logo

сиёсат

ДИРАФШИ КОВАЁНӢ. АЗ ГУЗАШТА ТО ИМРӮЗ

Парчам, дирафш (арабиаш ливо) дар ҳама давру замон рамзи давлати миллӣ дониста шудааст.
Пайдоиши парчамҳо реша дар гузаштаҳои дури фаротаърихӣ дорад. Дар мавриди пайдоиши парчам пажӯҳишгарони илми парчамшиносӣ (вексюкологҳои) русиву аврупоӣ таваҷҷуҳи алоқамандони таърихро ба Юнони бостон ҷалб карда, нахустин парчами аз матоъ таҳияшударо ба сарлашкари юнониён Фемистокл ба соли 480 пеш аз милод нисбат доданӣ шуда, аз саҳми ниёкони мо дар парчамдорӣ ёдкардеро зарур надонистаанд. Аммо китобхондагон огоҳанд, ки пайдоиши парчам реша дар таърихи беш аз шашунимҳазорсолаи давлатдории тоҷикону эронитаборон дорад.
Дар осори гузаштаи дури тоҷикон аз арҷгузорӣ ба Дирафши коваёнӣ суханҳои ҷолиб гуфта шудааст. Аз ҷумла, дар «Авасто» чунин матнҳое ҷой доранд: «Фурӯҳарҳои некутавони поку муқаддасро меситоям, ки лашкари бешумор биороянд ва силоҳи ба камар баста бо дирафшҳои барафроштаи дурахшон».
Ва ё: «Фурӯҳарҳои Соми Гаршосбро меситоям, ки барои душманон бозувони қавӣ дорад ва бо санги фароху бо дирафшҳои паҳн, бо дирафшҳои кушудаву сарафроз барои муқовимат кардан дар баробари роҳзанони вайронкунанда ва ҳавлнок мебошад».
Дар «Таърихи Табарӣ» навишта шудааст, ки «Дирафши коваёнӣ аз пӯсти шер буд ва подшоҳон онро ба зевар биёростанд ва зару симу гавҳар бар он пӯшонданд. Онро ахтари коваёнӣ низ меномиданд».
Фирдавсии бузургвор пешинаи Дирафши коваёниро бо назардошти нахустин шоҳаншоҳии эронитаборон 6600 сол (дар замони пешдодиёну каёниён) хондааст.
Ба бори нахуст таърихи пайдоиши Дирафши коваёнӣ дар «Шоҳнома» - и Ҳаким Фирдавсӣ бозтоб гардидааст. Кова пешбанди чармини оҳангарии худро ба найза баста, бармеошӯбад ва он дирафши қиёми мардум зидди ишғолгарон мегардад. Ба ҳангоме ки Кова ба назди Фаридун меравад ва шоҳ пӯстини ба найза барбастаро мебинад, бо гавҳари дурахшон ва дебои (матои нафиси) Рум онро меорояд:
Биёрост онро бо дебои Рум,
Зи гавҳар бар ӯ пайкару зар-ш бум.

Дирафши коваёнӣ ҳамеша рамзи шаъну шарафи миллияти тоҷикону эронитаборон буд ва парчамбардор будани радони сарбаланди корзорҳо мояи пойдории давлат ва ифтихори онҳо будааст.
Чанд нуктаи парчамдориеро, ки имрӯз давлатдорону сипаҳбадони ҷаҳон онро риоя мекунанд, ҳанӯз Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» - и ҷовидонии худ бозтоб намудааст ва он нуктаҳо бечунучаро аз пешинаи фаротаърихии пайдоиши дирафш ва ойини парчамдорӣ гувоҳи гӯё мебошанд.
Дар аҳди бостон аз даст додани дирафши миллӣ нангбору бешарафӣ арзёбӣ мегаштааст. Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» лаҳзаҳои ҷолиби пурэҳсоси арҷгузорӣ ва ҷоннисории радону диловарсаронро, ба ҳангоми наҷоти парчами миллӣ, бо як маҳорати устодона бозтоб намудааст.
Ончуноне ба ҳангоми набарди хунин бо душманон родмарди озодае бо номи Гиромӣ мебинад, ки парчамбардор кушта шуда, «дирафши ҳумоюн пур аз хоку хун» нагун аст, худро дар яки он ба корзор расонда, дирафшро бармеафрозад ва бо як даст шамшеру дигар дирафш, бо бегонагони ҳамлавар меразмад:
Ба як даст шамшеру дигар дирафш,
Бигирад бад-он ҷо дирафши бунафш.

Душманон ҳамла оварда, дар набарди нобаробар дасти Гиромиро бо шамшер мебуранд. Аммо Гиромӣ бо дандон дирафшро дошта, ба разми диловаронааш идома медиҳад:
Гиромӣ ба дандон бигирад дирафш,
Бидорад ба дандон дирафши бунафш.

