logo

иҷтимоиёт

ВМКБ. АЗ ТАҲДИДИ ГУРГОН ПЕШГИРӢ МЕБОЯД

Арабшо Ниёзбеков, корманди муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои  автомобилгарди ноҳия, аз ҳамлаи гургон ҷароҳат бардошта, як ҳафта  боз дар беморхонаи марказии ноҳия, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти  Нав-обод табобат мегирад. Ӯ ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ ва корҳои  таъмирӣ дар қитъаи роҳи мавзеи Тағарқақӣ ба ҳамлаи ногаҳонии галаи  гургон дучор шуда, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштааст. Ба  гуфтаи А. Ниёзбеков, агар ронандаи мошини «Дулан» сари вақт ба ҷои  ҳодиса намерасиду кумаки фаврӣ намерасонд, шояд ӯ наҷот намеёфт.
Мутаассифона, қазияи бо Арабшо рухдода тайи солҳои охир дар  ҳудуди вилоят, бахусус ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа, Ишкошиму  Рӯшон ва Мурғоб, бори аввал нест. Тавре иттилоъ дорем, баҳори имсол дар деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон кӯдаке тӯъмаи гург шуда буд. Айни ҳамин ҳолат тайи ду соли охир дар деҳоти Навобод ва Баҷу зиёд ба вуҷуд омада, ба аҳолӣ зарари ҷисмонию равонӣ расонд. Ҳатто гург  ба манзили истиқоматии шаҳрванд Саидюсуф Маҳмадюнусов  даромада, ба аҳли оилааш ҳамла намуд. Саидюсуф ва ҳамсараш бо  азоби зиёд гургро аз хона пеш карданд, вале хатари ба ҳар хона  даромаданаш боқӣ монд.
10 ноябри соли равон галаи гургон дар водии Булункӯли ноҳияи Мурғоб  ба подаи қутоси Мизробшо Салимов, зодаи ноҳияи Ишкошим, ҳамла  намуда, якбора 3 қутосро пора - пора карданд. Мизробшо Салимов, гуфт, ки ин гурӯҳи гургон хусусияти дигар доранд. Онҳо дар як гала 20  сар ва аз он ҳам зиёдтар ҷамъ омада, шабу рӯз дар шикоранд ва аз равшанӣ тарс надоранд.
Ба нақли Арабшо Ниёзбеков ҳоло галаи гургонро дар деҳоти баландкӯҳи Булункӯлу Аличур, Ҷавшангозу Лангар ва маҳаллаҳои аҳолинишин низ дучор шудан мумкин аст. Мутаассифона, дар деҳот ва  чарогоҳҳо милтиқи оддитарине нест, ки одамон ба тарафашон тир холӣ  кунанд. Аз ин ҳисоб чорводорони чарогоҳҳои зимистонаи Ҷавшангози ноҳияи Роштқалъа, Куйтезак, Тағарқақии ноҳияи Шуғнон, Булункӯлу Шиштебии Мурғоб, деҳоти Лангару Вранги Ишкошим, Баджу ва Хуфи  ноҳияи Рӯшон ва Ванҷи болою водии Сағирдашт ҳамасола зарари калон  мебинанд. Чунин мисолҳоро аз ҳаёти мардуми деҳоти навоҳии  номбурдаи вилоят бисёр овардан мумкин аст. Аммо дар самти пешгирии  ин ҳолати ногувор, ки мӯҷиби талафоти ҷони одамон ва чорвои онҳо гаштааст, аз ҷониби масъулон дар вилоят чораи назаррасе ба мушоҳида  намерасад. Сол ба сол саршумори гургон дар деҳоти вилоят зиёд гардида, ба мардум зиёни бештар расонда истодаанд. Аҳли деҳот, бахусус чорводорони деҳоти баландкӯҳи вилоят умед бар он доранд, ки   дар самти назорати ҳайвоноти ваҳшӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва талафоти молии  хоҷагиҳои чорводории кишвар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва сохторҳои дигари марбута чорае хоҳанд андешид ё хайр?  
Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.11.2017    №: 243    Мутолиа карданд: 753

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед