logo

сиёсат

ДАР ДИЛУ ДИДА

Роҳбари оқилу донишманд аз уҳдаи сарварии ҳама гуна вазифа бе мамоният баромада метавонад ва дар дилу дидаи мардум ба зудӣ роҳ меёбад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарест оқил, бохирад, дурандеш ва Пешвоест ҳамеша дар фикри ободкорию созандагӣ ва рӯзгори бофароғату ором ва осудагии мардум. Шиори ӯ танҳо некӣ кардан, ҷавононро таълиму тарбияи хуб додан, дасти барҷомондагонро гирифтан, дарахтеро сабзондан, Ватанро обод кардан аст.
Дар Ватани азизи мо имрӯзҳо ба куҷое, ки назар афканӣ, ободкорию созандагиро мебинӣ, ки ин ҳама гувоҳ аз оромии Тоҷикистони азиз аст. Сохтмони роҳҳо, пулҳо, биноҳои замонавӣ, пешравии илму техника, сохтмони неругоҳи азим, мактабҳои усули нав, гулу гулпарварӣ, кабудизоркунӣ, ниҳолпарварӣ, хулоса дар тамоми ҷабҳа саҳми босазои Пешвои миллати мо назаррас аст.   
Пеш аз ҳама маориф, ки яке аз соҳаҳои бонуфузи мамлакат маҳсуб меёбад, диққати Пешвои миллатро ба худ кашид. Дар Паёми худ аз 23 январи соли 2015 таъкид доштанд: «Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст. Яъне, омӯзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, нақши асосӣ дорад ва ҳамчун роҳнамои маънавӣ барои ба камол расондани насли шоистаи даврон масъул аст».  
Ҷавонон неруи созанда ва ояндасози давлат маҳсуб меёбанд. Аз ин ҷиҳат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон таваҷҷуҳи хос доранд ва онҳоро доимо дар ҳама гуна вазъият дастгирӣ менамоянд. Ин аст, ки барои таълиму тадриси насли наврас ва ҷавонон ҳамаи шароитҳоро дар мактабҳо ва марказҳои забономӯзӣ муҳайё сохта, баҳри саводнок гардидани онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Баҳри ҳавасмандии толибилмон ва ба хондан рӯ овардани онҳо Квотаи президентиро таъсис доданд, ки ин рӯҳияи ҷавононро баланд бардошт ва сафи гирандагони квота дар байни духтарон зиёд гардид. Стипендияи президентӣ барои хонандагону донишҷӯёни лаёқатманд низ  таъсис дода шуд. Ин иқдомҳо ҷавононро ба хондан дилгарм сохт ва онҳо эҳсос карданд, ки Пешвое доранд, ки дар ҳама вазъият ва дар ҳама ҳолат пуштибону дастгири онҳост.
Пас, моро лозим меояд, ки дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои  муаззами миллат ҷамъ омада, баҳри ободию шукуфоӣ ва сарсабзии ин меҳани ҷаннатосо беш аз пеш хизмат кунем ва фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, дӯст доштану ҳифз намудани  марзу буми сарзамини хеш тарбия намоем.
З. ХОЛИҚОВА,
номзади илмҳои филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.11.2017    №: 240-241    Мутолиа карданд: 998

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед