҳои 2008, 2010, 2012, 2015) қадрдонӣ шудааст.
М. Мамадвафоев ҳоло ҳам  ба иҷрои корҳои истеҳсолӣ ва илмии геологию геохимиявӣ машғул аст. Бовар дорем, ки мавсуф минбаъд низ бо дастовардҳои илмии худ дар пешрафти геологияи тоҷик саҳми босазо мегузорад.
Азим ИБРОҲИМ,
А. ФЕЛАЛИЕВ, М. ШАБОЗОВ,
З. ФАЙЗУЛЛОЗОДА, Р. БАХТДАВЛАТОВ, Ш. ХУДОБАХШ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.11.2017    №: 240-241    Мутолиа карданд: 793

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед