logo

сиёсат

МАГӮ СУБҲИ ТАРАБ ДАР МУЛКИ ҲАСТӢ ДЕР МЕОЯД...

(Таассурот аз чорабиниҳои тантанавӣ ба ифтихори 25 - умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Вақт ҳамчун довари бузургу беназир ба раванди марҳилаҳои гуногуни ҷомеасозӣ дар ҳама давру замон баҳои холисона дода, собит намудааст, ки  маҳз шахсиятҳои бузург қодиранд инсонҳоро дар ҳалли масъалаҳои печидаву мураккаби сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ раҳнамоӣ карда, дар қалбу дидаи мардум умед ба зиндагии шоиста ва ояндаи дурахшонро барафрӯзанд. Андеша ва садоқати азалии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фарзона - фарзанди миллати тоҷик, абармарди олами сиёсии ҷаҳон, замина гаштанд, ки дар ҳассоcтарин лаҳзаҳои душвори таърихӣ ин миллату давлатро аз парокандагӣ наҷот диҳанд.

Ҳамчун иштирокчии маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25 - умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 19-уми ноябри соли равон бо иштироки   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри Арбоб  доир гардид, бо бардошти як ҷаҳон таассуроту рӯҳияи идона хостам чанде аз андешаҳои худро оид ба натиҷаҳои ин рӯйдоди таърихии миллӣ баён намоям.  Бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи тақдирсоз, нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиён ва кулли мардуми кишварро бо солгарди Иҷлосияи тақдирсозу таърихӣ, ки оғози марҳилаи созандагӣ ба хотири ваҳдати комили сартосарӣ ва сулҳу субот буд, табрику таҳният гуфтанд.
Зикр гардид, ки Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ бо дарназардошти ҳадафҳои олии давлати соҳибистиқлоламон дар давраи басо душвори сиёсиву низомӣ бо мақсади таъмини ҳар чи зудтари сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ҳифзи якпорчагии давлати мустақили тоҷикон ва муҳайё намудани шароит барои барқарор намудани сохторҳои фалаҷгаштаи Ҳукумат, ки бар асари ҷанги шаҳрвандӣ хароб гаштанд, даъват шуда буд.
Пешвои миллат дар мавриди набзи ноустувори он замон ишора намуда, афзуданд, ки мафкураи халқ  амалан ду тақсим шуда буд ва ҷавонони бетаҷрибаву гирифтори эҳсосот бо дастури хоҷагони дохиливу хориҷии хеш ба майдонҳо баромада, вазъиятро боз ҳам мураккабтар месохтанд. Аз ҷумла, роҳбарони собиқ Ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ва хоҷагону маблағгузорони онҳо, ки ташаббускори ин ҷанги бародаркуш буданд, барои ноил шудан ба ҳадафҳои нопоки худ, яъне ба сари мардуми мо таҳмил додани мазҳаби бегона ва бунёди давлати исломӣ ба оташ равған мерехтанд. Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи мураккаби сиёсӣ, инчунин аз ду роҳи ба миён омада: яке марг ва дигаре масъулияти роҳбариву соҳибии давлату миллат ёд оварда,  зикр карданд, ки интихобу иродаи устувори мардум моро ба сулҳ ва ваҳдат расонданд.
Нуктаи арзишманде, ки беихтиёр мавҷи кафкӯбиҳои аҳли толорро афзун намуд, ин ёдовар шудани Пешвои миллат аз қабули муроҷиатнома ба мардуми шарифи Тоҷикистон аз 12 – уми декабри соли 1992 буд: «Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои ободиву пешрафти Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷони худро нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам…»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба қабули нахустин қонунҳои замон ёдовар шуда, илова намуданд, ки иҷлосия кори худро маҳз аз қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи афви умумӣ» ва «Дар бораи гурезаҳо» шурӯъ кард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи сарнавиштсоз таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, афзуданд, ки мо бояд арзиши сулҳу ваҳдати миллиро ҳамчун фарҳанги зиндагии мардум боз ҳам густариш диҳем ва дар замири насли ҷавон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, ҷиддияту заҳматдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонунро тарбия кунем, то онҳо тавонанд Ватани азизамонро ҳамчун намояндагони сазовор ва арзандаи миллати куҳанбунёди тоҷик дар арсаи ҷаҳон ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.
Дар анҷоми ин ҷамъомади тантанавӣ вакилони Иҷлосияи таърихии 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон назару афкори худро оид ба хидматҳои арзишманд ва натиҷаи иҷрои он ваъдаҳои Пешвои миллат, ки ин сиёсатмадори ҷавони тоҷик ҳанӯз дар рӯзҳои аввали роҳбарии худ дода буданд, ёдовар шуданд.
Воқеан ҳам, музаффариятҳои Тоҷикистони азиз то ба имрӯз бо номи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии ногусастанӣ доранд, зеро иҷрои муваффақонаи марҳилаҳои замони тайкардаи соҳибистиқлолии кишвар аз дурнамои устувори рушди иқтисоди миллӣ ва фароҳамсозии субҳи тарабафзои ин мулки аҷдодӣ мужда мерасонд.
Он ҳама ҳидояту тавсияҳои судманде, ки Пешвои миллат зимни маҷлиси тантанавӣ иброз доштанд, барои мо - кормандон ва ҳизбиёни шаҳри Душанбе ҳамчун дастури амал маҳсуб меёбанд. Маҳз ин дастуру тавсияҳои созанда моро ба сӯи фатҳи қуллаҳои нави созандагиву бунёдкориҳо дар ҷараёни давлатсозии миллӣ дилгарм намуда, муваззаф мегардонанд, ки фаъолияти ҳамарӯзаи худро баҳри таҳкими истиқлолияти давлатӣ, пойдор нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ, муборизаи беамон бурдан алайҳи ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, амсоли терроризму экстремизм, гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, хурофотпарастию таассуби динӣ ва фарҳанги бегона тақвият бахшем.
Зоир РАҲМОНЗОДА,
раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.11.2017    №: 240-241    Мутолиа карданд: 1088

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед