logo

иқтисод

ШАМСИДДИН ШОҲИН. ДИЁРИ РАНГИНТАБИАТУ ФАРҲАНГПАРВАР

Ноҳияи  Шамсиддин Шоҳин (собиқ Шӯрообод) бо табиати рангину   дилоро, хусусан чашмаю манзараҳои зебои мавзеъҳои кӯҳии Валвалак, Фурӯш,  Лангардара, Дашти Терай, Панҷ, Нилоб, Баҳорак ва Саричашма дар дилу дидаи сокинони кишвар ҷой гирифтааст. Баробари табиати нотакрору рангин ба шарофати сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он сол ба сол ободтару зеботар мегардад. Ба василаи роҳандозии барномаҳои гуногунсамт сатҳи зиндагии сокинони ноҳия низ беҳбудӣ ёфтааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 13 сентябри соли равон ҳангоми сафари навбатӣ ба ноҳия баробари ба  истифода супурдани бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  рақами 1 ва чанд иншооти истеҳсолию фарҳангӣ, қитъаи роҳи байналмилалии Шӯрообод – Шоҳонро бо дарозии 40 километр ва  10 пул, ки тӯли онҳо 1121 метрро  дар бар мегирад, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ҳамчунин,  барои азнавсозии қитъаҳои роҳи Кӯлоб - Шӯрообод, Шкев - Қалъаихумб  ва баҳри бунёди иншооти дигари таъйиноти гуногун  санги асос гузоштанд. Аз баракати чунин ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат имрӯз симои ноҳия нисбат ба солҳои пешӣ ба куллӣ дигаргун гашта, корҳои ободонӣ бо ҷӯшу хурӯш идома доранд.
Маҳз бо дастгирии Сарвари давлат маркази ноҳия, ки аз чанд бинои пастаки куҳна  иборат буд, бо қомат афрохтани иншооти наву замонавӣ ва биноҳои серошёна ободу шукуфон  гашт. Сокинон  аз гул – гулшукуфоии диёри хеш ва пешрафту муваффақиятҳои пай дар пай басо шукургузору миннатпазиранд.   Пиру барнои ноҳия  хуб огоҳанд, ки ҳама пешравиҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар  аз фазои орому босубот маншаъ мегирад, ки бо талошҳои хастанопазири Пешвои миллат дар мамлакат ба даст омадааст.  
Тӯли солҳои охир баҳри ҳалли масоили иқтисодиву иҷтимоии ноҳия, вобаста ба амалӣ намудани  лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва сарчашмаҳои дигари молиявӣ беш аз 900 миллион сомонӣ ҷудо гардид. Ҳоло барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия то соли 2020 мавриди амал қарор дорад, ки вобаста ба он татбиқи 141 лоиҳа ба маблағи 70 миллион сомонӣ ҷараён дорад. Барномаи давлатии  лоиҳаи «Рушди чорводорӣ  ва чарогоҳҳо дар давраи солҳои 2012 - 2019» дар ноҳия бо маблағи  8 миллиону 412 ҳазор сомонӣ амал менамояд, ки  раванди беҳтар гардидани сатҳи зиндагии сокинонро беҳбудӣ бахшид. 
Дар доираи  шароиту имконоти фаровон дар соҳаҳои зироаткорию чорводорӣ пешравиҳои назаррас ба вуқӯъ пайвастанд. Дар ниҳоят ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 203 миллиону 542 ҳазор сомонӣ расонда шуд. Соли равон кишоварзон аз заминҳои кишт ҳосили фаровон рӯёнданд. Маҳз натиҷаи ҳамин дастовардҳои истеҳсолист, ки нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ ба андозаи 115 фоиз иҷро гардид.
Дар  ноҳия  ба рушди соҳаи  фарҳанг – яке аз самтҳои муҳими сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар диққати  ҷиддӣ зоҳир мегардад. Пешвои миллат дар доираи  сафари навбатиашон ба ноҳия барои  бунёди қасри бошукӯҳи фарҳанг, ки арзиши корҳои сохтмонии он 8 миллиону 272 ҳазор сомониро ташкил мекунад,  санги асос гузошта, иброз намуданд, ки ин қаср бояд солҳои тӯлонӣ ба мардуми фарҳангдӯсти ин сарзамин  хизмат намояд. Ҳоло баҳри таъмини истироҳату фароғати  мардум  32 муассисаи фарҳангӣ дар хизмати шаҳрвандон қарор дорад. Барои мустаҳкам намудани ҳолати моддию техникии онҳо тадбирҳои зиёд  андешида шуданд.
Ҳамчунин, ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дорои имкониятҳои васеи сайёҳист.  Мақсад дорем, ки майдонҳои боғот, бахусус анорзорҳои мавзеи Анҷиробро васеъ карда, мамнуъгоҳи 20 ҳазоргектараи  «Даштиҷум» - ро, ки  дорои ҳайвоноту набототи нодир аст, ободтару диданибоб намоем. Барои  ҷамъоварию коркарди рустанию гиёҳҳои шифобахш ва ба ин васила рушди сайёҳии табобатӣ шароитҳои табии фаровон мавҷуд аст. Дашти  Терай  барои лижаронӣ ва шикор хеле  мусоид  буда, метавонад макони баргузории  тамрину мусобиқаҳо дар ин ҷода бошад.
Бахшҳои маорифу тандурустӣ низ дар ин гӯшаи дурдасти кишвар бо ғамхории бевоситаи Сарвари давлат рӯ ба беҳбудӣ доранд. Самари  шароитҳои фароҳамнамудаи Ҳукумати кишвар буд, ки яке аз хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагон аз фанни риёзӣ ғолиби ҷойи аввал гардида, бо медали тилло сарфароз гашт. Дар самти бунёди биноҳои нави таълимӣ дар ноҳия тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Ҳоло сохтмони 5 муассисаи таълимӣ ва 19 синфхонаи иловагӣ барои  3000 ҷойи нишаст идома дорад.
Дар бахши тандурустӣ бошад, давоми соли равон аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ  5 бунгоҳи тиббӣ, як беморхонаи қитъавӣ  ва 2 маркази саломатӣ мавриди истифода қарор дода шуда, таъмиру барқарорсозии як беморхонаи рақамӣ идома дорад. Имрӯзҳо дар ҳудуди ноҳия 40 муассисаи тиббӣ, баҳри ҳифзи сиҳатии аҳолӣ, фаъолият менамояд, вале,  мутаассифона,  дар онҳо қариб 20 табиби касбӣ  намерасад.
Воқеан, баланд парвоз кардану баланд ошён мондан хоси шоҳин аст. Мо азм дорем, ки аз канданиҳои фоиданоки фаровони табиати диёр босамар истифода барем ва фаъолияти корхонаҳои коркарди тиллову ангиштро  суръат бахшида,  ба рушди иқтисодиёти ноҳия иқтидорҳои навро зам намоем. Сокинони ватанпарвару заҳматдӯсти ноҳияи баландкӯҳ нақша доранд, ки бо амалҳои садоқатмандона ба миллату давлати хеш ва корҳои созандагию бунёдкорӣ ин номи баландро арзанда бошанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.11.2017    №: 240-241    Мутолиа карданд: 853

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед