иқтисод
РАШТ БАРОИ ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ ОМОДА АСТ
Ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия дар доираи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2017, № 177 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017 – 2018» имсол барои зимистонгузаронӣ омодагии ҷиддӣ гирифтаанд.
Раҳимҷон Набиев, муовини якуми раиси ноҳия, сардори ситод оид ба зимистонгузаронӣ, изҳор дошт, ки аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахши соҳаҳои буҷетӣ дар мавсими сармои солҳои 2017 - 2018 ҷиҳати хариди маводи сӯхт беш аз 1 миллиону 923 ҳазор ва барои барқарорсозии биною иншоот қариб 1 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.
Фаъолияти ду кони истихроҷи ангишт - «Назар айлоқ» ва ҶДММ «Камароб» дар минтақа ба таъмини саривақтии аҳолӣ бо ин маҳсулот мусоидат намуд. Иҷрои таъминоти сокинон бо ангишт дар ноҳия 100 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Ҳоло дар ноҳия барои фурӯши ангишт 10 нуқта, маводи сӯзишворӣ 22 ва гази моеъ 7 нуқта бо реҷаи шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд.
Дар шабакаҳои барқи ноҳия бошад, корҳои таъмиру барқароркунӣ барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 пурра иҷро гардид. Масъулони муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия дар ҷодаҳои маҳаллию ҷумҳуриявии ҳудуди ноҳия қариб 800 метри мукааб маводи зидди лағжиш захира намуда, техникаҳои сершуморро барои фаъолияти самарабахш дар мавсими сармо дар ҳолати хуби техникӣ омода намуданд.
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.11.2017 №: 243 Мутолиа карданд: 684