Душманон ба ғазаб омада, аз дур вайро бо тир меафкананд. Ин лаҳзаро родмарди озода Настӯҳ пури Зарир дида аспашро ба пеш меронад ва шаст тан аз душманони дар гирди дирафш гирдомадаро кушта, дирафшро аз замин бармедорад. Ҷолиб он аст, ки чунин саҳнаи пурэҳсоси офаридаи Ҳакими Тӯсро синамогарони шӯравиву аврупоӣ, пас аз 1000 сол дар бозтоби саҳнаҳои қаҳрамониҳои Ҷанги дувуми ҷаҳон (солҳои 1939 – 1945) борҳо такрор кардаанд.
Бузургону сипаҳбадони гузаштаи мо, ҳар кадоме дирафшҳои вижае доштанд, ки рӯяшон намодҳое тарсим гашта, аз рӯи онҳо тафовути як сипоҳ аз сипоҳи дигар муайян мегардид. Чунин дирафшҳои вижаро, пас аз солиёни дароз дар Аврупо ба унвони «штандарт» ҷорӣ намуда буданд.
Намоди Дирафши коваёниро мо дар дирафш, ё ба гуфтаи аврупоиён, штандарти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебинем, ки куҳантарин парчами ҷаҳонӣ мебошад ва бо дасти оммаи мардум барафрошта шудааст.
Ин парчам барои озодии сарзамини тоҷикон аз дасти бегонагони ҳамлавар барпо гардида, нишони ғуруру сарбаландии миллати тоҷик, намоди сипос аз гузаштагони сарбаланди кишварамон, якпорчагӣ ва иттиҳоди қавмҳои гуногуни мамлакат аст.
Воқеан, яке аз вижагиҳои парчамдории тоҷикон дар он аст, ки гузаштагони дури мо нахустин буданд, ки дар парчами давлатдории худ нақши се ранги рамздорро тарсим карда буданд. Чуноне Ҳаким Фирдавсӣ овардааст:
Фурӯ гашт з - ӯ сурху зарду бунафш,
Ҳаме хондаш «Коваёни дирафш».
Имрӯз дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Русия парчами серанга («триколор») машҳур аст. Шумори зиёди халқиятҳои рӯи замин рангҳои вижаеро пазируфта, онҳоро рамзи миллату давлати худ гуморидаанд. Чуноне ки давлати Фаронса рангҳои сурху сафеду обӣ, Италия -  сабзу сафеду сурх, Австрия ва Канада -  сурху сафеду сурх, Русия – сафеду обиву сурх, Нидерланд – сурху сафеду обӣ ва монади он.
Дирафши коваёнӣ шӯрбахтона бар асари тозиши ваҳшиёнаи тозиён ба замин афтод ва то расидан ба Истиқлолияти давлатӣ, беҳтараш бояд гуфт то Иҷлосияи сарнавишстсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанд рӯз пеш 25 - солагии он бо як тантанаи бошукӯҳ арҷгузорӣ шуд, дигар барафрошта нагашт. Дар бораи сарнагунии Дирафши коваёнӣ ва арзиши он Балъамӣ навиштааст: «Чун тозиён хазинаи мулуки Аҷам ғорат карданд, он дирафш пеши сарвари онҳо бимонд. Пас фармуд, то он гавҳарҳо бикшоянд ва он пӯст бисӯхтанд».
Расми дигаре, ки дар он замони бостон ривоҷ доштааст, ба мерос гузоштани дирафши шоҳону сипаҳсолорон ва ба рағми пайгирӣ аз корномаҳои онҳо ғолибан шоҳ дирафши меросиро бӯсида, ботантана ба сипаҳбади шоиста месупорид. Ҳамон гуна  ки дар «Шоҳнома» омадааст, шоҳ Ҳурмуз дирафши аждаҳопайкари Рустамро пеш аз супоридан ба Баҳроми Чӯбин, бо як шукӯҳи вижа мебӯсад:
Биёвард пас шаҳриёрӣ дирафш,
Куҷо пайкари аждаҳо буд бунафш,
Чу бибсуд, хандон ба Баҳром бидод,
Фаровон бар ӯ офарин кард ёд.

Ончуноне аз наворҳои телевизионии Иҷлосияи сарнавишстсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лаҳзаҳои арҷгузории Парчами миллиро бо як эҳсосоти фарогир тамошо кардем, Сарвари ҷавони кишвари рӯ ба озодиву осоиштагӣ оварда, ҳамчун давомдиҳандаи мероси ҳазорсолаҳои тоҷикон дар назди омма ба рағми садоқату вафодорӣ, парчами ба тозагӣ офаридаи давлати навини тоҷиконро бӯсида буд.
Таърихи парчамдорӣ баёнгари он аст, ки ниёкони сарбаланди мо шаъну шарафи Дирафши коваёниро чи дар дохили кишвар, чи дар набардҳои сарнавиштсоз нигаҳбонӣ кардаанд. Акнун, ки давлати худро аз нав барқарор кардаем ва Дирафши коваёнӣ дубора барафрошта аст, моро мебояд ба арзишҳои миллии худ арҷгузорӣ карда, барои ба абад болидаву парафшон будани дирафши миллӣ, тану ҷон дареғ надорем.
      
Зафар МИРЗОЁН,
мушовири ректори Донишгоҳи
давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.11.2017    №: 242    Мутолиа карданд: 901

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед